Роҳи оҳани “Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон”: аҳамияти таърихӣ ва стратегӣ

Ҳанӯз соли 1997 корҳои муқаддамотӣ оид ба сохтмони роҳи оҳани «Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон» оғоз гардида буданд. Вале бо сабабҳои гуногун — аз ҷумла тӯл кашидани музокираҳо ва мушкилоти молиявӣ лоиҳа тайи чаҳоряк аср амалӣ нашуд. Ниҳоят, бо иштироки масъулони се кишвар санади муҳим ба имзо расид.

Оғози сохтмони роҳи оҳани “Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон”, ки лоиҳаи бузурги байналмилалӣ мебошад, на танҳо барои ояндаи мамлакати мо, балки тамоми минтақа воқеаи бениҳоят муҳим гардид.

Шавкат МИРЗИЁЕВ

Некҳамсоягӣ ва роҳандозии ҳамкориҳои самарабахш дар соҳаҳои гуногун миёни Ӯзбекистон ва як қатор кишварҳои ҳамсоя дар солҳои охир мазмуну моҳияти тоза пайдо кардааст. Хусусан, муносибатҳои иқтисодии Ӯзбекистон бо Қирғизистон ва Чин, ки кишварҳои ҳамҷавору ҳампайванданд, рӯз то рӯз мустаҳкам мегарданд.

Гуфта мешавад, ки роҳи оҳан «шоҳраги иқтисодиёт» аст. Ба ҳам пайвастани ин кишварҳо тавассути роҳи оҳан бешубҳа ба рушди ҳамаҷониба ва тавсеаи муносибатҳои иқтисодӣ мусоидат мекунад. Сарони давлатҳо низ борҳо ба ин мавзӯъ махсус ишора кардаанд.

Ҳанӯз соли 1997 корҳои муқаддамотӣ оид ба сохтмони роҳи оҳани «Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон» оғоз гардида буданд. Вале бо сабабҳои гуногун — аз ҷумла тӯл кашидани музокираҳо ва мушкилоти молиявӣ лоиҳа тайи чаҳоряк аср амалӣ нашуд. Ниҳоят, бо иштироки масъулони се кишвар санади муҳим ба имзо расид.

Қадамҳои устувор дар роҳи мустаҳкамсозии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва нақлиётӣ дар минтақа, инчунин таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба байни ҷумҳуриҳои дӯсту ҳамҷавор, воқеан, ҳамчун рӯйдоди муҳим арзёбӣ мегардад.

Бар асоси ҳуҷҷати мазкур, долони байналмилалии нақлиётӣ аз рӯйи варианти комбинатсияшудаи самти «Қошғар – Торугарт – Макмал – Ҷалолобод – Андиҷон» татбиқ мешавад.

Моҳи июни соли 2024 Президент Шавкат Мирзиёев иштирокдорони маросими имзои санади татбиқи лоиҳаи стратегии сохтмони роҳи оҳани «Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон»-ро муборакбод намуда, таъкид кард, ки ин роҳ ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Чин, таҳкими дӯстии халқҳо ва амиқ гардидани муносибатҳои стратегии бисёрҷабҳа хидмат хоҳад кард.

Дар ин маврид бидуни ихтиёр Роҳи бузурги абрешим ба ёд меояд, ки асрҳо мавҷуд буд ва кишварҳои зиёди Машриқзаминро ба ҳам мепайваст. Ин роҳ, ки аз сарзамини бостонии мо низ мегузашт, ба табодули тиҷоратӣ ва фарҳангӣ хизмати шоён кардааст. Президенти кишвар барҳақ таъкид намуд, ки роҳи нави оҳани «Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон» дар маънии том идомаи муосири он роҳи таърихӣ мебошад.

Ин роҳ наздиктарин масири хушкигард барои пайвасти Ӯзбекистон бо Чин хоҳад шуд ва ба васеъ шудани ҳаҷми боркашонӣ, беҳтар гардидани сифату самаранокии интиқол, сарфаи вақт ва паст гардидани арзиши хизматрасонӣ мусоидат мекунад. Тибқи арзёбии мутахассисон, ҳаҷми солонаи боркашонӣ метавонад то 15 миллион тонна расад. Мӯҳлати интиқоли мол ба истеъмолкунандагон то 7 рӯз коҳиш меёбад. Дар баробари ин, инфрасохтори нави транзитӣ, логистикӣ, анбору терминалҳо таъсис дода мешаванд.

Амалӣ гардидани лоиҳа таъсири иқтисодии бузург дорад. Дар ҳар се кишвар даҳҳо корхонаҳои нав бунёд ва ҳазорон ҷойҳои нави корӣ ташкил карда мешаванд. Ҳаҷми мубодилаи мол ва доираи кооператсияи саноатӣ васеъ мегардад, ҷозибияти сармоявӣ боло меравад ва сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар хоҳад шуд.

Президенти Ӯзбекистон ҳамчунин зикр кард, ки ин роҳ дар оянда барои тавассути долони Трансафғон ба бозорҳои кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқи Наздик бидуни мушкил ворид шудан имкон медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, барои татбиқи лоиҳа дар қаламрави Ӯзбекистон тамоми инфрасохтори зарурӣ муҳайё шудааст.

Тибқи маълумоти расмӣ, 27 декабри соли 2024 Президенти Қирғизистон Садир Ҷапаров зимни сафараш ба вилояти Ҷалолобод ба сохтмони роҳи оҳани «Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон» оғоз бахшид. Ӯ таъкид намуд, ки ин роҳ на танҳо долони нақлиётӣ, балки «кӯпруки муҳими стратегӣ» аст, ки кишварҳои Шарқу Ғарбро ба ҳам мепайвандад.

Роҳ имкон медиҳад, ки молу маҳсулот бидуни мамониат аз Чин тавассути Қирғизистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва тариқи Эрону Туркия ба шабакаи аврупоии роҳҳои оҳан интиқол дода шаванд.

Дарозии умумии роҳи оҳани «Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон» 486 километр мебошад. Тахминан 312 километри он аз қаламрави Қирғизистон мегузарад. Дар доираи татбиқи лоиҳа сохтмони 18 истгоҳ, 50 кӯпрук ва 29 нақб бо дарозии умумии беш аз 120 километр дар назар аст. Ин маънои онро дорад, ки қариб 40 фоизи роҳ тавассути нақбу пулҳо мегузарад.

Дар қаламрави Чин корҳои сохтмон ва маблағгузорӣ пурра аз ҷониби худи Чин анҷом дода мешаванд. Онҳо дар корҳои бунёдкории Қирғизистон низ иштирок мекунанд. Дар Ӯзбекистон бошад, чанд километри роҳ сохта шуда, ба шоҳроҳе, ки аз Қирғизистон ворид мегардад, пайваст хоҳад шуд. Арзиши умумии лоиҳа 4,7 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

– Мо чанде пеш созишномаи кредитӣ оид ба маблағгузории лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Чин - Қирғизистон - Ӯзбекистон»-ро имзо кардем, – мегӯяд директори генералии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Ширкати роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон” Чжоу Син. – Тибқи созишнома қариб нисфи маблағ – 2,3 миллиард доллар аз ҷониби Чин ҳамчун кредит ба ширкати муштараки лоиҳавӣ, ки аз ҷониби се кишвар таъсис дода шудааст, ба мӯҳлати 35 сол дода мешавад. Кредит мустақиман аз ҷониби ширкати лоиҳавӣ пардохт карда мешавад. 2,3 миллиард доллари боқимонда дар асоси сармояи оинномавии ширкати муштараки лоиҳа сармоягузорӣ хоҳад шуд. Чин — 51 фоиз, Қирғизистон ва Ӯзбекистон – ҳар яке 24,5 фоизӣ. Бояд гуфт, ки ширкати муштараки лоиҳа на танҳо ба истифодаи самараноки маблағҳои ҷалбшуда, балки ба таъмини иҷрои боэътимод ва саривақтии ҳамаи ӯҳдадориҳо дар асоси созишнома бояд диққат кунанд.

Бояд гуфт, ки лоиҳа робитаҳои байниминтақавиро тақвият бахшида, ба диверсификатсияи роҳҳои нақлиётӣ ва боло бурдани рақобатпазирии хидматрасониҳои транзитӣ мусоидат мекунад. Дар Ӯзбекистон низ роҳҳои оҳану автомобилгарди муосир васеъ мешаванд ва бо истифодаи технологияҳои рақамӣ ҷараёнҳои боркашонӣ босамартар мегарданд.

Имрӯз кишвар омода аст, ки дар асоси «харитаи роҳ» ва баробари пешрафти сохтмони роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон ҳамкориҳоро муттасил идома диҳад.

Ин лоиҳаи дарозмуддат, ки ба манфиатҳои умумии халқҳои Чин, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҷавобгӯст, аҳамияти таърихӣ ва стратегӣ дошта, барои таҳкими риштаҳои дӯстиву ҳамбастагӣ дар минтақа, рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун ва боз ҳам пурқувват гардидани робитаҳои иқтисодиву гуманитарӣ хидмат хоҳад кард.

М. ШОДИЕВ,

мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: