Сайёҳӣ ба яке аз бахшҳои пешбари иқтисодиёти мамлакат табдил ёфтааст. Мухбирамон дар ин замина бо ҷонишини ҳокими вилояти Фарғона – сардори Садорати туризм Хуршедҷон АҲмедов суҳбате орост, ки ҳоло тақдими муштариёни азизи «Овози тоҷик» мегардад.
– Пеш аз ҳама, салоҳияти сайёҳии вилояти Фарғонаро мухтасар муаррифӣ мекардед.
– Фарғона дар самти сайёҳӣ дорои имкониятҳои бузург мебошад. Сайёҳони чи хориҷӣ ва чи ватанӣ зимни ташриф аз шароити созгор баҳраманд мешаванд. Сифати хидматрасониҳо низ сол аз сол рӯ ба беҳбуд овардааст ва нақлиёту логистика, меҳмонхона ва хӯроки умумӣ дар хидмати онҳо қарор доранд. Гузашта аз ин, вилоят дар қалби Осиёи Марказӣ, дар қисмати роҳҳои қадимӣ, табиати беназир ва меҳмоннавозии баланд воқеъ гаштааст. Он ҳар як меҳмонро бо таърих, фарҳанг, ҳунармандӣ ва сайёҳии муосир ва зебо ба худ мафтун мекунад.
– Соли сипаришудаистода барои ҷанбаи сайёҳӣ чӣ дастовардҳо дошт?
– Имсол барои мо соли рушди бузурги сайёҳӣ маҳсуб меёфт. Зеро теъдоди сайёҳоне, ки ба вилоят ташриф оварданд, нисбат ба соли гузашта 1,5 маротиба афзоиш ёфт ва дар маҷмӯъ ба 3 миллиону 669 ҳазор нафар расид. Аз ин шумор 510 ҳазор нафарро сайёҳони хориҷӣ ва боқимондаро сайёҳони ватанӣ ташкил мекунанд. Ин афзоиш тасодуфӣ нест. Дар солҳои охир инфрасохтори сайёҳӣ дар вилоят босуръат рушд кардааст. Ба ин 49 иншооти нави ҷойгиркунӣ – меҳмонхона, хостел ва меҳмонхонаҳои оилавиро мисол метавон овард. Дар натиҷа шумораи умумии иншооти ҷойгиркунӣ ба 402 адад, миқдори катҳо ба 8272-то расид.
– Кадом ҷойҳо дар атрофи маркази вилоят бештар мавриди таваҷҷуҳи сайёҳон қарор мегиранд?
– Дар аввал бояд қайд кунам, ки ҳадафи асосии мо фароҳам овардани шароити бароҳат, бехатар ва муосир барои ҳар як меҳмон аст. Дуюм, вилояти мо шомили минтақае ҳаст, ки дар он табиат ва таърих бо ҳам мепайванданд. Водии Фарғона асрҳо чорроҳаи фарҳангҳо буд. Ҳатто имрӯз ҳам, шаҳрҳои таърихӣ ва мактабҳои ҳунармандии анъанавӣ дар ин ҷо эҳтироми баланд доранд. Аз ҷумла, сафар ба «Чинор таги»-и деҳаи Водили ноҳияи Фарғона, «Етти булоқ»-и деҳаи Аввал, «Меҳригиё»-и ноҳияи Учкӯприк, хоҷагии ҷангали давлатии Қӯқанд, маҷмааи аспсавории «Водий тулпорлари»-и шаҳри Қӯвасой, соҳилҳои обанбори Каркидон-и ноҳияи Қува, ширкатҳои агросаноатии «Миндонобод» ҷойҳои диданӣ ва барои саёҳат хеле мувофиқанд.
– Дар бораи шаҳрҳои таърихиву меъморӣ чиҳо метавон гуфт?
– Шоҳасари меъмории асри тиллоӣ – қасри Худоёрхон, воқеъ дар шаҳри Қӯқанд, бо нақшҳои аҷиб ва аҳамияти таърихии худ мӯъҷизаи воқеии фарҳанги шарқӣ мебошад. Ин шаҳр, ки маркази хонигарии Қӯқанд буд, макони ҷолибе барои сайёҳии зиёратӣ ва дӯстдорони таърих аст. Қӯқандро метавон яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ номид. Аввалин зикри он ҳамчун шаҳри алоҳида ба асри Х рост меояд. Дар он замон шаҳр «Ҳавоканд» ё «Хӯқанд» ном дошт ва дар қаламрави худ як маркази хеле бузурги тиҷоратӣ дошт. Аммо ин шаҳр дар асри XIII аз ҷониби муғулҳое, ки ба он ҳамла карда буданд, комилан хароб карда шуд. Пеш аз ин, шаҳр қисми давлати Давони Чин буд. Ҳангоми кофтуковҳо дар минтақаи ёдгориҳои Мӯйи Муборак, Эски Қӯрғон ва Тепа Қӯрғон, биноҳои қадимӣ ва ашёи сафолӣ пайдо шуданд, ки 2 ҳазор сол пеш сохта шудаанд. Ин шаҳр аз бисёр чизҳо гузашта, дар асри XVIII ба авҷи рушди худ расид. Дар ин давра шаҳр мақоми пойтахти хонигарии Қӯқандро гирифт. Имрӯз ин шаҳрро маркази ҳунармандӣ меноманд, зеро дар қаламрави он ҳунармандони зиёде зиндагӣ мекунанд. Ҳамчунин, ҳар ду сол як маротиба дар Қӯқанд «Фестивали байналмилалии санъати амалӣ» баргузор мешавад.
Марғелон бошад, ватани матоъҳои атлас ва адрас аст. Ҳунармандони ин ҷо то ҳол усулҳои анъанавии бофтани абрешимро нигоҳ медоранд. Бозори абрешим ва коргоҳҳои Марғелон аз ҷониби сайёҳон бо шавқи зиёд омӯхта мешаванд. Пайдоиши Марғелон бо кушодашавии Роҳи Абрешим зич алоқаманд аст. Аз замонҳои қадим, ҳатто имрӯз ҳам, Марғелон пойтахти абрешими Ӯзбекистон аст. Хонатласи машҳур, ки бо даст бофта ва бо истифода аз технологияи қадим ранг карда шудааст, дар ин ҷо истеҳсол мешавад. Гулдӯзии Марғелон бо зебоӣ ва беназирии худ машҳур гаштааст.
– Дар қаламрави вилоят воқеъ гаштани шаҳристони Риштон оё ба афзоиши теъдоди сайёҳон мусоидат хоҳад кард?
– Риштон маркази ҷаҳонии сафолгарони мост. Зарфҳои махсуси «гармранг»-и сирдор, ки кулолгарони Риштон сохтаанд, дар осорхонаҳои Аврупо то ба Ҷопон ба намоиш гузошта шудаанд. Аҳолии маҳаллӣ қариб ҳазор сол пеш ба сохтани сафолҳо шурӯъ кардаанд. Дар аввал онҳо аз гил зарфҳои оддӣ месохтанд ва сипас бо ёрии «ишқор»-и сирдори махсуси кабуд онҳоро оро медодаанд. Ин сир, ки ҳунармандон барои тайёр кардани рангҳои табиӣ истифода мебаранд, ба як хусусияти хоси Риштон табдил ёфтааст. Маъруфтарин маҳсулот инҳоянд: лаган, коса, пиёла ва кӯза.
– Акнун суҳбатамонро роҷеъ ба сайёҳии экологӣ ва кӯҳӣ идома диҳем. Дар вилоят то чи андоза ин намудҳои сайёҳӣ рушд намудааст?
– Ҷойҳои зебои табиӣ дар вилояти мо Шоҳимардон, Водил, Еттибулоқ – макони воқеӣ барои онҳое унвон гирифтаанд, ки сайёҳии экологиро бо манзараҳои доманакӯҳ, ҳавои тоза ва шаршараҳои табиӣ пешкаш мекунанд. Шоҳимардон ҷозиба ва таровати беназир дорад. Ҳар фарде, ки он ҷо меравад, ӯро кӯҳҳои боҳашамат, табиати сероб, ҷӯйборҳои булӯрин ва ҳавои тоза ба худ мафтун месозад, зиёрати Ҳазрати Алӣ ба рӯҳияти шахс оромӣ мебахшад. Дар Шоҳимардон мақбараҳои шахсиятҳои таърихӣ ба монанди Ҳазрати Алӣ Шоҳимардон ва Шоҳ Толиб мавҷуданд. Расмҳои сангӣ, ки дар ғори Калони Камар, воқеъ дар баландии 2500-2700 метр аз сатҳи баҳр, ёфт шудаанд, баёнгари ҳаёти пурҷӯшу хурӯшанд.
– Ҳоло дар кишварамон ифодаи сайёҳии тиббӣ пайдо шудааст. Дуруст?
– Вилояти Фарғона на танҳо бо ҷозибаҳои таърихӣ ва фарҳангии худ, балки бо имкониятҳои худ дар соҳаи сайёҳии тиббӣ низ фарқ мекунад. Дар минтақа марказҳои тиббии муосир, осоишгоҳ ва маҷмааҳои барқарорсозӣ фаъолият мекунанд. Онҳо бо мутахассисони баландихтисос дар табобати як қатор мушкилоти марбут ба системаи дилу раг, асаб, мушак ва устухон, аллергия хидмат мерасонанд. Яке аз самтҳои муҳимтарини сайёҳии тиббӣ дар Фарғона табобати балнеологӣ мебошад. Истифодаи обҳои маъданӣ, лойҳои шифобахш, чашмаҳои гарм ва усулҳои табиии барқарорсозӣ таъсири собитшудаи табобатӣ ба бадани инсонро доранд.
– Мешавад гуфт, ки ҳоло ин ҷо технологияи муосири тиббӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд?
– Бале. Иқлими тоза, ҳавои кӯҳӣ ва чашмаҳои шифобахши табиат самаранокии табобатро боз ҳам афзун намуда, сайёҳии тиббиро ба яке аз самтҳои умедбахши Фарғона табдил додаанд.
– Дар бораи инфрасохтор ва иншооти нақлиётии муосир ибрози назар мекардед.
– Фурудгоҳи байналмилалии Фарғона дар масофаи 7 километр аз маркази вилоят ҷойгир буда, зиёда аз 50 парвози байналмилалиро ба Аврупо, Осиё ва Ховари Миёна анҷом медиҳад. Ҳоло он ба яке аз марказҳои нақлиётии қулайтарин дар минтақа табдил ёфтааст.
– Барои суҳбати пурмуҳтаво ташакур!
– Саломат бошед!
Суҳбаторо Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.