Ходимони прокуратура ва Хадамоти амнияти давлатӣ бар асари пиёда кардани як амалиёт мутахассиси идораи кадастрро боздошт карданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар медиҳад, дар амалиёт мутахассиси филиали ноҳияи Олтиариқи корхонаи давлатии «Идоракунии замин ва кадастри амволи ғайриманқул» ва чанд нафари дигар боздошт шудаанд. Онҳо аз як соҳибкори маҳаллӣ 30 ҳазор доллари амрикоӣ тамаъ карданд.
Гуфта мешавад, ки ин пул барои қарори ҳокими ноҳия дар бораи ҷудо кардани 5 гектар замин талаб карда шудааст, ки машғули боғпарварӣ шавад. Корманди кадастр ва афроди дигар ҳангоми гирифтани 22 ҳазор доллар ва 28,5 миллион сӯм боздошт шуданд.
Бино ба ин манбаъ нисбати боздоштшудагон тибқи моддаҳои 168 (қаллобӣ), 28 (шарики ҷиноят) ва 211 (ришвахорӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва тафтишот идома дорад.
Дар хабари дигар омадааст, ки бо саъйи кормандони Садорати бахши вилоятии Хадамоти амнияти давлатӣ ва идораҳои интизомӣ як сарнозири шӯъбаи ноҳияи Риштони Агентии кадастри вилояти Фарғона зимни фасодкорӣ боздошт шудааст. Дар рафти тафтишоти ибтидоӣ ин сарнозири агентии кадастр эътироф кардааст, ки ба як шаҳрванд барои халосӣ аз ҷаримае кумак кардан хост, ки дар минтақаи истиқоматии худ замини иловагӣ ба даст оварад ва онро таҳти сохтмон қарор диҳад. Вай барои он ки заминро ғайриқонунӣ ишғол кардааст, 84 миллион сӯм ҷарима шудааст.
– Ман ба шаҳрванд роҳи осони халосӣ аз ин вазъиятро нишон додам ва дар ивази ҷарима накардан ва қонунӣ карда додани замин 400 доллари ИМА талаб кардам. Аммо ҳангоми гирифтани маблағи дархостшуда дар назди бинои идораи кадастр бо далелҳо боздошт шудам, – гуфтааст нафари боздоштшуда.
Кормандони идораҳои интизомӣ аз як ҷинояти дигар низ ҷилавгирӣ кардаанд. Гуфта мешавад, як корхонаи хусусӣ, ки ба фаъолияти корҳои сохтмон машғул аст, моҳи октябри соли равон аз роҳи шаффоф дар тендер ғолиб баромадааст. Ин тендер, ки дар бинои маъмурии муассисаи давлатии «Фарғона сув қурилиш инвест» сурат гирифтааст ва барои анҷом додани таъмири асосӣ эълон шудааст, дорои маблағи 850 миллион сӯм арзёбӣ мешавад.
Сармуҳандиси ин муассисаи давлатӣ ва ҳамтоёни ӯ бо ҳам забон як карда, аз роҳбари корхонаи хусусии ғолиб 5500 доллари ИМА талаб кардаанд, то ки вай иҷозаи шурӯъи корҳоро ба даст оварад. Дар рафти чораҳои фаврӣ афроди фавқуззикр ҳангоми гирифтани 5000 доллари ИМА боздошт шуданд. Айни замон, алайҳи ин шахсон тибқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноӣ парвандаҳо боз гардиданд ва корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.