Роҳбарони се давлат барои саҳми бузурги шахсӣ дар таҳкими сулҳ ва амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ сазовори ин мукофоти бонуфуз гардиданд.
Дар доираи сафари корӣ ба Федератсияи Русия, дар Консерваторияи давлатии Санкт-Петербург ба номи Н.А.Римский-Корсаков маросими супоридани Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.
Дар ҳузури Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ҷоизаи байналмилалиро раиси ҳайати он, роҳбари бадеӣ ва директори генералии Театри Мариинский, инчунин директори генералии Театри калони Русия, дирижёр Валерий Гергиев супорид.
Роҳбарони се давлат барои саҳми бузурги шахсӣ дар таҳкими сулҳ ва амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ сазовори ин мукофоти бонуфуз гардиданд.
Дар қарори ҳайати ҳакамон таъкид гардидааст, ки 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд роҳбарони се давлат Шартнома дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатӣ ва Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадиро имзо карданд ва бо ин амали худ дар таъмини амнияти умумӣ ва баробар, бар пояи устувории ҳуқуқи байналмилалӣ, инчунин таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байни халқҳо саҳми назаррас гузоштанд.
Таъкид шуд, ки ин мукофот ифодаи садоқат ба арзишҳои инсонпарварона буда, эътирофи саҳми умумӣ дар роҳи табдил додани Осиёи Марказӣ ба макони сулҳ, шукуфоӣ ва созандагӣ мебошад. Қайд гардид, ки боз шудани саҳифаи нав дар муносибатҳои байни Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон натиҷаи иродаи сиёсӣ, эътимоди мутақобил ва талош ба ҳамсоягии неки халқҳои се кишвар аст.