МУРОҶИАТНОМАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ БА ОЛИЙ МАҶЛИС ВА ХАЛҚИ ӮЗБЕКИСТОН

Ассалому алейкум, ҳамдиёрони азиз!

Депутатҳо ва сенаторони арҷманд!

Меҳмонони муҳтарам!

Имрӯз, ҳангоме ки Муроҷатномаро ба Олий Маҷлис ва халқи сермиллатамон барои соли оянда пешкаш мекунам, пеш аз ҳама, аз он ки ҳамаи шуморо сиҳҳату саломат ва бо кайфияти аъло мебинам, хурсандам.

Тӯли нӯҳ соли охир мову шумо якҷо бо мардуми кишвар роҳи бузурги тараққиётро тай намудем. Иқтисодиётамон аз нав ташаккул ёфт, муносибатҳои бозаргонӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ бештар шуданд, устувории қонун мустаҳкам гардид. Аз ҳама муҳимаш, самараи ислоҳоти моро ҳар як маҳалла, ҳар як хонавода ва ҳар як инсон дар рӯзгори ҳамарӯзааш эҳсос менамояд.

Агар бо як сухан гӯем, мо ба натиҷаи амалӣ табдил додани ислоҳотро омӯхтем. Инро дар қиёфаи торафт зебо пайдо кардани шаҳр ва деҳотамон, корхонаҳои замонавӣ, масканҳои савдову хидматрасонӣ, мактаб, кӯдакистон ва шифохонаҳо, кӯча ва маҳаллаҳои обод, низоми нақлиёту логистика, хидматҳои рақамӣ метавонем равшан дид.

Ҳамватанони гиромӣ!

Алҳол мо бо шумо соли воқеаҳои бағоят мураккабро, ки дар ҷаҳон ба вуқӯъ меоянд ва тағйиротҳои дигареро, ки то ба наздикӣ ҳеҷ кас онҳоро тасаввур карда наметавонист, дар вазъи пуртаҳлукаи  зиддиятҳои иқтисодии байни давлатҳо ҷамъбаст мекунем.

Бо вуҷуди душвориҳо мо ислоҳоти демократии оғозкардаамонро бо қатъият давом додем; ба дастгирии халқамон ва ғайрату шуҷоати ҷавононамон такя кардем; мавқеъ ва таъсири маҳалларо, ки асоси ҳамҷиҳатии мост, пурзӯр намудем; тафаккур ва ҷаҳонбинии мардумамонро тағйир дода, барои беш аз пеш муттаҳид шудани халқу кишвар саъй кардем; туфайли ташаббускорӣ ва меҳнати мардонавори соҳибкорон, деҳқонон ва фермерон ба комёбиҳо муваффақ шудем; аз ҳисоби сиёсати дӯстпарваронаи хориҷии ба манфиатҳои тарафайн асоснокшуда соли 2025 дар тамоми соҳаҳо ба комёбиҳои бузург ноил гардидем.

Пеш аз ҳама, бояд қайд кард, ки дар шароити гусастанисилсилаи истеҳсолоти миқёси ҷаҳон ва нақлиёту логистика, афзудани арзиши ашёи хом ва захираҳои молиявӣ низ иқтисодиёти мамлакатамон муътамад ва мунтазам ривоҷ меёбад.

Натиҷаҳои мазкур аз ҷониби ҳамҷамъияти дунё ва созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ эътиооф мегарданд.

Эътибор диҳед, нӯҳ сол муқаддам ба ҳаҷми 100 миллиард доллар расондани иқтисодиёт дастоварди бузург ба ҳисоб мерафт. Соли равон дар таърихи мо бори аввал маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 145 миллиард доллар гузашт. Ин натиҷаҳои бузург ба чӣ гана корҳои азим қодир будани халқамон ва ҳамаи моро бори дигар равшан намоиш дод.

