Барои пешгирии ҳолатҳои марбут ба сӯхтор, дар кишвари мо аз 1 то 31 декабри соли ҷорӣ «Моҳи бехатарӣ аз сӯхтор» эълон карда шудааст.
Афзоиши ниёз ба дастгоҳҳои гармидиҳӣ дар зимистон боиси зиёд шудани хатари сӯхтор мегардад.
Барои пешгирии ҳолатҳои марбут ба сӯхтор, дар кишвари мо аз 1 то 31 декабри соли ҷорӣ «Моҳи бехатарӣ аз сӯхтор» эълон карда шудааст. Бо ин мақсад, раисони маҳаллаҳо, фаъолони ҷамоати шаҳрвандон чорабиниҳо ташкил мекунанд. Аз ҷумла, дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Қошғар»-и ноҳияи Юнусобод бахшида ба корҳои мавсими зимистон, пешгирӣ аз сӯхтор ва ҳодисаҳои нохуш, ба аҳолӣ фаҳмондани истифода аз дастгоҳҳои гармидиҳӣ, риоя намудан ба қоидаҳои бехатарӣ, бе назорат ва танҳо намондани бачагони хурдсол ва дигар масъалаҳои марбут ба ин соҳа чорабинӣ баргузор гардид. Ҳадафи асосии чорабинӣ суръат бахшидан ба корҳое мебошад, ки барои таъмини бехатарии сӯхтор дар иншооти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин мавзеъҳои истиқоматӣ анҷом дода мешавад ва иштироки шаҳрвандон дар ин корҳо таъмин карда мешавад. Аз оғози моҳонаи бехатарӣ аз сӯхтор соҳибони манзил, ширкатҳо, инчунин ташкилотҳое, ки ба хизматрасонии печҳо ва дудкашҳо масъуланд, бо кӯмаки мутахассисон ба кор оғоз намудаанд. Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки то имрӯз як қатор ҷамъомаду семинарҳо барои таблиғи талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва баланд бардоштани дониш ва малакаҳои шаҳрвандон дар ин самт баргузор шудаанд. Барои огоҳ намудани аҳолӣ аз истифодаи оташдонҳои гармидиҳӣ ва дастгоҳҳои газӣ, пешгирии омехтаҳои газ-ҳаво, заҳролудшавии шаҳрвандон аз газ ва дигар ҳолатҳои нохуш суҳбатҳо гузаронда шуданд.
Имрӯзҳо гувоҳи ҳодисаҳои нохуши гирду атроф ё аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳодисаҳои оид ба сар задани сӯхторро мефаҳмем. Дар натиҷаи нафаҳмидан, бепарвоӣ ва беэтиборӣ чунин ҳолатҳои нохуш сар мезананд, оилаҳо, кӯдакон осеб мебинанд, ҳатто ба ҳалокат мерасанд.
Биёед, азизон, бепарво набошем, оила, ҳамсоя ва маҳаллаи худро аз ҳодисаҳои нохуш эҳтиёт кунем, ба қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор риоя намоем.
К. Ҳасанов,
сардори шуъбаи ҳолатҳои фавқулодаи Маркази маънавият ва маърифати шаҳри Тошканд.