Сарфаи об – талаби замон

Имрӯз вазъи дастрасии об дар ҷаҳон ногувор мебошад. Дар шароити норасоии рӯзафзуни об, бидуни шак, истифодаи сарфакорона ва оқилонаи он вазифаи муҳим аст.

Об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам буда, ҷаҳону зиндагониро зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Мушоҳида кардаем, дар ҳар минтақае, ки об ҳаст, он дар муқоиса ба минтақаи беоб ё камоб шукуфотар аст. Мавҷудияти ин неъмати бебаҳо омили ташаккули паҳлуҳои гуногуни ҳаёт буда, набудани он сабаби мушкилоти зиёдест, ки тасаввур кардан душвор аст.

Имрӯз вазъи дастрасии об дар ҷаҳон ногувор мебошад. Дар шароити норасоии рӯзафзуни об, бидуни шак, истифодаи сарфакорона ва оқилонаи он вазифаи муҳим аст. Дар  Ӯзбекистон ба ин масъала мунтазам таваҷҷӯҳ зоҳир карда, шабакаҳои обёрӣ таъмир мешаванд, техникаву технологияҳои сарфакунандаи об ҷорӣ мегарданд.

Бо вуҷуди ин соли гузашта захираҳои об дар Ӯзбекистон, аз ҷумла обанборҳои фаромарзӣ 6,5 миллиард метри мукааб кам шудаанд.

Дар ҷаласаи 90-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии об (МКВК), ки имсол дар Остона (Қазоқистон) баргузор гардид, ба иштирокдорони дар бораи Барномаи идоракунии захираҳои об ва рушди бахши ирригатсия дар Ӯзбекистон барои солҳои 2025-2028 маълумот пешниҳод карда шуд.

Дар кишвари мо барои таъмир намудани шабакаҳои обёрӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои сарфакунандаи об тӯли солҳои 2020-2024-ум 60 триллион сӯм маблағ аз буҷа ва 622 миллион долларина сармояи хориҷӣ равона гардидааст. Дар натиҷа, агар соли 2020 майдонҳое, ки дар онҳо технологияҳои сарфакунандаи об истифода мешуданд, ҳамагӣ 4 фоизи масоҳати умумии заминҳои обёришавандаро ташкил карда бошад, соли 2025 ин нишондиҳанда аз 50 фоиз гузашт.

Барои идома додани ин корҳо барномаи идоракунии захираҳои об тасдиқ гардидааст.

Пешбинӣ шудааст, ки боз дар 1,4 миллион гектар технологияҳои сарфаи об ҷорӣ карда шаванд, аз ҷумла барои обёрии қатрагӣ ба 293 ҳазор гектар. Ҳаҷми заминҳои обёришавандае, ки сатҳи таъминоташон бо об паст аст, бояд аз 424 ҳазор то 276 ҳазор гектар кам карда шавад.

Тавре сарвари давлат 12 август, ҳангоми шиносоӣ бо пешниҳодҳо оид ба идоракунии захираҳои об ва рушди бахши ирригатсия таъкид намуд, роҳи ягона барои тағйироти куллӣ дар соҳаи хоҷагии об рақамикунонист. Зеро ин шаффофият ва дақиқиро дар соҳа таъмин ва фасодро пешгирӣ мекунад.

Дар Стратегияи “Ӯзбекистон – 2030» ва Консепсияи рушди хоҷагии оби Ӯзбекистон барои солҳои 2020-2030 низ вазифаҳои муҳими ин самт нишон дода шудаанд.Бо такя ба нишондиҳандаҳои пешбинишудаи ин ҳуҷҷатҳо маҷмӯи васеи чорабиниҳо амалӣ шуданд.

Насбкунонии низоми «Оби оқил» дар ситодҳои ченкунии оби обанборҳо ва низомҳои ирригатсионӣ барои мониторинги захираҳои об, гузоштани таҷҳизоти «DIVER» дар чоҳҳои мушоҳидавии мелиоративӣ барои назорати сатҳи обҳои зеризаминӣ ва дараҷаи минерализатсияи хок, муҷаҳҳаз намудани истгоҳҳои насосӣ бо дастгоҳҳои мониторинги истеъмоли об, инчунин автоматикунонии идоракунии иншооти азими хоҷагии об аз ин ҷумлаанд. Ин чораҳо аллакай натиҷаҳои хуб медиҳад.

Дар назди Вазорати хоҷагии об Маркази рақамикунонии хоҷагии об таъсис дода шуда, низомҳои иттилоотии «Сув ҳисоби»ва «Насос стансиялари» таҳия гардиданд. Миқёси ин корҳо васеъ мешавад.

Ба шарофати чораҳое, ки таҳти роҳбарӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи Президенти кишвар амалӣ мешаванд, дар ҷомеа фарҳанги муносибати эҳтиёткорона ба об ташаккул меёбад. Ин имконияти иловагӣ барои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ буда, таъминшавии амнияти озуқавориро фароҳам меорад. Далели равшан он аст, ки танҳо дар соли 2024-ум 8 миллиард метри мукааб оби сарфашуда барои парвариши киштҳои такрорӣ  ва обёрии қитъаҳои наздиҳавлигӣ равона карда шуд.

Ба лоиҳаҳои шарикии давлативу хусусӣ барои кам кардани бори буҷа таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Тӯли солҳои 2020-2025 бо соҳибкорон 478 созишнома бо арзиши умумии 5,2 триллион сӯм баста шуд, шарикони хусусӣ 176 миллиард сӯмина сармоягузорӣ карданд. Амалияи идоракунии истгоҳҳои асосии насосӣ тавассути лоиҳаҳои шарикии давлативу хусусӣ васеъ мегардад. Тақрибан 50 фоизи истгоҳҳои насосӣ дар вилоятҳои Ҷиззах, Қашқадарё, Навоӣ, Намангон, Самарқанд ва Сирдарё ба шарикони хусусӣ дода мешаванд. Дар ноҳияи Чортоқи вилояи Намангон татбиқ намудани лоиҳаи озмоишии «як насос – як низом» пешбинӣ шудааст.

Вазорат якҷо бо Палатаи ҳисоб ва мақомоти прокуратура оид ба истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошуда ва пешгирии ҳолатҳои фасод чорабиниҳо мегузаронад. Роҳи ягонаи баланд бардоштани самара ва натиҷабахшӣ дар хоҷагии об рақамикунонист. Он шаффофият ва дақиқиро дар соҳа таъмин хоҳад кард.

Об неъмати бузург ва сарчашмаи зиндагист. Сарвари давлат ба таҳкими муносибатҳои некҳамсоягӣ, таъмин кардани аҳолӣ бо об ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фермерон, муваффақ шудан ба идораи самараноки захираҳои об ва истифодаи оқилонаи он ҷиҳати ҳаллу мушкилоти об дар минтақа эътибори ҷиддӣ медиҳад. Зиндагии осуда, фаровонӣ дар бозорҳои мо далели ин гуфтаҳост.

Ӯзбакбойи Раҳмон,

шореҳи «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: