Мувозинати экологӣ ва масъалаҳои дигари марбут ба ландшафтҳои устувори Осиёи Марказӣ дар ҳамоиши минтақавӣ, ки 9-10 декабри соли равон дар шаҳри Тошканд ба вуқӯъ пайваст, баррасӣ гардиданд.
Оҷонсии рушди ҷангал ва минтақаҳои сабз, мубориза бо биёбоншавии назди Кумитаи миллии экология ва тағйирёбии иқлими Ӯзбекистон таъсисгарони ин ҳамоиш буданд. Дар он намояндагони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон, инчунин коршиносони байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Тавре дар маросими ифтитоҳи он зикр шуд, чорабинии мазкур як ҷузъи барномаи «Ландшафтҳои устувор дар Осиёи Марказӣ» (RESILANDCA+)-ро, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ шудааст, ташкил мекунад.
Банда ба ҳайси директори Агентии беҳтар кардани вазъи ҷангал ва минтақаҳои сабз ва мубориза бо биёбоншавӣ изҳор доштам, ки Барномаи мазкур бузургтарин ташаббуси барқарорсозии экосистема дар минтақа унвон гирифтааст ва ба устувории иқлими ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ тавассути лоиҳаҳое ки аз ҷониби мақомоти миллӣ амалӣ карда мешаванд, мусоидат хоҳад кард.
Директори иҷроияи Маркази экологии минтақавии Осиёи Марказӣ Ботир Мамедов изҳор кард, ки ҳамоҳангсозии сиёсати экологӣ ва хоҷагии ҷангал дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ барои идоракунии устувори захираҳо ва мувозинати афзалиятҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ хеле муҳим аст.
Намояндагони мақомоти давлатии кишварҳои ҳамсоя лоиҳаи шартномаҳои байналмилалии зикршударо баррасӣ карданд. Аз ҷумла, Солиҷон Мирзоев, ҳамоҳангсози лоиҳаи «Барқарорсозии ландшафтҳои устувор дар Тоҷикистон»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон, Талантбек Турдуматов, муовини директори Департаменти ҳифзи гуногунии биологӣ ва минтақаҳои ҳифзшавандаи Қирғизистон, Зауреш Алимбетова, муовини раиси Ассотсиатсияи созмонҳои экологии Қазоқистон, Ҳакимҷон Абдуллоев, роҳбари Департаменти миллии татбиқи лоиҳаҳои Агентии афзоиши ҷангалҳо ва минтақаҳои сабз ва мубориза бо биёбоншавии Кумитаи экология ва тағйирёбии иқлими Ӯзбекистон, Самад Сарихонов, сардори Раёсати хоҷагии ҷангали Вазорати ҳифзи муҳити зисти Туркманистон ва дигарон доир ба намунаҳои амалии ҳамкории муваффақонаи фаромарзӣ барои бунёди самараноки қаъри хушкшудаи баҳри Арал, амалияҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ оид ба татбиқсозии сиёсати ҳамоҳангшуда барои барқарорсозии манзараҳои устувор (ҷангалҳо, чарогоҳҳо, биёбонҳо ва ғайра) ва татбиқ кардани онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва амсоли он ибрози назар намуданд.
Барномаи RESILAND CA+ айни замон дар ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон амалӣ мешавад.
Беш аз 700 гурӯҳи муштараки идоракунии ҷангал таъсис дода шудаанд. Лоиҳа инчунин таҳияи Кодекси нави экологӣ ва тағйирот ба Кодекси ҷангал ва аввалин Феҳристи миллии ҷангалҳоро аз соли 1989 дастгирӣ кард.
Дарвоқеъ, RESILAND CA+ ба барқарор кардани беш аз 250,000 гектар ҷангал ва чарогоҳҳо дар Ӯзбекистон мусоидат хоҳад кард. Лоиҳа дар 6 минтақа: Намангон, Сирдарё, Ҷиззах, Самарқанд, Қашқадарё ва Сурхондарё татбиқ карда мешавад. Шаш навъи барқарорсозии ландшафт таҳия карда, ниҳолхонаҳои махсус таъсис дода шудаанд, беш аз 10,000 гектар замини чарогоҳ тавора ва деворбандӣ гардидаанд, рушди экотуризм дар Боғи миллии Зомин, ки дар он 30 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шудаанд, дастгирӣ карда мешавад.
Эркин Муҳиддинов,
директори Оҷонси ҷангали назди Кумитаи миллии экология ва тағйирёбии иқлими Ӯзбекистон.