Дар замоне, ки дар низоми савдои ҷаҳонӣ «қоидаҳои бозӣ» тағйир меёбанд, мо соли равон содироти худро 23 фоиз зиёд карда, ба 33,4 миллиард доллар мерасонем. Аз ҳама муҳимаш, захираҳои тиллову асъорамон, ки пойгоҳи мустаҳками молиявии  ислоҳоти мо ба шумор меравад, бори аввал аз 60 миллиард доллар зиёд гардид.

Соли равон ҳаҷми сармояҳои хориҷӣ, ки ба иқтисодиётамон ҷалб карда шуданд, ба 43,1 миллиард доллар расид.  Саҳми маҷмӯи маҳсулоти дохилии тамоми сармояҳо 31,9 фоизро ташкил медиҳад. Ин барои мунтазам бо суръати баланд афзудани иқтисодиёти мо дар солҳои минбаъда низ замина мегардад.

Обрӯву эътибор ва нуфуз, нишондиҳандаҳои байналхалқии Ӯзбекистон дар арсаи байналахалқӣ торафт мустаҳкамтар мегардад. Чунончӣ, оҷонсиҳои пешқадами рейтинги байналхалқӣ рейтинги мустақили мамлакатамонро аз «BB-» ба зинаи «ВВ» бардоштанд.

Ин суханон барои аксар шояд санади одӣ бошад. Вале иқтисоддонҳо, сармоягузорон ва соҳибони бонкҳо хеле хуб мефаҳманд, ки сухан дар бораи натиҷаҳои азим меравад. Танҳо бинобар ин дигаргунӣ ставкаи фоизи захираҳо ба 1-1,5 дараҷа коҳиш ёфта, қарзи хориҷӣ  камаш 300 миллион доллар паст шуд.

Ҳамчунин дар индекси камолоти техникии давлатҳо, ки Бонки ҷаҳонӣ эълон мекунад, Ӯзбекистон 71 зина боло рафта, дар байни 10 кишвари пешқадамтарини ҷаҳон (мавқеи 9) ҷой гирифт.

Бинобар беш аз пеш беҳтар намудани инфрасохтори зиёд кардани фаровонҳолии аҳолӣ ва тиҷорат низ соли 2025-ум соли дигаргуниҳои азим гардид.  Ба хусус аз ҳисоби содир кардани гардиши бузург дар энергетика ҳаҷми истеҳсоли электрро ба 85 миллиард киловатт-соат расондем.

Тасаввур кунед, агар дар дараҷаи генератсияи 60 миллиард киловатт-соати соли 2017 боқӣ мемондем, ҳоли ҳозир ҳаҷми иқтисодиётамонро оё 2 баробар афзун карда метавонистем? Оё талаботи рӯзафзуни истеҳсолот, эҳтиёҷоти аҳолии 38 миллионнафараро сарпур карда метавонистем?

Соли равон ба хонадони аҳолии 715 ҳазорнафараи 188 маҳалла бори аввал оби тозаи ошомиданӣ ворид гардид, барилова таъминоти қариб 2 миллиону 300 ҳазор нафар аҳолӣ беҳтар шуд. Ё худ ба 470 ҳазор хонаводаи 867 маҳаллаи «ночор» барои обёрии замини наздиҳавлӣ бори аввал об расонда шуд.

Соли равон барои аҳолӣ 8 миллиону 100 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои серошёндорои 135 ҳазор хонадон сохта, ба истифода дода шуданд, худи одамон низ барои беҳтар кардани шароити зиндагии худ дар 19 миллион метри мураббаъ манзил сохтанд. Аз ҷониби намояндагони тиҷорат дар 24 миллион метри мураббаъ иншооти ғайриманзилӣ барпо карда шуданд.

Умуман тӯли нӯҳ соли охир 210 миллион метри мураббаъ манзил ва иншооти ғайриманзилӣ сохта, ба истифода супурда шуданд.

Ман эътибори шуморо беҳуда ба рақамҳои мазкур ҷалб намесозам.

