Дар иҷлосияи навбатии Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд дар бораи татбиқ намудани як қатор лоиҳаҳои бузурги роҳ аз ҳисоби маблағҳои Агентии ҳамкории байналхалқии Ҷопон ба миқдори 387 миллион доллари амрикоӣ қарори дахлдор қабул шуд.
Солҳои охир рафтуомад тавассути гузаргоҳи Ҷартеппа – Саразм хеле густариш ёфтааст. Вале шоҳроҳи Самарқанд – Панҷакент ба талаботи байналхалқӣ ҷавобгӯ нест. Барои ин дар навбати аввал 97 миллион доллар ҷудо карда шуд.
Барои таъмиру тармими шоҳроҳи байналхалқии М39, ки шаҳру вилоятҳои Гулистон, Андиҷон ва Ӯшро бо ҳам мепайвандад, 174 миллион доллар ҷудо карда хоҳад шуд. Мақсади асосӣ, роҳҳои минтақавӣ ва байналмилалиро беҳтар кардан ва бехатарии нақлиётро таъмин намудан аст. Зеро Самарқанд маркази сайёҳии Осиёи Марказӣ буда, мардум ғайр аз қатора ва ҳавопаймоҳо тавассути нақлиёт ҳам ба шаҳри бостонӣ равуо мекунанд.
Баҳодури Зоҳир,
вилояти Самарқанд.