Маълум аст, ки мувофиқи қарори Президенти Ӯзбекистон «Дар бораи чораю тадбирҳои куллан такмил додани низоми корҳои маънавию маърифатӣ» аз 26 марти соли 2021 аз ҷониби «Маркази маънавият ва маърифат»-и ҷумҳурӣ ҳар сол озмунҳои «Вазорат ва идораи намунавитарин», «Шаҳр ва ноҳияи намунавитарин» баргузор мегардад.
Мақсад аз гузаронидани ин чорабинӣ оммавӣ гардондани амалҳои пешқадами соҳаи маънавият ва маърифати мамлакат, рушд додани рақобати солими, ҳудуд ва вазоратҳо, инчунин мустаҳкам намудани муҳити маънавии аҳолӣ, хусусан ҷавонон аст.
Дар марҳилаи ҷумҳурӣ 14-то шаҳру ноҳияе, ки дар марҳилаи вилоятӣ ғолиб баромадаанд, иштирок карданд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки онҳо аз байни 208 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ интихоб шудаанд. Дар озмун ғолиби ноҳияи Вобканди вилояти Бухоро низ иштирок карда, соҳиби ҷойи сеюм, 30 млн. сӯм мукофоти пулӣ ва маҷмӯи китобҳо гашт.
А. Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.