Имрӯзҳо барои васеъ намудани шабакаҳои муассисаҳои таълими томактабӣ, мустаҳкам намудани базаи моддию техникии онҳо, бунёди биноҳои нави кӯдакистонҳо барномаи давлатӣ қабул гардида, амалӣ мешавад.
Солҳои охир дар кишвари мо ба соҳаи маориф, бахусус таҳсилоти томактабӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Тибқи Фармони Президент «Дар бораи чораҳои иловагӣ барои баланд бардоштани самараи низоми идоракунӣ дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ ва мактабӣ» ва қарори Девони Вазирони Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои иловагӣ барои баланд бардоштани сатҳи фарогирии кӯдакон бо таҳсилоти томактабӣ дар солҳои 2025-2026» дар ин самт ислоҳот пай дар пай амалӣ мешаванд.
Имрӯзҳо барои васеъ намудани шабакаҳои муассисаҳои таълими томактабӣ, мустаҳкам намудани базаи моддию техникии онҳо, бунёди биноҳои нави кӯдакистонҳо барномаи давлатӣ қабул гардида, амалӣ мешавад. Бо назардошти таҷрибаи кишварҳои пешрафта ба васеъ намудани шабакаи муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, аз ҷумла кӯдакистонҳои ғайридавлатӣ низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад. Ин ба ташаккули рақобати солим дар сохтор ва зиёд шудани доираи хидматрасониҳои таълимӣ хидмат мекунад.
Тарбияи фарзандони миллат кори бузург аст. Ба онҳо аз кӯдакӣ тарбияи ҳамаҷониба додан вазифаи ҳар яки мост. Тарбияи томактабӣ ибтидо ва муҳимтарин ҳалқаи таълими муттасил мебошад. Тибқи хулосаҳои илмии коршиносону омӯзгорон 70 дарсади тамоми иттилооту дониши инсон дар тӯли умраш дар синни 5-солагӣ гирифта мешавад. Маҳз дар ҳамин сол фаъолияти зеҳнии кӯдакон меафзояд ва сифатҳои ахлоқӣ, эстетикӣ ва ҷисмонӣ ташаккул меёбанд.
Ин аст, ки солҳои охир ба рушди тарбияи томактабӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои пурра фаро гирифтани ин самти таълиму тарбия барои ҳар як кӯдаки синни кӯдакистон диққати махсус дода мешавад.
Бо мақсади зиёд кардани фарогирии кӯдакони 3-7 сола шаклҳои гуногуни муассисаҳои таълимии томактабӣ ба роҳ монда шудааст. Қулайии ташкили муассисаҳои таълимии томактабии оилавии ғайридавлатӣ, бо кор таъмин намудани аъзоёни хонавода дар оилаҳое, ки чунин кӯдакистонҳо таъсис додаанд ва дигар имтиёзҳо аз ҳар ҷиҳат судманд аст.
Дар замоне, ки қонун барои соҳибкороне, ки мехоҳанд ба мардум хидмат карда, дар пешрафти кишварамон саҳм гузоранд, роҳи васеъ кушод ва ба соҳибкорони инфиродӣ дар кушодани муассисаҳои таълимии томактабии оилавии ғайридавлатӣ дар шакли шарикии давлат ва бахши хусусӣ ёрии амалӣ мерасонад. Барои пай дар пай назорат кардани фаъолияти соҳибкорон, ҷорӣ намудани навовариҳо ва баланд бардоштани дониши сиёсии онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар айни замон, муассисаҳои таълимии оилавӣ, муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, ки аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ таъсис дода шудаанд, қариб дар ҳар як маҳаллаи ноҳияҳо фаъолият мекунанд.
– Дар шароити муосир, ки оилаҳо бештар ба дастгирии иловагӣ дар тарбияи кӯдакон ниёз доранд, кӯдакистони оилавӣ ба яке аз шаклҳои маъмул ва муассири таҳсилоти томактабӣ табдил меёбад. Ин навъи муассиса дар асоси гурӯҳҳои хурд фаъолият карда, муҳити наздик ба хона ва муносибати самимӣ бо кӯдаконро таъмин менамояд, – мегӯяд соҳибкор Дилнавоз Шомуродова, ки дар ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон фаъолият мекунад.
Натиҷаи заҳмати чандинсола, муҳаббати ӯ ба кӯдакон ва садоқат ба касбаш ба эҷоди ғояҳо ва ташаббусҳои нави Дилнавоз илҳом бахшид. Ӯ барои ташкили кӯдакистон дар хонаи худ нақшае дошт. Ба шарофати донише, ки дар ин соҳа ба даст овардааст, ӯ тавонист соҳибкори муваффақ шавад. Соҳибкор аввал дар хонае, ки дар он зиндагӣ мекард, боғчаи хонагӣ ташкил кард.
– Имрӯз дар кишвари мо ба дастгирии занони соҳибкор тавассути фароҳам овардани муҳити мусоид таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад, – иброз дошт Дилнавоз. – Аввалан, таваҷҷуҳи Президенти мо ба занон, инчунин ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок аз ҷониби Бонки саҳҳомӣ-тиҷоратии «Микрокредитбонк», барои густариши минбаъдаи фаъолияти мо ангеза гардид. То имрӯз ман 3 кӯдакистони оилавӣ таъсис додам. Дар ин кӯдакистонҳо дар маҷмӯъ 20 нафар зан ба кор ҷалб шудаанд ва 200 нафар кӯдак таҳсил мекунанд. Имрӯз ба кӯдакистони мо талаб афзуд.
Ҷанбаи аз ҳама муфид ин аст, ки вақте соҳибкор ин намуди фаъолиятро оғоз мекунад, давлат 100 фоизи хараҷоти хӯроки кӯдаконро мепӯшонад, барои таъмини барқ ва газ субсидия ҷудо мекунад. Ғайр аз ин, ба мураббӣ ва ёвари ӯ музди моҳонаи муқарраршуда аз ҷониби давлат дар шакли субсидия пардохт карда мешавад.
Яке аз афзалиятҳои асосии кӯдакистони оилавӣ имкони додани таваҷҷуҳи инфиродӣ ба ҳар кӯдак мебошад. Тарбиятгар метавонад хусусиятҳои равонӣ, рафторӣ ва қобилиятҳои ҳар як кӯдакро бодиққат мушоҳида карда, барои онҳо барномаи рушду бозӣ омода намояд. Муҳити хонагӣ, ки чунин муассисаҳо пешниҳод мекунанд, ба кӯдакон ҳисси амният ва озодиро медиҳад. Ин омил махсусан барои кӯдаконе, ки бори аввал аз муҳити хона дур мешаванд, аҳамияти калон дорад.
Кӯдакистони оилавӣ нисбат ба муассисаҳои томактабии анъанавӣ чандирии бештари вақти корӣ дорад. Қабули кӯдакон дар бисёр мавридҳо мувофиқи имконият ва шароити оилаҳо ба роҳ монда мешавад. Ин ба волидон, махсусан онҳое, ки ҷадвали кориашон тағйирёбанда аст, имкон медиҳад бо осонӣ фаъолияти корӣ ва тарбияи фарзандро ҳамоҳанг созад. Ғайр аз ин, чунин муассисаҳо одатан дар маҳаллаи истиқоматии оилаҳо ҷойгир буда, равуои кӯдак осон мегардад.
Илова бар ин, кӯдакистони оилавӣ метавонад роҳи ҳалли мушкили норасоии муассисаҳои томактабӣ дар баъзе минтақаҳо гардад. Бо ташкили чунин муассисаҳо дар маҳалҳо имконияти фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ фароҳам меояд.
– Дар кӯдакистони оилавӣ робитаи мустаҳками тарбиятгар бо волидон яке аз қоидаҳои асосӣ ба шумор меравад, – мегӯяд тарбиячии кӯдакистони «Софиябону» Гавҳар Муҳаммадҷонова. – Раванди таълиму тарбия дар кӯдакистони мо бо се забон – тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. Волидон ҳамарӯза аз ҷараёни рушд, рафтор ва ҳолати рӯҳии фарзанди худ огоҳ мегарданд. Ин ҳамкорӣ ба тарбияи мувофиқ ва ҳамоҳангии кӯдак мусоидат мекунад.
Барои фаъолияти кӯдакистони оилавӣ риояи меъёрҳои санитарӣ, гигиенӣ ва бехатарӣ ҳатмист. Муассиса бояд дорои ҳуҷҷатҳои зарурӣ, шароити мувофиқ барои бозӣ, хоб, ғизодиҳӣ ва омӯзиш бошад. Назорати мунтазами муҳит ва реҷаи рӯз дар ҳифзи саломатии кӯдакон нақши калон мебозад.
– Кӯдакистони оилавӣ дар рушди низоми таҳсилоти томактабӣ мавқеи хоси худро пайдо кардааст, – афзуд Д. Шомуродова. – Он барои кӯдакон муҳити гарму ором ва барои волидон дастгирии боэътимод фароҳам меорад. Бо назардошти талаботи афзоянда, густариши чунин муассисаҳои таълими томактабӣ метавонад ба беҳтар шудани шароити тарбияи аввали кӯдакон дар кишвар мусоидат намояд. Кӯдаке, ки омӯзиши томактабиро дар муҳити дуруст ва созанда мегузарад, ба синфи якум бо омодагии баланд меравад. Ҳамаи ин асоси муваффақияти минбаъдаи таълимӣ мебошад.
Дилнавоз Шомуродова барои оянда нақшаҳои калон дорад. Айни замон сохтмони бинои иловагӣ барои васеъ кардани кӯдакистон идома дорад.
Кӯдакистон танҳо як муассисаи хидматрасонӣ нест – ин сармоягузорӣ ба хушбахтӣ ва ояндаи дурахшони фарзандон аст. Интихоби дуруст метавонад ба рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон мусоидат карда, ба онҳо имкон медиҳад, ки ба оянда бо боварии комил қадам гузоранд.
Мағфират Мамаҷонова,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Намангон.