Ӯзбекистон: шумораи сайёҳон бори аввал аз 10 миллион нафар гузашт

Тибқи маълумоти Кумитаи миллии омор, дар давраи аз январ то ноябри соли 2025 ба Ӯзбекистон бо мақсадҳои сайёҳӣ 10,7 миллион шаҳрванди хориҷӣ ташриф оварданд.

Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 миллион нафар ё 47,4 фоиз афзудааст.

Даҳгонаи аввали кишварҳо аз рӯи шумораи сайёҳон:

Ҷумҳурии Қирғизистон — 3 миллион нафар

Қазоқистон — 2,5 миллион нафар

Тоҷикистон — 2,5 миллион нафар

Русия — 923,8 ҳазор нафар

Афғонистон — 429,4 ҳазор нафар

Туркманистон — 341,4 ҳазор нафар

Чин — 250,5 ҳазор нафар

Туркия — 161,9 ҳазор нафар

Ҳиндустон — 73,4 ҳазор нафар

Ҷумҳурии Корея — 44,1 ҳазор нафар

Афзоиши ҷараёни сайёҳӣ аз барқароршавӣ ва рушди фаъоли соҳаи сайёҳии кишвар, ҳамчунин самаранокии чораҳо ҷиҳати ҷалби меҳмонони хориҷӣ шаҳодат медиҳад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: