Дар Донишкадаи санъати мусиқии миллии Ӯзбекистон ба номи Юнус Раҷабӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти мавзӯи «Дурнамои мусиқишиносии муосир дар раванди ҷаҳонишавӣ» баргузор гардид.
Дар ин анҷуман, ки бо ҳамкории Вазорати таълими олӣ, илм ва инноватсия ва Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон баргузор шуд, мусиқишиносони Тоҷикистон ва Озарбойҷон низ иштирок карданд.
Дар чорабинӣ аҳамияти байналмилалии мероси илмии мусиқишинос Файзулло Кароматов, дурнамои мусиқишиносӣ ва мусиқишиносии муосир баррасӣ гардид.
– Анҷумани имрӯзаи мо ба муносибати садсолагии Арбоби шоистаи илми Ӯзбекистон, дорандаи ордени «Эл-юрт ҳурмати», доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Файзулло Кароматов, ки дар рушди соҳаҳои илми мусиқишиносӣ, фолклоршиносӣ ва этномусиқишиносӣ саҳми беандоза гузоштааст, баргузор мегардад, — гуфт ректори Институти санъати мусиқии миллии Ӯзбекистон Элдор Шерманов. — Маҳз бо хидматҳои ҳамин шахс садҳо оҳанг ва сурудҳои мардумӣ, ки намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ ба шумор мераванд, сабт ва аз ҷиҳати илмӣ таҳқиқ карда шуданд. Маҷмӯи нотаҳои Шашмақом, ки аз ҷониби Юнус Раҷабӣ нотагузорӣ шудаанд, низ таҳти таҳрир ва роҳбарии Ф. Кароматов нашр шуданд.
Имрӯз рақамикунонӣ дар ҳама соҳаҳо босуръат татбиқ мегардад. Тибқи маълумоти соли 2024, рақамикунонии асарҳои мусиқӣ дар саросари ҷаҳон 60 фоизро ташкил додааст. Табиист, корҳое, ки дар ин самт дар кишвари мо амалӣ мегарданд, мусбат арзёбӣ намешаванд, масалан, мо метавонем тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо оиди 10 фоиз аз 34 нафар ҳофизони халқ, ки имрӯз ҳам бо эҷод машғул ҳастанд, маълумоти пурра ба даст оварем.
Оҳангсоз Рустам Абдуллоев дар бораи мушкилоти тайёр кардани кадрҳо дар соҳаи мусиқӣ ва ба сатҳи байналхалқӣ баровардани онҳо ҳарф зад.
— Бузургии баъзе шахсон бо мурури замон эҳсос мешавад, — гуфт Р. Абдуллоев, — Файзулло Кароматов қариб ба ҳамаи мавзеъҳои кишварамон сафар карда, “Шашмақом”, “Сувораҳои Хоразм” ва сурудҳои зиёди мардумиро ҷамъоварӣ намуда, ба онҳо умри дубора бахшид. Дар симпозиум ва конфронсҳои байналхалқие, ки дар Италия, Англия, Русия, Полша, Олмон баргузор мегардид, иштирок намуда, бо мусиқишиносони ҷаҳон аз наздик шинос мешуд, таҷриба меомӯхт.
Ҳоло дар саросари кишварамон 321 мактаби мусиқӣ фаъолият мекунад. Мушкилии мо ба кадрҳое, ки онҳоро таълим медиҳанд, вобаста аст, аз ҷумла, мутахассисони мусиқии классикӣ ва таърихи он ангуштшуморанд...
Боз як масъалаи дигар, мардум бояд тафовути байни санъати касбӣ ва ҳаваскориро донанд: санъати ҳаваскорӣ ба осонӣ инкишоф меёбад, ҳадафи асосии мо рушди навъи санъати касбӣ мебошад.
— Падари ман дар оилаи хушбахт таваллуд шудаанд, — гуфт духтари Файзулло Кароматов, доктори фалсафа оид ба фанҳои санъатшиносӣ Дилором Кароматова, — ҳарчанде ки солҳои 30-40-уми асри гузашта аз ҷиҳати иқтисодӣ солҳои вазнин буданд, бо дастгирии падару модар аввал навохтани ғиҷҷак, баъд скрипкаро омӯхтанд. Дар солҳои аввали Ҷанги дуюми ҷаҳон ба Тошканд омада, аз мусиқишинос ва бастакорони номӣ В. Успенский, В. Беляев ва Ю. Тюлин сабақ гирифтанд.
— Ҳангоми оғози фаъолияти илмии худ дар бораи танбӯр дониши кофӣ надоштам, — гуфт яке аз шогирдони тоҷикистонии Файзулло Кароматов, номзади илмҳои санъатшиносӣ Абдувалӣ Абдурашидов, – аммо, таҳти роҳбарии устод Файзулло Кароматов пас аз 15 сол кори илмии худро доир ба танбӯр ҳимоя кардам. Баъдтар мо бо устод дар Душанбе Академияи мақомро таъсис додем.
Гуфта шуд, ки Ф. Кароматов дар саросари кишвари мо ва Осиёи Марказӣ ба беш аз 30 экспедитсияи мусиқишиносӣ сарварӣ намудааст. Соли 1972 бо сарварии ӯ дар Консерваторияи давлатии Тошканд аввал кафедра ва дертар дар заминаи ин кафедра факултаи мусиқии Шарқ ташкил гардидааст ва ҳамин тавр заминаи илми мусиқишиносии миллӣ гузошта шудааст.
Таҳти роҳбари илмии Кароматов шогирдон аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Русия, Бошқирдистон тарбия ёфтаанд. Саҳми Ф. Кароматов дар ташаккулёбии мусиқишиносони номии Тоҷикистон Аскаралӣ Раҷабзода, Аслиддин Низомов, Фароғат Азизӣ, Абдувалӣ Абдурашидов, Баҳринисо Қобилова зиёд аст.
Рисолаҳои ӯ дар ИМА, Олмон, Полша, Руминия, Ҷопон, Туркия, Булғория ва чандин кишварҳои олам ба табъ расидаанд. Зери роҳбарии ӯ 30 нафар рисолаи номзадӣ ва 9 нафар рисолаи санъатшиносиро дифоъ намудаанд.
Набия Нодирова,
хабарнигори “Овози тоҷик”.