Агар мо барои инфрасохторҳои роҳ, об, электр ва ғайра маблағҳои заруриро дарёфт намекардем, барои бинокорон ва корхонаҳои маводи сохтмон шароит фароҳам  намеовардем, низоми иппотекаро ба роҳ намегузоштем, оё ин қадар корҳои сохтмонӣ иҷро мешуданд?

Соли равон 5 миллион аҳолии мо соҳиби даромад гаштанд, дараҷаи бекорӣ аз 5,5 ба 4,9 фоиз поин омад. Тақрибан 1,5 миллион аҳолии муҳтоҷ аз нодорӣ баромад, бори аввал 1 ҳазору 435 маҳалла ба ҳудуди «бидуни нодорӣ» табдил ёфт.

168 ҳазор кӯдаки оилаҳои нодор бо имтиёз ба кӯдакистонҳои давлатӣ қабул карда шуданд.

Аз ибтидои имсол дар 208 кӯдакистон бори аввал низоми таълими инклюзивӣ ҷорӣ гардид.

Бояд таъкид намуд, ки дараҷаи нодорӣ дар кишварамон аз 8,9 фоизи аввали сол ба 5,8 фоиз фаромад.

Ба хортир оваред, ҳангоме ки мо ин корҳоро оғоз намудем, аз се як қисми аҳолиамон дар ҳудуди нодорӣ зиндагӣ мекард. Дар натиҷаи аз тариқи вом, субсидия, ҷубронпулӣ, умуман зиёда аз 100 намуди хидматрасонӣ ҷорӣ кардани низоми куллан нави ҳифзи иҷтимоӣ ва ба ихтиёри маҳалла гузоштани «ҳафтгона» беш аз 8,5 миллион нафар аз банди нодорӣ раҳоӣ ёфтанд, бекорӣ 2 баробар кам шуд. Дар натиҷа, марраеро, ки барои дар охири соли 2026-ум 2 баробар коҳиш додани камбағалӣ ба зимма гирифта будем, худи ҳамин сол иҷро кардем.

Ҳангоме ки дар бораи комёбиҳои муҳимтарини худ сухан меронем, азму шуҷоат ва ғалабаҳои варзишгаронамонро дар мусобиқаҳои бонуфузи байналхалқӣ бояд бо мамнуният таъкид кард.

Аввало барои футболи Ӯзбекистон соли 2025 воқеан соли таърихӣ шуд. Ҷамоаи мунтахаби миллӣ бори нахуст ба Чемпионати ҷаҳон роҳхат гирифт. Шоҳмотбозори моҳирамон дар мусобиқа Ҷоми ҷаҳон ба тарзи шоиста иштирок карданд. Ба хусус, гросмейстери ҷавони мо Ҷавоҳир Синдоров ҷавонтарин соҳиби Ҷоми ҷаҳон шуд, ки барои ҳамаамон боиси ифтихори бузург аст.

Аз ҳама муҳимаш, комёбиҳои мо дар олами шоҳмот танҳо аз ин иборат нест. Ҳафтаи гузашта дар чемпионати ҷаҳон оид ба самтҳои рапид ва блитс, ки дар байни шоҳмотбозони 9-17 сола баргузор шуд, намояндагони кишвари мо соҳиби 5 медали тиллоӣ, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ гардида, дар ҳисоби натиҷаи умумиҷамоавӣ мақоми аввалро ишғол карданд.

Варзишгарони мо дар Бозиҳои параосиёии имсолаи ҷавонон бо ҷасорату матонат иштирок намуда, бо 125 медали тиллоӣ, 77 нуқра ва 52 биринҷӣ дар байни давлатҳои иштирокдор натиҷаи аз ҳама баландтаринро қайд карданд.

Бидуни шубҳа, духтару писарони соҳибистеъдоди мо бо комёбиҳои азимашон дар соҳаҳои таълим, илму фан, маданият, санъат, варзиш ва ғайра низ ба пешрафти Ӯзбекистони  Нав саҳми муносиб мегузоранд.

Донишомӯзон ва донишҷӯёни мо соли равон дар олимпиадаҳои фаннӣ 51 медали тиллоӣ, 101 нуқра, 126 биринҷиро ба даст оварда, дониш ва салоҳияти худро ба ҷаҳониён намоиш доданд.      

Мо ба чунин фарзандон, ки ифтихори халқу кишвар мебошанд, ба падару модар ва устоду муррабиёни онҳо бори дигар аз таҳти дил таҳсину офарин мегӯем.

Равшан аст, ки Ӯзбекистон соли оянда мизбони Олимпиадаи 46-умини умумиҷаҳонии шоҳмот, соли 2027-ум чемпионати ҷаҳон дар байни футболбозони то 20-сола, соли 2029-ум бошад, Бозиҳои осиёии ҷавонон мегардад.

Баробари ин соли 2026-ум бори нахуст: дар байни донишомӯзони мактабҳо олимпиадаҳои бонуфузи байналхалқии кимиё ва информатика, дар байни давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар самтҳои муҳандисӣ, дар байни толибилмони техникумҳои давлатҳои туркӣ олимпиадаи самти касб баргузор мегарданд.  Бовар дорам, ки фарзандони мо дар ин мусобиқот низ ба тарзи муносиб ширкат меварзанд.

Ин чорабиниҳои бонуфуз Ватанамонро ба кишвари инкишофёфтаи варзиш ва илму фан табдил медиҳанд, барои афзун гардидани обрӯву эътибори он хидмат мекунанд.

Солҳои охир кишвари мо ба соҳати байналхалқии баррасии масоили ҷаҳонӣ табдил меёбад. Ба хусус соли равон мизбони Ассамблеяи 150-умини ҷашнии Иттифоқи байнипарлумонӣ; иҷлосияи конфронси генералии ЮНЕСКО; ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» ва анҷумани байналхалқии иқлим мегардад.

Ҳамчунин моҳи марти соли равон дар Хуҷанд сарони Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон бори аввал ба шартномаи таърихӣ дар бораи нуқтаҳои пайванди ҳудудҳои давлатии се кишвар имзо гузоштанд ва «Баённома дар бораи дӯстии абадӣ»-ро қабул карданд.

Мо ба наздикӣ ҳангоми Мулоқоти маслиҳатии роҳбарони давлатҳои минтақа ғояи ба зинаи сифатан нав бардоштани ҷараёнҳои қаробат созмон додани шакли стратегии ҳамҷамъияти Осиёи Марказиро пеш гузоштем. Қарор дар бораи қабул гардилани Озарбойҷон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҳамоиши Осиёи Марказӣ дорои аҳамияти таърихист.  Шубҳае нест, ки иқдоми мазкур ба вобастагиву барқарории стратегии Осиёи Марказӣ ба Кавкози Ҷанубӣ нирӯъ мебахшад.

Баробари ин моҳи октябр дар Брюссел дар байни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо Шартнома дар бораи шарикӣ ва ҳамкории васеъ ба имзо расид. Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва ИМА, ки моҳи ноябр баргузор шуд, барои аз ҷиҳати сифат ба зинаи куллан нав бардоштани шарикии бисёрҷанба ва дарозмуҳлат хидмат хоҳад кард.

Ҳафтаи гузашта дар Токио, дар мулоқоти сарони Осиёи Марказӣ ва Ҷопон бинобар соҳаҳои таълим, тиббиёт, технологияи рақамӣ, инфрасохтор ва саноат қарордодҳои муҳим имзо шуданд.

Дар ибтидои ҳафтаи мазкур бошад, дар Санкт Петербург мулоқоти роҳбарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд ва дар он низ самтҳои нави ҳамкориҳоямон муайян карда шуданд.       

Ҳамаи ин алоқаҳои байналхалқии моро аз ҷиҳати мазмун ба зинаи нав бардошт.

Мо бо тамоми кишварҳои дуру наздики ҷаҳон – Шарқ ва Ғарб, Шимол ва Ҷануб ба бунёди пулҳои дӯстӣ идома медиҳем.

Муҳтарам иштирокдорони ҷамъомад!

Ду сол муқаддам, ҳангоме ки Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030»-ро қабул мекардем, муайян шуда буд, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то соли 2030-юм ба 160 миллиард доллар расонида шавад. Тавре ки мебинед, бо салоҳияте, ки дорем, бо ислоҳоти кунунӣ, фаъолнокии соҳибкорон, афзун гардидани ҳамкориҳоямон бо шарикони хориҷӣ мо метавонем, аллакай дар соли 2026-ум ин марраро фатҳ кунем.

Набояд фаромӯш кард, ки барои ба рақобати иқтисодиёти кунунии ҷаҳонӣ тобовар шудан соҳибони касб ва мутахассисони баландмалака, технологияи замонавӣ аҳамияти ҳалкунанда доранд.

Агар мо дар саноат-электроника ва электротехника, био-кимиё ва полимерҳо, дорусозӣ, мошинсозӣ барин соҳаҳоро, ки ба фароҳам овардани арзиши олии иловагӣ имконият медиҳанд, инкишоф диҳем; дар хидматҳо ба зиёд кардани хидматрасониҳои сердаромад чун IT, зеҳни сунъӣ, финтех, консалтинг, нақлиёт-логистика муваффақ гардем; дар хоҷагии қишлоқ барои зиёд кардани ҳосилнокӣ истифодаи васеъи био-инжинерия, усулҳои фаъоли агротехникаи пешқадам ва сарфаи об комёб шавем; барои таъмин сохтани мувозинати байни рушди иқтисодӣ ва устувории экологӣ ба энергетикаи «сабз», истеҳсоли бидуни партов гузарем; дар таълим ва тиббиёт таҷрибаҳои пешқадами хориҷиро баҳри ба дараҷаи нав бардоштани сифати онҳо васеъ ҷорӣ намоем;  технологияҳои навро ворид кунем, кадрҳоро ба касбҳои замонавии илму фан ва инноватсияҳо тайёр кунем; дар панҷ соли оянда барои аз 240 миллиард доллар зиёд кардани ҳаҷми иқтисодиётамон тамоми имкониятҳоро дорем.

Ин рақамҳо пешгӯии дақиқ ва асоснок бо дарназардошти ҳисобу китобҳои пухта мебошад! Хулосаҳои Бунёди байналхақии асъор ва коршиносони бонуфуз низ инро тасдиқ мекунанд.

Ҳамдиёрони муҳтарам!

Мо имрӯз халқи беш аз 38 миллионнафара мебошем. Миллати боматонат ва пурифтихоре ҳастем, ки бо меҳнати сангин ва пуршараф дар бунёдкорӣ соҳибэҳтиром мегардад, ба фардо қадамҳои боэътимод мегузорад!

Мо дигаргуниҳоро интизор намешавем, балки баръакс онҳоро худамон бо ақлу заковати хеш, бо меҳнати пурмасъулиятамон меофарем.

Аҳолии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 2 фоиз меафзояд, зиёда аз 1 миллион писарону духтаронамон ба ҳаёти бузург ворид мешаванд. Ба ҷавонон менигарему комёбиҳои ба даст овардаи онҳоро дида, сарамон ба осмон мерасад, аз он ки ба сафи мо нируҳои азими бунёдкор ворид мегарданд, ифтихор мекунем.

Бешубҳа, дар ин замони мураккаб барои ҷавононро ба имтиҳонҳои мухталиф тобовар, ҳамчун инсонҳои ватанпарвар тарбия намудан, халқамонро беш аз пеш муттаҳид ва тифоқ кардан, мақом ва аҳамияти маҳалла, ки низоми нодири худидоракунӣ ба шумор меравад бидуни шубҳа бузург мебошад.

