Ёд бодо ҳама он хотираҳо

Овозхони нотакрор Ҷӯрабек Муродов дар солҳои ҳафтодуми қарни сипаришуда зуд-зуд ба шаҳри Хуҷанд меомад. Тавре ба назар мерасид, ҳаводорони савту суруди ҷонбахш ва диловези ӯ дар ин шаҳр боз ҳам зиёдтар.

Тамошои барномаҳои мусиқӣ бо иштироки ӯ дар толорҳои консертӣ осон намекӯчид. Билет намерасид.

Боре бо мақсади дар доираи васеъ ташкил намудани чорабинии маданӣ бо ширкати ҳофизи номвар роҳбарони шаҳр қарор карданд консерти калон дар стадиони марказӣ, ки он вақт «Спартак» ном дошт, ташкил карда шавад. Шояд фикр карданд ҷой, ки васеъ ҳар касе, ки хоҳад дар курсиҳои чандқабатаи стадион баҳузур нишаста, консерт тамошо карданаш мумкин. Дарҳо боз, даромадан бепул. Шояд ба хаёли касе наомада буд, ки мабодо тамошобини аз меъёр зиёд ҷамъ шавад, ногуворӣ рӯй намедиҳад?

Мо, як гурӯҳ донишҷӯён, чанд соат пештар аз оғози консерт аз қатори пеш ҷой гирифтем. Барнома дар соате, ки эълон шуда буд, оғоз ёфт. Тамоми ҷойҳои нишаст аллакай аз тамошобинҳо пур. Вале ба стадион воридшавии одамон ҳанӯз давом мекард. Дермондаҳо маҷбур буданд рост истода консерт тамошо кунанд.

Сарояндагони маҳаллӣ, ҳамчунин чанд овозхон аз Душанбе суруд хонданд. Раққоса ва ширинкорон табъи ҳозиронро хуш гардонданд. Акнун ҳама нигарони баромади Ҷӯрабек Муродов. Як маҳал стадион ончунон аз одам пур шуд, ки ба қавли маъруф, ҷои сӯзанпартоӣ нест. Вале мавҷи воридшавӣ ҳамчунон идома менамуд. Атрофи саҳна низ аз тамошобин пур. Якдигарро теладиҳӣ ва бетартибӣ ба назар мерасид.

Ҳунарпешаи мардумӣ Ғаффор Валаматзода барандагӣ мекард. Аз вазъияти баамаломада мушаввашии ӯ эҳсос мегашт. Дар ҳолати ҳаяҷон вай ба мардум муроҷиат мекард: «Ҳамшаҳрҳо, ба тартиб риоя кунед!»

Вале ҳар кас ҳаракат мекард аз наздиктари саҳна ҷой пайдо кунад. Мо  хаёл доштем, ҳамин ки Муродов ба саҳна баромад, ҳама ором мешаванд. Вале ин тавр нашуд. Вақте навбати ӯ расид ва баранда номашро ба забон овард, стадион, хаёле ҷунбид. Вақте намудор гашт, ҳаёҳу ва нидоҳои шавқбахш атрофро фаро гирифт. Дар зери кафкӯбиҳои пурмавҷ вай ба саҳна баромад. Ҳамин тавр, лаҳзае, ки ҳама бо дили беқарор нигарон буданд, фаро расид. Ҳофиз ба сурудхонӣ сар кард:

Тоҷикистон тӯй дорад дӯстонро интизор,

Бӯстон себаргаву оби равонро интизор...

Издиҳом, ба як тарзи воҳимаангез, ҳанӯз ворид ва якдигарро теладиҳиҳо давом мекард. Ҳис мегашт нафарони  зиёде, ки атрофи саҳнаро печондаанд, шояд аз ноилоҷӣ, ба ҳунарварон халал мерасонанд.

Ҷ. Муродов аз сурудан, баъди чаҳор сатр, бозистод. Валаматзода микрофонро ба даст гирифт: «Ҳамшаҳрҳо!»

Вале бефоида... Дид, ки намешавад, Муродов аз саҳна фуромад. Чанд муҳофизи тартибот ӯро аз стадион бароварданд. Консерт, ҳамин тавр, вайрон шуд.

Он воқеаро фаромӯш карда наметавонам. Дида мешуд, ки одамон бо як таассуроти нохуш стадионро тарк мекунанд, охир, умедашон барбод рафт, аз консерти Муродов баҳравар шуда натавонистанд. Вале тангии ҷой сабабгор буд ба ин, хеле сершумории ҳаводорони овозхони номвар.

Баъди соҳиби унвони фахрии баланд – Артисти халқии СССР шудан Ҷӯрабек Муродов дар театри мазҳакавӣ-мусиқии шаҳр, ки номи Пушкинро дошт (алъон ба номи Камоли Хуҷандӣ) чанд рӯз консерт дод. Вале ману рафиқонам даромада натавонистем. Илоҷи ба кассаи театр наздик шудан набуд. Баъдтар мушкили мо, донишҷӯёнро Худо осон кард. Муродов дар ҳамин театр барои донишҷӯён махсус консерт оид намуд. Ройгон. Ҳамон вақт ҳис карда будем вай чӣ тавр даст ва дили кушод дорад.

Ҳофиз дар фуроварди ҳар суруд хотираҳои давраи студентиашро нақл менамуд. Латифаҳо мегуфт доир ба лаҳзаҳои ҳаёти донишҷӯӣ. Ҳамаро механдонд.

Вай соли 1962 факултаи таълими ибтидои ИДПЛ (феълан Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров)-ро хатм намудааст. Дар чорабинӣ устодоне ҳам ба сухан баромаданд, ки ба Ҷ. Муродов дарс дода буданд. Нағз дар хотирам, муаллими фанни адабиёти мо Ваҳҳобов (ҷояшон ҷаннат бод) дар бораи овозхон ҳарфҳои муҳаббатомез заданд. Гуфтанд: «Ҷӯрабекҷон аз беҳтарин донишҷӯйҳо буданд, ба баҳои аъло мехонданд». Баъди он риштаи суханро Муродов ба даст гирифт. «Аз ситоиши устод сарам ба осмон расид. Ман ончунон «аълохон» будам, ки стипендия намедоданд. Баъзеҳо стипендияи аъло, бархе стипендияи Ленинӣ гиранд, яъне «Ленинский», ман институтро танҳо бо стипендияи «Муродский» тамом кардаам».

Якборра толорро ханда фаро гирифт.

Яке мӯйсафеди лоғарандоме намудор гашт, нафаре ӯро рост ба ҷониби саҳна бурд. «Падари Ҷурабек» – гуфт кадоме аз ҳамроҳони мо. Ҳақиқатан ҳамин тавр будааст. Ҳофиз пешвоз баромад, якдигарро ба оғӯш кашиданд, ӯро ба ҳозирин шинос намуд, дар як кунҷи саҳна нишонд ва рубоб ба даст гирифт, суруди «Падарҷон» (шеъри Лоҳутӣ)-ро хонд. Мехонд ва ҳар замон ба мӯйсафед бо камоли эҳтиром таъзим мекард.

Доир ба ҳаёт ва фаъолияти овозхони забардаст синамогарони тоҷик ду телефилм офаридаанд: «Ҳофизи мо» (1979, коргардон А. Қуддусов), «Торҳои дил» (1980, коргардон Л. Налоев).

Яке аз ин телефилмҳо дар колхози ба номи Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Хуҷанд ба навор бардошта шудааст. Дар ҷараён ман ҳам иштирок карда будам. Чӣ қадар одамони зиёд ғун омада буданд, нағз дар хотирам. Фонограмма истифода мегашт – садои мавсуф аз магнитофон ба атроф паҳн мешуду вай лаб меҷунбонд. Кадоме овоз баланд кард: «Магнитофонро доим мешунавем. Шумо хонед!»

Ҳофиз сухани ҳаводори худро беэътибор нагузошт: «Киночиҳо корро тамом кунанд, албатта мехонам».

Баъди навор консерти воқеӣ баргузор гашт.

Кайфияти ҳама аъло.

Дар ҷойи истодааш: «Дили модар» шавад!», таклиф кард кадоме. Муродов гуфт: «Ҷонам фидо!»

Вай, чун ҳамешагӣ, ҳам суруд мехонд, ҳам бо нақлҳои кӯтоҳи шавқбахш табъи умумро хуштар мегардонд.

Вақти иҷрои суруди «Кокул» (шеъри Б. Раҳимзода) ба назди яке аз созандагон, ки мӯйи сарашро тоза тарошида буд, мерафт ва бо даст ба сари ӯ ишора месохту мехонд: «Илтиҷо дорам, ки мӯятро мабур...»

Халқ ба завқ меомад, кафкӯбиҳо то дер давом мекард.

Дар солҳои ҳаштодум «Ҷӯрабеки Мурод мехонад» ном шеъри ман дар «Ҳақиқати Ӯзбекистон» («Овози тоҷик»-и имрӯз) чоп шуд. Баъдтар ин шеърро «Совет Ӯзбекистони» ҳамроҳ бо як шеъри дигарам ба табъ расонд. Шеърҳоро устод Ҷонибек Қувноқ ба ӯзбекӣ баргардонда буд, вале аз чӣ бошад, дар рӯзнома номи мутарҷим зикр наёфта.

Дар диёри фасонаҳо моро

Гӯиё Шаҳрзод мехонад.

Дар диёри таронаҳо вақте

Ҷӯрабеки Мурод мехонад.

Нигаред, устод Ҷонибек шеърро чӣ тавр ҳунарварона ба ӯзбекӣ гардондааст:

Афсоналар ӯлкаси томон

Чорлаб турар гӯё Шаҳризод

Тароналар диёри аро

Куйлаганда Жӯрабек Мурод.

 

Ошиқ булбул ошифтаю лол,

Қӯшиқ бошлар гулни этиб ёд.

Тин олар лек, булбул мисоли

Куйлаганда Жӯрабек Мурод.

 

Нола қилса юрак-юракдан,

Тошбағир ҳам этади фарёд.

Тоғу тош ҳам эрийди, ҳатто

Куйлаганда Жӯрабек Мурод.

 

Дардимизни шарҳ этар гӯё,

Не кӯйларга тушар одамзод.

Дард ҳам гарддек тӯкилар бир зум,

Куйлаганда Жӯрабек Мурод.

 

Ғамга мотам келтирар гоҳи,

(Ғам кӯрмасин!)

Дилни этар шод.

Кафт очарлар дуога онам,

Куйлаганда Жӯрабек Мурод.

Умри овозхони бузург ва таронаҳои дилангези ӯ дароз бод.

Муҳаммадҷон Шодиев.

Тошканд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: