Рӯзҳои охир дар бораи ҳодисаи нодир шудани нашри ин романи таърихӣ овозаҳо паҳн шуданд. Хулосаи умумии онҳо ин буд: идомаи романи «Ӯткан кунлар» («Рӯзгори мозӣ»)-и Абдулло Қодирӣ бо номи «Шаби ялдо» чоп мешудааст. Ҳатто рӯзномаи «Ҳуррият» порчаеро аз ин роман чоп кард. Ҳамин тариқ дар аксарият майли дидану хондани ин асар пайдо шуд. Аммо гуфтанд, ки асар ҳанӯз дар дасти чоп аст.
Ва ниҳоят, чанде пеш аз унвони Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, Осорхонаи Абдулло Қодирӣ, Осорхонаи «Қурбониёни табъид», нашриёти «Xaybar-25» оид ба баргузории рӯнамои китоб даъватнома расид. Бисёр рамзист, ки ин рӯнамо дар толори маҷлисгоҳи Бунёди иҷтимоии «Хотираи шаҳидон», воқеъ дар ноҳияи Юнусободи пойтахт, яъне, дар ҷое, ки ҳазорон фидоии миллат, шаҳидони роҳи истиқлол дар солҳои 1937-1938 қурбон шудаанд, дар таърихи 21 декабр, дар арафаи вуруди Шаби ялдо – шаби дарозтарини зимистон баргузор гардид. Бинобар ин дар оғози анҷуман дар ҳаққи қурбониёни солҳои таъзиқу табъид, хусусан қаҳрамонони «Шаби ялдо» аз оятҳои Қуръони карим тиловат карда шуд.
Сипас адабиётшиносони маъруфи кишвар дар бораи мазмун, моҳият ва аҳамияти китоби мазкур суханронӣ карданд.
Раиси Иттифоқи нависандагон Сироҷиддин Саид, аз ҷумла зикр кард, ки «Ин асар гӯё чун идомаи романи «Рӯзгори мозӣ»-и машҳур буда, пеш аз ҳама ҳамчун ифодаи эҳтироми баланд нисбати Абдулло Қодирӣ ва ҳамсафони ӯ офарида шудааст. «Шаби ялдо» чун «Рӯзгори мозӣ» аз аввал то охир ғамангез ва дар айни вақт як асари некибинона аст. Бовар дорем, ки ин роман низ ба қалбамон роҳ ёфта, ба китоби муътабар табдил меёбад. Аз он на фақат рӯҳи фидоиёни Ватан шод мегардад, балки хонандаро ба иштирокчии фаъоли даври Эҳё, ҳифзи истиқлоли миллӣ ҳидоят менамояд. Устоди муҳтарам Иброҳим Ғафуров ҳамчун муҳаррири масъули роман хеле заҳмат кашида, кори бузурги эҷодиро анҷом доданд».
Адабиётшиноси маъруф И.Ғафуров дар бораи муаллиф қайд кардааст: «Ин китобро ӯ бо истифода аз мистификатсияи адабӣ ба тарзи китоби дуюми «Рӯзгори мозӣ» навишт; аз номи Қодирии бузург ба сифати Қодирӣ навишт». Ин навиштаҷот, ки дар муқоваи китоб ҷой гирифтааст, бешубҳа, таваҷҷуҳи ҳар кадоми моро ба худ ҷалб менамояд.
Академик Шуҳрат Сироҷиддинов зимни суханрониаш ҳамчун эҳтиёҷи таърихӣ арзи ҳастӣ намудани романро бо чанд далел собит намуд. Роман тӯли таърихи 100 соли охир бо ҷиҳатҳои хос ва ҷозибааш, рӯҳи миллиаш китоби нодиру пурмазмун аст, гуфт ӯ. – Муҳимтар аз ҳама, асар аз услуб, забон ва оҳанги сухани қодириёна саршор аст. Мо – адабиётшиносон ва китобхонон солҳои зиёд мушоҳида менамудем, ки муаллиф Абдулло Қодириро пири маънавии худ шумурда, ҳамчун қодиришинос ва муҳаққиқи нуктасанҷ фаъолият дорад».
Ба ин гуфтаҳои профессор Нурбой Ҷабборов таваҷҷуҳ кунед: ман бо романи таърихии «Шаби ялдо» мисли аксар дӯстон ҳанӯз дар шакли дастнавис шинос шудам, онро бо завқи тамом хонда баромадам. Дар ин асно чандин рӯз бо қаҳрамонони он дар як давру муҳит зиндагӣ кардам, мамнун шаванд, мамнун, маҳзун бошанд, маҳзун шудам».
Суханони профессор Баҳодир Каримов идомаи мантиқии мулоҳизаҳои нотиқони фавқуззикр буд: «Дар роман лавҳаҳое, ки қалби инсонро ба ларза меоранд, зиёданд. Офати гуруснагӣ, дег хостани ҳамсоя ва дар он дег ёфт шудани боқимондаи устухонҳои пойи кӯдак, сарнавишти фоҷиабори Зумрадбибӣ, ки мусибати ба сари оилааш омадаро бардошта натавониста, ба ҷойгаҳ меафтад, ҷасорати охирини Ёдгорбек дар ҷангалҳои Сибир, парронда шудани Сӯйима, ҷангҳои ғоявӣ ва ҳақиқии байни бародарон – Озодбек ва Одилбек, дар анҷом ҳалок шудани ҳар ду дар роҳи маслаки хеш».
Хулосаи муҳаққиқ: «Романи таърихии «Шаби ялдо» ҳодисаи махсус ва ҷиддӣ дар адабиёти муосири ӯзбек аст».
Ногуфта намонад, ки «Рӯзгори мозӣ»-и Абдулло Қодирӣ расо сад сол қабл аз ин, соли 1925 нашр шуда буд. Баъд аз як аср навишта шудани романи нави таърихӣ, бидуни шубҳа, ҳодисаи тасодуфӣ нест!
Адабиётшиноси номӣ Шуҳрат Ризоев низ фикри ҷолиберо, аниқтараш розеро фош намуд. Бино ба гуфтаи ӯ вай ҳамчун адабиётшинос солҳо орзу доштааст, ки давоми «Рӯзгори мозӣ» навишта шавад. Хостааст ин нияташро ба нависанда Асқад Мухтор изҳор кунад, аммо ба чанд сабаб мавриди гуфтан пайдо накардааст. Пасон ба адиб Тоҳир Малик муроҷиат намудааст, вале пас аз мулоҳизаҳои дуру дароз барои офаридани чунин асар маҷоли маънавию ҷисмонӣ надоштанашро пеш овардааст. «Ниҳоят орзуям ҷомаи амал пӯшид» бо мамнуният изох дошт ӯ.
Набераи Абдулло Қодирӣ Хондамир низ нашри ин романи ғароибро барои ҳама табрик гуфта, илова намуд, ки он ба тамоми қишрҳои ҷомеамон, ба хусус барои тарбияи ҷавононамон бояд хидмат кунад.
Тавре пай бурдед, аз аввали мақола то ин ҷо мо номи муаллифро зикр накардаем. Дар даъватнома низ аз ин хусус ишорае нест. Дар муқоваи китоб низ исму насаби ӯро намехонед. Танҳо дар қисми даромад қайд шудааст: «Муаллифи бофтаи бадеӣ дар асоси санадҳои таърихӣ Хайриддин Султон аст.»
Оре, Хайриддин Султон, ҳамон адиби маъруф, ки муаллифи «Хуршед барои ҳама баробар», «Афсонаи як шомгоҳ», «Зодгоҳи модарам», «Умр ҳам мегузарад», «Хобҳои Бобур», «Бобуринома», «Соҳили саодат», «Дар осмону фалакҳо» ва боз даҳҳо асарҳои насрӣ буда, сенарияи чандин видеофилм ва филмҳои бадеиро бо маҳорати баланду услуби хос таҳия кардааст.
Ниҳоят, садри анҷуман, олими намоёни навоишинос Олимҷон Давлатов муаллифро рӯйи саҳна хонд. Хайриддин Султонов бо тавозеъю камоли хоксорӣ чунин изҳори ақида кард: «Аслан ин китоб сад-саду панҷоҳ сол муқаддам навишта, вале ба шакли асари яклухт наоварда, мисли баргҳои хазон дар рӯйи ҳазорон варақҳои зардшуда пароканда хобида буд». Навишта шудани ин китоб дар ин замон, дар замоне, ки ба шарофати ислоҳоти Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев раванди ошкорбаёнӣ имконпазир гардид, як эҳтиёҷи таърихист. Ӯ аз ҷумла гуфт:
«Хулоса, муаллифи асаре, ки дар даст доред, садҳо, ҳазорҳо ҳамватаноне мебошанд, ки номашон барои аҳли васеи ҷомеа маълум ва ҳоло номаълуманд, агар таъбир ҷоиз бошад, кулли халқи ӯзбек аст. Каминаи камтарин аз он, ки ба саодати навиштани ин китоб аз забон ва қалби халқамон, ба шакли муайяни адабӣ даровардану ба ҳукми одилонаи шумо, китобхонҳои арҷманд ҳавола намудани он ноил шудаам, беҳад бахтиёр ҳастам».
Дар хотима ин суханҳо чун даъват ба ҳамдиёрон садо доданд: «Аллоҳи таъоло охирати ҳазрат Абдулло Қодирии марҳум ба мағфурро обод гардонад!
Шаъну шараф ба қаҳрамонони Ватан! Ба поён расидани шабҳои ялдои кишвари ҷафокашидаамон рост бодо!»
Дар чунин лаҳзаҳои пурҳаяҷон шунидани шеъри шоираи боистеъдод Зебои Мирзо бо номи «Кишанлар кияйми?» («Завлонаҳо бибандам?») хеле таъсирбахш буд.
Шоқаҳҳор Салимов,
китобхон.