Сиҳатгоҳи «Капа-юрт» ба фаъолият шурӯъ кард

Дар мавзеи Хоҷаикони ноҳияи Шеробод бо ҷалби сармояи хориҷӣ лоиҳаи бузургҳаҷми «Капа-юрт» татбиқ гардида, барои таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои нави кор ва табобати мардум бо роҳу усулҳои табиӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меоваранд.

Маскани шифои «Хоҷаикон», ки дар бағали кӯҳу шафати кони намак ҷойгир шудааст, дар ҳама мавсими сол, алалхусус, баҳору тобистон барои мардуми маҳалливу берун аз он ба сифати маскани табобатӣ хидмат мекунад, нафарони гирифтори ҳама гуна бемориҳои роҳи нафас ва шуш: диққи нафас, шамолхӯрии шадид, инчунин бемориҳои аллергиро  табобат менамояд.

Инак, талаб ва зарурате ба миён омадааст, ки имкониятҳои маскани шифои мазкурро боз ҳам васеъ карда, ҳудудро аз ҷиҳати иқтисодӣ ва туризм низ ривоҷу равнақ диҳанд. Барои ин як қатор лоиҳаҳо ҳам барои беҳсозии шароити табобат, ҳам барои инкишоф додани соҳаҳои иқтисодиёт ва сайёҳӣ амалӣ мегарданд. Яке аз ҳамин гуна лоиҳаҳо аз ҷониби Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Капа-юрт» бо ҷалби сармояи Ширкати «Bizayla»-и Олмон амалӣ мешавад, ки дар натиҷаи он шаҳрчаи «Туризми саломатӣ» барпо хоҳад шуд. Арзиши умумии ин лоиҳа 50 миллион доллари амрикоӣ буда, баъди пурра татбиқ шуданаш ҳудуди мазкур, бешубҳа, ба як маскани тамошобобу барқарорсозии саломатии мардум мубаддал мегардад.

Ҳокими вилоят Улуғбек Қосимов якҷо бо мутасаддиёну мутахассисони соҳа ба ин ҷо ташриф фармуда, бо фаъолияти Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Капа-юрт» ва Ширкати «Bizayla», ҷараёни корҳои бунёдкорӣ, сохтмони хонаҳои капсулашакли аз намак бунёдёфта, нуқтаҳои хидматрасонии маишӣ аз наздик шинос шуд.

Ӯ барои боз ҳам беҳ намудани сифати маҳсулот, зиёд кардани ҳаҷм ва содироти он ба мутасаддиён супоришҳои зарурӣ дод.

Олим ПАНҶИЗОДА,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: