«Тоҷикони Фориш»: таърихи тоҷикони кӯҳистони Нур дар ойинаи пажӯҳиш

Дар ростои поси хотири донишманди кӯҳпояи Нурато, доктори илми иқтисодӣ, ҷуғрофидони шинохта Маҳмуд Нурназаров, ки аз соли таваллуди ӯ (23 декабр) 84 сол мегузарад.

Маҳмуд Нурназаров ҳарчанд ба унвони донишманди соҳаи иқтисодиёту ҷуғрофиё номвар шудааст ва ба унвони доктори илми иқтисодӣ мояи ифтихори миллати тоҷик аст, дар поёни умри худ бо завқу алоқаи беандоза ба корҳои адабию пажӯҳишӣ низ рӯ меоварад. Азбаски аз овони ҷавонӣ ба адабиёт ва фарҳанги миллӣ муҳаббат дошт, шеъргунаҳои хешро дар дафтарҳои «Рози ниҳон» ва «Мавҷи дил» ва таҳқиқоти таърихию фарҳангӣ ва этнографиашро доир ба табиат, мавқеи ҷуғрофиёӣ, олами набототу ҷонварони кӯҳистони Нурато ва ҳамчунин қишрҳои ҷомеа, авлоду аҷдод, гӯйиши мардумӣ, эҷодиёти шифоҳӣ, таърихи гузашта ва имрӯзаи тоҷикони Фориш (тоҷикони деҳаҳои кӯҳпояи Нурато) дар китоби «Тоҷикони Фориш» ба табъ расонидааст.

Ба хусус, китоби «Тоҷикони Фориш» беҳтарин дастовези устоди пажӯҳишгар Маҳмуд Нурназаров (бо номи мустаори Маҳмуди Форишӣ) мебошад, ки соли 2000 дар муассисаи табъу нашри «Зиё» дар шаҳри Гулистон аз чоп мебарояд ва тоҷикони муқими кӯҳистони Нураторо бо ҳама бурду бохташон дар сад соли ахир, ҷуғрофиё, таърих ва фарҳанги пешина ва имрӯзаи онҳоро, ки асосан дар ёздаҳ деҳа (Порашт, Асраф, Ӯхм, Ҳоят, Моҷарм, Андагин, Синтаб, Соб, Симбулоқ, Эҷ ва Сойхурд) умр ба сар мебаранд, рӯнамоӣ мекунад.

Китоби «Тоҷикони Фориш» аз он ҷиҳат арзиши воло дорад, ки нахуст, аз ҷониби як нафар фарзанди ҳамин кӯҳпоя, ки бо ҳама номҳову мавзеъҳову гӯйишҳо ошно аст, таълиф шудааст ва дувум, тамоми маълумот ва далелу нақлҳо паёварди пажӯҳишҳои дақиқ ва суҳбату муколамаҳои фаровон бо халқи маҳаллӣ мебошад. Ин китоб чандин гуфтаи ғалат ва навиштаҳои сарсарии муҳаққиқони пешинро ислоҳ ва дар мавридҳои зарурӣ такмил мекунад. Чунончи, ба нигоштаҳои мубҳам ва печидаи мақолаи «машҳур»-и пажӯҳишгарони давраи Шуравӣ – Балқис Кармишева ва Елена Пешерева, ки соли  1964 дар шумораи аввали маҷаллаи «Этнографияи советӣ» таҳти унвони «Пажӯҳишҳои этнографӣ доир ба тоҷикони қаторкӯҳи Нурато» чоп шудааст, равшанӣ меандозад.

Муҳаққиқони шӯравӣ дар мақолаи худ ёдрас менамоянд, ки ду бор аз деҳаҳои тоҷикнишини кӯҳпояи Нурато дидан кардаанд ва маводу матолиби худро бар асоси вохӯрию суҳбатҳо бо мардуми маҳаллӣ ҷамъ ва интишор додаанд. Аммо боиси тааҷҷуб аст, ки аксари номҳои таърихӣ дар мақолаашон иштибоҳ дарҷ ёфтааст, ки ин гуна амалкард  дар илм қобили қабул намебошад. Чунончи, номи деҳаи қадимаи Пораштро аслан ба забон намегиранд ва дар ҳама ҷо онро Фориш меноманд. Дар сурате ки «калимаи «фориш» ба қарибӣ пайдо шуда, он дар ягон осори хаттии асрҳои гузашта дучор намеояд. Аслан, «фориш» шакли вайроншудаи калимаи суғдии «порашт» буда, маънои «поёни қалъа»-ро дорад. Порашт номи деҳаест, ки аз маркази ноҳия дар масофаи 25 километр воқеъ аст... 20-уми феврали соли 1935 бо қарори Комитети Марказӣ ноҳияи Фориши ҳозира (марказаш Боғдон, яъне Янгиқишлоқ) таъсис меёбад. Аз ин рӯ, Боғдонро аввал Янгиқишлоқ, Янгипорашт (Янгипориш) ва рафта-рафта Фориш номидаанд». («Тоҷикони Фориш», саҳ. 7-8). Бар замми ин, номи бисёре аз маскану маконҳо хато оварда шудааст. Масалан, Ухум, Можурум, Соф, Фужак, Тишмисурх, ки шакли дурусти ин ҷойномҳо Ӯхм, Моҷарм, Соб, Феҷак, Чишмисурх аст. Дар ҷое ҳам, дараҳои Эҷу Сойхурдро густохона Каттасой ва Кичиксой меноманд, ки аз ниҳояти бетаваҷҷуҳӣ ва ҷамъоварии далелҳо аз забони одамони тасодуфӣ гувоҳӣ медиҳад. Хушбахтона, дар китоби «Тоҷикони Фориш» тамоми ҷойномҳо саҳеҳ ва дақиқ дарҷ ёфтаанд.

Маҳмуд Нурназаров пас аз ҷустуҷӯҳои тӯлонӣ ва таҳқиқи маводу матолиби таърихию ҷуғрофиёӣ ва фарҳангию этнографӣ ба чунин хулоса меояд: «Ҳамаи деҳаҳо таърихи хеле қадима доранд ва маънои номи онҳоро танҳо аз луғати забони суғдӣ(!) дарёфт кардан мумкин аст. Назар ба ақидаи олимон ва дастхатҳои таърихию археологӣ сарзамини тоҷикони Фориш (манзур деҳаҳои тоҷикнишини кӯҳистони Нурато аст – Ю.И.) таърихи чандинҳазорсола дорад. Ҳанӯз дар асрҳои V - III пеш аз милод дар ин ҷо аҷдоди қадимаи тоҷикон – суғдиҳо  ва бохтариҳо зиндагӣ мекарданд. Бозёфтҳои қадимаи асри биринҷӣ, монанди деги мисӣ, табарҳои мисӣ ва ҳоказо далели ин ақида аст». («Тоҷикони Фориш», саҳ.22).

Дар идома, муаллиф бо мисолҳои фаровон собит месозад, ки гузаштаи тоҷикони кӯҳпояи Нураторо на дар нимароҳҳо, балки ҳадди ақал дар давлати Суғд бояд ҷустуҷӯ кард. Эҳтимолан онҳо дар замони ғоратгарӣ ва кушторҳои лашкари юнониён аз ноҳияҳои атрофи Самарқанд, Панҷекат, Ашт, Айнӣ, Ҳисор... омада дар миёни дараҳои хушбоду ҳаво ва сероби риштакӯҳҳои Нур муқим шудаанд, аммо ба ҳеч ваҷҳ марбут ба кадом як қабилаи ҷалоиру қайчиливу найману мултонӣ, ки хонумҳои шарқшинос Балқис ва Елена ёдовар шудаанд, намебошанд!

Дар ҳақиқат, китоби «Тоҷикони Фориш» ёдгории беназирест, ки аз устоди пажӯҳишгари фақид Маҳмуд Нурназаров ба мо мерос мондааст. Он барои ҳар як омӯзанда роҳнамои хубест, ки дар бораи гузаштаи мардуми таҳҷойии кӯҳистони Нурато, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, ҳунар ва касбу кори гуногуни роиҷ, ҷараёни муҳоҷиршавиҳо ва сохтани «ватан»-и нав дар вилояту кишварҳои дигар, иштиёқу завқи баланди мардум ба донишандӯзӣ, овозхонӣ, ҳунаромӯзӣ, кишоварзӣ, чорводорӣ, бозаргонӣ ва эътимоду эътиқоди онҳо ба якдигар, роҷеъ ба маконҳову ёдгориҳои бостонӣ, сангнавиштаҳо, эҷодиёти шифоҳии халқ, табақабандӣ ба авлодҳо ва ҳоказо нақл мекунад.

Бошад ки, номи неки ҳамдиёри азизамон Маҳмуд Нурназаров абад-ул-абад дар ёду хотирҳо зинда бимонад!

Юнуси ИМОМНАЗАР,

адиб.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: