Маълум аст, ки туфайли ислоҳот бисёр масъалаҳо ҳаллу фасл мешаванд, рӯзгорамон обод, зиндагиамон фаровонтар мегардад. Аз ҷумла мушкилоти ҳифзи саломатӣ, беҳтар кардани хидматрасонии тиббӣ ба сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Суҳбати мо бо роҳбари Садорати нигаҳдории тандурустии вилояти Бухоро Элёр Олтиев дар атрофи ҳамин масъала ба амал омад.
– Элёр Дониёрович, хуб мешуд дар бораи вазъи кунунии соҳа маълумот медодед.
– Алҳол вилоят 2 миллион аҳолӣ дорад.
Ҷамъ 261 муассисаи тиббӣ, аз ҷумла, 1 шуъбаи ҳифзи тандурустӣ, 17 маркази тиббӣ, 1 диспансер, 13 иттиҳодияи тиббии шаҳрию ноҳиявӣ, 1 маҷмааи таваллуд, 102 поликлиникаи оилавӣ, 12 поликлиникаи марказии бисёрсоҳа, 86 нуқтаи шифокори оилавӣ, 1 беморхонаи ихтисосонидашуда, 14 шуъбаи осоиштагии санитарию эпидемиалогӣ ва саломатии ҷамоатӣ, 1 поликлиникаи стоматологӣ, 2 осоишгоҳ ва ғайра ба мардум хидмати тиббӣ мерасонанд.
– Оё дар вилоят сектори хусусӣ муассисаҳои табобатии худро дорад?
– Бале, шумораи муассисаҳои сектори хусусии вилоят 714-адад буда, 569-тои онҳо дар равияи амбулоторӣ, 145-тоашон дар равияи статсионарӣ оид ба 70 намуди ихтисос хидмат мерасонанд. Ҷамъаш 6979 ҷойи муолиҷагирӣ мавҷуд буда, 5582-тоаш ҷойҳои муолиҷагирии буҷавӣ, 1397-тоаш ҷойҳои муолиҷагирии ҳисоби хоҷагӣ мебошанд. Инчунин 157 ҷойи статсионарии буҷавии муолиҷагирии рӯзона ва 1444 ҷойи муолиҷагирии рӯзонаи муассисаҳои амбулаторию поликлиникавӣ мавҷуданд.
Дар муассисаҳои ёрии аввалини тиббию санитарии вилоят 967 бригадаи тиббӣ созмон ёфтаанд, ки 454 хонаи муоинаи назди духтур доранд. Ба аҳолии вилоят аз ҷониби 220 муассиса хидмати нахустини тиббӣ-санитарӣ расонда мешавад.
– Масъалаи таъминоти муассисаҳои тиббии вилоят бо кадрҳо – мутахассисон чӣ гуна аст?
– Имрӯз дар тамоми муассисаҳои тиббии мо 5466 шифокор ва 23211 корманди миёнаи тиббӣ фаъолият доранд. Сатҳи таъминот бо шифокори маълумоти олӣ нисбати 10000 аҳолӣ 26,2 нафарро ташкил медиҳад. Саҳми духтурони соҳиби тоифа дар соҳа 26,3 фоиз аст. Алҳол дар муассисаҳои ҳифзи тандурустии мо 174,5 воҳид ҷойҳои холӣ мавҷуданд.
Дар муассисаҳои хусусии тиббӣ 2750 корманди тиббӣ, аз ҷумла, 810 шифокор, 1200 корманди миёнаи тиббӣ ва 750 ходими дигар фаъолият доранд.
– Масъалаи такмили ихтисосро чӣ гуна ҳаллу фасл мекунед?
– Ба мақсади мустаҳкам намудани салоҳияти худ тӯли 10 моҳи гузаштаи соли сипаришуда зиёда аз 100 шифокор дар клиникаҳои бонуфузи хориҷӣ, беш аз 800 нафари дигар дар худи ҷумҳурӣ ва вилоят малакаи худро такмил доданд.
Ният дорем, ки дар соли 2026 боз 115 корманди тиббӣ дар хориҷа, 1350 мутахассис дар ҷумҳурӣ ва вилоят малакаи касбиашонро такмил диҳанд.
– Оид ба масъалаи ҳавасмандгардонии кормандон чӣ гуфтанӣ доред?
– Имсол 21 шифокоре, ки беғаразона хидмат кардаанд, бо нишони сарисинагии Вазорати ҳифзи тандурустӣ – «Аълочии ҳифзи тандурустӣ» тақдир карда шуданд. Чанд нафар сазовори мукофотҳои давлатӣ гардиданд.
– Мустаҳкамтар шудани пойгоҳи моддиву техникии муассисаҳои ҳифзи саломатӣ оё омили муҳими болоравии сифати хидматрасонии тиббӣ шуда метавонад?
– Бешубҳа, ин ҳама, асоси беҳ шудани сифати кори мост. Хушбахтона,инфрасохтори соҳа сол то сол беҳтар мегардад. Танҳо соли 2025 дар 70 муассисаи тиббӣ корҳои таъмиру сохтмон сурат гирифтанд. Бо ин мақсад 184 миллиарду 359 миллион сӯм маблағ ҷудо гардида, пойгоҳи моддиву техникии онҳо мустаҳкамтар шуд. Дар доираи барномаи сармоявӣ барои таъмиру сохтмони 2 иншоот 44 миллиард сӯм, дар асоси қарори Девони Вазирон аз 7 майи соли ҷорӣ барои ҷараёни сохтмону мантажи 23-то иншоот 63 миллиарду 450 миллион сӯм ҷудо гардида, корҳои бунёдкорӣ иҷро шуданд.
Таъкид кардан мехостам, ки 14 августи соли ҷорӣ якҷо бо вазири нигаҳдории тандурустӣ Асилбек Худоёров бинои МРТ/МСКТ-и шуъбаи вилоятии Маркази илмии ёрии фаврии тиббии ҷумҳурӣ, осорхона, китобхона, маҷлисгоҳи замонавӣ ва толори интизории беморхонаро ба истифода супоридем. Ғайр аз ин ба кор даромадани бинои нави диспансери эндокринологияи вилоят, бинои нави беморхонаи марказии ноҳияи Шофиркон ва бисёр дигар боиси хурсандии аҳолӣ гардиданд.
Соли равон ба 1 миллиарду 36 миллион сӯм маблағ 211 адад таҷҳизоти тиббӣ таъмир карда шуданд, ба қимати 8 миллиард сӯм 187 ҷиҳози нави тиббӣ харидем.
– Чанд сухан дар бораи ҷараёни корҳо бобати рақамӣ кунонидани соҳа мегуфтед.
– Дар ин бобат низ корҳои назаррас ба сомон мерасанд. Хусусан агар дар давраи даҳ моҳи гузаштаи соли равон аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ ба маблағи 6 миллиарду 383 миллион сӯм 982 дона, аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ба маблағи 12 миллиарду 259 миллион сӯм 1886 дона компутер гирифта бошем, то охири сол аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ хариди боз 407 адади дигар дар назар аст.
– Дар бораи натиҷаҳои сифатии фаъолияти имсолаи тиббиёти вилоят чанд сухан мегуфтед.
– Агар нишондиҳандаҳои асосии омории тиббиро таҳлил кунем, бояд гуфт, ки соли ҷорӣ натиҷаҳои мусбат ба даст омаданд. Аз ҷумла таваллуд нисбат ба 9 моҳи соли гузашта 2 промиллӣ, афзоиши табиии аҳолӣ 1,9 промиллӣ маҳдуд гаштааст. Фавти модарон дар 9 моҳи соли гузашта 7 нафар буд, имсол 2 нафар аст, яъне 5-то кам мебошад. Фавти кӯдакон дар 9 моҳи соли гузашта 281-то буд, имсол 226-тост.
– Дар вилоят тӯли 6 моҳи аввали соли 2024-ум 607998 бемор ба қайд гирифта шудаанд, ин нишондиҳанда дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба 640094 нафар расидааст. Чаро миқдори беморон ба 32096 адад афзудааст?
– Саволатон дуруст аст. Ин афзоиш натиҷаи болоравии сифати назорати тиббии аҳолӣ дар ҳудудҳост. Ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе аз ҷониби сармутахассисони вилоят, ҳар рӯз аз ҷониби духтурони поликлиникаҳои марказӣ ва беморхонаҳо дар асоси нақша дар ду маҳалла гузаронида шудани назорати тиббӣ, инчунин ба низом дароварда шудани тадбирҳои скринингӣ ва сари вақт муайянкунии бемориҳост. Яъне духтурон ҳоло на фақат бо муолиҷаи беморони ба қабуломада машғуланд, балки ба ҳудудҳо рафта, аз байни аҳолӣ шахсони ба маризӣ гирифторшудаву хавфи гирифторшавидоштаро бо мақсади илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ ҷустуҷӯ менамоянд. Бояд гуфт, ки ин услуб хеле судовар буда, дар соҳа нав аст. Аз ҷумла ба 726 бемор барои муолиҷа ба марказҳои ихтисосонидашудаи ҷумҳурӣ, ба 4823 мариз барои табобат дар муассисаҳои муолиҷакунию профилактикаи вилоят роҳхатҳои имтиёзнок дода шуданд. Ин ҷараён соли 2026 низ вусъат меёбад. Хусусан, бармаҳал муайян кардани бемориҳои онкогематологӣ, гелминтоз, саратони бонувон ва ғайра ба нақша гирифта шудаанд.
– Ба мақсади рушди соҳа, боло бурдани салоҳияти кадрҳо, ба аҳолӣ расондани хидмати босифати тиббӣ ҳамкориҳои байналхалқию маҳаллиро низ ба роҳ мондед?
– Танҳо соли ҷорӣ Садорати нигаҳдории тандурустии вилоят бо 35 созмони хориҷию маҳаллӣ доир ба ҳамкорӣ мемориандум таҳия намуд. Аз ҷумла 11-тои ин ҳуҷҷат бо роҳбарони клиникаҳои бонуфузи хориҷӣ, 14-тоаш бо директорони марказҳои ихтисосонидашудаи ҷумҳурӣ ва 10 ададаш дар миқёси вилоят сурат гирифтанд. Баъди сафари расмии Президент ба ИМА дар байни ду мамлакат, аз ҷумла Бухоро ва ИМА оид ба ҳифзи тандурустӣ ҳамкориҳо роҳандозӣ шуданд.
Имсол дар доираи ҳамкорӣ бо ИМА, Туркия, Олмон, Русия, Қазоқистон, Белорус, Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон 33 шифокори хориҷӣ ба вилоятамон ташриф оварда, 108-то амалиёти ройгони ҷарроҳиро бо технологияи олӣ ба сомон расонданд. Дар давоми ин тадбир ба вилоят 1 миллиону 130 ҳазор доллари ИМА сармоя ворид шуд. Ҳамин тариқ октябри соли равон дар Маркази тиббии бисёршабакаи бачагонаи вилоят аз ҷониби профессори амрикоӣ, ҳамдиёрамон Алишер Дадабоев, роҳбари «Ҷамъияти глобал кардиологик алянс», профессор Уилям Новик, инчунин 24 мутахассиси Маркази тиббии миллии бачагон 30 нафар фарзандони 18-солаи дорои сактаи дили модарзоди оилаҳои вазъи иқтисодиашон мураккабу муҳтоҷи дастгирӣ аз ҳисоби фонди 300 ҳазор долларина ва суғуртаи тиббии давлатӣ ройгон ҷарроҳӣ карда шуданд.
Чунин ҷарроҳии ройгон аз ҷониби шифокорони турк низ сурат гирифт.
– Нақшаҳоятон дар соли нави 2026...
– Бинобар супориши сарвари давлат дар селектори видеоӣ 10 ноябри соли ҷорӣ, вазъи бемориҳо дар маҳаллаҳо таҳлил гардида, онҳо ба тоифаҳои сурх, зард, сабз ҷудо карда шуданд. Аз соли 2026 мутахассисони соҳаҳои маҳдуди шуъбаҳои вилоятии марказҳои ихтисосонидашудаи ҷумҳурӣ, муассисаҳои муолиҷавию профилактикаи вилоят, инчунин иттиҳодияҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо дар асоси нақша ба маҳаллаҳо мебароянд. Дар натиҷа роҳҳои саривақт муайян кардани беморон ва тарғиботи профилактикӣ дар маҳаллаҳо сурат мегиранд, нишондиҳандаҳои фавту ногироӣ маҳдуд мешаванд.
Соли равон 1869852 нафар аҳолии вилоят аз назорати тиббӣ гузаронида шуда, онҳо бинобар ҳолати саломатиашон дар беморхона ва бо усули амбулаторӣ муолиҷа карда мешаванд.
Аз ҷониби Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро якҷо бо Донишгоҳи Дегу Хании Куриёи Ҷанубӣ лоиҳаи гранти «Гармхонаи оқил» амалӣ гашта, худи ҳамин сол аз ҳисоби 570 ҳазор доллар маблағи грант ба лабораторияи биотехнологияи ҳуҷайра асос гузошта ва парвариши 20 намуд рустании шифобахш, аз ҷумла, дар мамлакат бори аввал женшен, ба роҳ монда шуд. Чун «Таҷрибаи Бухоро» дар ҷараёни муолиҷаи беморони муассисаҳои тиббии вилоят 30 фоизи дорувории гиёҳдармонӣ истифода бурда мешавад.
Дар Туркия 100 нафар роҳбар ва мутахассиси муассисаҳои тиббии Бухоро малакаи касбиашонро такмил медиҳанд. Дар натиҷа ҷарроҳиҳои мураккабе, ки дар хориҷа пешбинӣ шуда буданд, дар худи вилоят амалӣ мегарданд...
Дар Маркази тиббии бисёршабакаи бачагонаи вилояти Бухоро аз ҳисоби 30 миллиард сӯм маблағ шуъбаи онкогематология бунёд мегардад.
Бинои беморхонаи марказии ноҳияи Ғиждувон дар давоми солҳои 2026-2027 сохта мешавад. Дар 54 иншоот ҷараёни таъмири қиматаш 121 миллиарду 95 миллион сӯм сурат мегирад.
Дар иттиҳодияҳои тиббии ноҳияҳои Ғиждувон, Ҷондор, шаҳри Когон марказҳои нави тиббии байниноҳиявӣ сохта мешаванд.
– Дар хотима мехостем донем, ки шумо чун роҳбари ҳудудии соҳа аз кадом кор, ҳолат ё натиҷаҳо қаноатманд ҳастеду аз кадом не?
– Дар навбати аввал мо аз ғамхориву ташаббусҳои мунтазаму инсонпарваронаи сарвари давлат, ки дар қатори дигар соҳаҳо ба ҳифзи саломатии аҳолии мамлакат нигаронида шудаанд, хурсанд ҳастем.
Дар вилоят кам гардидани фавти модарон, назорату муоинаи тиббии оммавии ҳамдиёрон дар ҳудудҳо, торафт доман паҳн кардани ҳамкориҳои тиббии байналмилалию маҳаллӣ, ки ҳамватанонамонро аз ташвишҳои муолиҷа, хусусан дар хориҷа наҷот медиҳад, бешубҳа моро рӯҳбаланд мегардонад. Баробари ин маҳдудияти маданияти тиббии аҳолӣ моро ба ташвиш меоварад.
Ҳоло ҳама медонанд, ки мақсад ва талаби асосии Президент розӣ кардани мардум аст. Аз ин боис тӯли сол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 41 қабули сайёр гузаронида шуданд. Ба 107 нафар маслиҳати ҳуқуқӣ дода шуда, 321 ариза ба тариқи мусбат ҳаллу фасл гардиданд.
– Ташаккури зиёд, дар Соли нав комёбиҳои нав ба нав ёратон бод!
– Саломат бошед.
Суҳтаборо Амрулло Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.