Бозиҳои паралимпии Осиё: Асадбек 7 медали тилло ба даст овард

Дар шаҳри Дубай Бозиҳои паралимпии Осиё дар байни ҷавонон баргузор гардида, параварзишгарони ҷавони Ӯзбекистон дар маҷмӯъ 197 медал – 99 тилло, 57 нуқра ва 41 биринҷӣ ба даст оварда, дар ҳисоби даставӣ ҷойи якумро ишғол намуданд.

Дар ҳамин мусобиқоти бонуфуз хонандаи шуъбаи варзиши ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ Асадбек Ҳоҷиев дар намуди парашиноварӣ 7 медали тилло ба даст оварда, ба пирӯзии умумии дастаи ҷавонони Ӯзбекистон саҳми арзанда гузошт.

Пас аз ғалабаи таърихӣ, варзишгари ҷавонро дар маҷмааи таърихӣ-меъмории «Чашма»-и шаҳри Нурато  бо тантана пешвоз гирифтанд.

Дар чорабинӣ ҳокими ноҳия Азамат Файзиев, пирони рӯзгордида, устодон ва мураббиён, аъзои оилаи варзишгар ва ҳамсинфонаш ширкат варзида, қаҳрамонро бо натиҷаи баланд самимона табрик гуфтанд.

Дар ҷараёни чорабинӣ ҳокими ноҳия А. Файзиев таъкид кард, ки дастовардҳои Асадбек барои ҳамаи мо мояи ифтихор аст. Ӯ изҳори боварӣ кард, ки ин муваффақиятҳо минбаъд низ идома меёбанд ва ба Асадбек дар мусобиқаҳои оянда пирӯзиҳои бузург орзу намуд.

Ӯзбакбойи Раҳмон,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: