Дар Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, Иттифоқи нависандагон, Бунёди ҷамоатии «Ватандошлар», Бунёди ҷамоатии дастгирии институтҳои ҷамъияти шаҳрвандии назди Олий Маҷлис ва Маркази ҷамъияти тарғиботгарони «Маърифат» дар мавзӯи «Ягонагии забонҳои туркӣ – як реша, як забон ва як фарҳанг» анҷумани маърифатӣ баргузор гардид.
Дар он шоиру нависандагон, олимон, ҳунарварон, донишҷӯёну профессорони макотиби олӣ ва меҳмонон аз хориҷ иштирок намуданд.
Раиси Иттиҳоди нависандагон Сироҷиддин Саййид, нависандаи мардумии Ӯзбекистон Исоҷон Султон, раиси раёсати Бунёди ҷамоатии «Ватандошлар» Одилҷон Сафаров ва дигарон дар бораи саъйи муттасили роҳбари давлати мо бобати татбиқи сиёсати ҳамгароӣ, таҳкими риштаҳои дӯстиву рафоқат байни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон ва самараи ин ҳаракатҳо хоссатан дар татбиқи дӯстии адабиётҳо дар солҳои охир ҳарф заданд.
Рӯнамоии китобҳои намояндагони Тоҷикистон Ҷамшед Примов («Тасвири ҳайрат») ва Солиҳа Олимова («Туғёни қалб»), ҳамчунин «Фарзанди Туркистонам» ном китоби адиби ӯзбекзабони Қазоқистон Эрназар Рӯзиметов рӯйи кор омад.
Шоири мардумӣ Маҳмуд Тоир, Ходими хидматнишондодаи фарҳанг Зулфия Муъминова шеърҳо хонданд. Овозхон, соҳиби Ҷоизаи давлатии Зулфия Адолат Исмоилова ва сарояндаи маркази санъати мақом Миршод Элов бо баромадҳои худ хотири иштирокдоронро болида намуданд.
Дар охир ба меҳмонон ва як қатор иштирокдорони фаъоли чорабинӣ туҳфаҳо тақдим карда шуд.
М. ШОДИЕВ