Маҳалла ва ҳамсоягии нек ҳуввиятҳои ягонаанд. Онҳо барои ғанитар кардани сарвати инсонӣ ва иҷтимоии ҷамъият саҳми беқиёс мегузоранд. Беш аз 90 фоизи аҳолии дар пурсишҳои иҷтимоии мамлакат ширкат варзида, ки худро як ҷузъи ҷамоаи маҳалла ҳисобидаанд, низ аз ин шаҳодат медиҳад.

Ба маҳалла, ки барои ҳамаи мо ҳам падар ва ҳам модар аст, дар ин поя баланд будани эҳсоси дахлдорӣ ба қисмати Ватан гувоҳи он аст, ки идораи мазкур, пеш аз ҳама, манбаъи ягонагии иҷтимоӣ мебошад.

Бешубҳа, барои мо дар даврони тараққиёти кунунӣ, рӯзҳое, ки дар дунё ҷараёнҳои бағоят ҷиддӣ ва таҳлукаовар меафзоянд, ягонагии миллӣ басо муҳим ва зарур аст.

Ниёгони донишмандамон барои мо мақоли пурҳикмати «Ба аҳл, кор саҳл»-ро вогузоштаанд.

Воқеан, нигоҳ кунед, дар ҳаёт муттаҳидшудагон комёб шудаанд, ғалаба кардаанд. Онҳое, ки ба ваҳдат наомадаанд, пароканда будаанд, маҳв гардидаанд.

Дар тӯли таърих мо ба чӣ гуна душвориҳо рӯ ба рӯ наоем, пеш аз ҳама, аз тифоқӣ нирӯву қувват гирифтем. Дар рӯзҳои пурмашаққат мардуми мо, аҳли маҳалла ба ҳам омада душвориҳоро паси сар кардаанд. Ба оила, ҳамсоя ба ҳамсоя кӯмак расонидаанд.

Мо бояд ба чунин ҳуввиятҳои бағоят нодири худ ҳамеша содиқ бошем, ҷавононамонро айнан дар ҳамин рӯҳия тарбият диҳем.

Ҳоли ҳозир дар ҷамъият вуҷуд доштани фикру ақидаҳои мухталиф табиист. Ин талабу тақозои асосии демократия аст. Вале қатъи назар аз миллат, забон ва дин ғояи бузурге ҳаст, ки он тамоми мардуми моро муттаҳид мекунад. Ин манфиати Ватан, манфиати халқамон аст.

Барои ба чунин мақсади бузург расидан мавқеъ ва таъсири низоми маҳалла беқиёс мебошад. Зеро агар маҳалла осудаву аҳл бошад, ҷамъият низ орому осуда ва ҳамҷиҳат мегардад. Маҳалла инкишоф ёбад, тамоми мамлакат инкишоф хоҳад ёфт.

Бо дарназардошти ҳамаи ин ман пешниҳод мекунам, ки соли 2026-ум дар кишварамон «Соли рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият» эълон карда шавад.

Барои дастгириатон ташаккур!

Барои ба амал татбиқ сохтани вазифаҳои асосие, ки дар номи Соли нав мушаххас шудааст, мо барномаи махсуси давлатиро қабул мекунем. Бешубҳа, дар ин барнома, пеш аз ҳама, масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумла ба маскани меҳру оқибат, ҳамҷиҳатӣ, адолату тарбия табдил додани беш аз 9 ҳазор маҳаллаи мамлакат ифода карда мешаванд. Ман дар ин бора баъдтар муфассал ҳарф хоҳам зад.

Мо мақсадҳои дар пеш гузоштаамонро танҳо худамон, бо такя ба таҷрибаи бузурги ҳаётии раисон ва фаъолони маҳалла, пирони соҳибэҳтиром, хоҳарон, ҷавонони серғайрат, зиёиён, соҳибкорони пурдон, посбонҳои Ватан, хулоса, бо тамоми халқамон якҷо татбиқ менамоем.

Муҳтарам депутатҳо ва сенаторон!

Мо барои бунёди Ӯзбекистони Нав ба давраи ҳалкунанда қадам мениҳем. Корҳои мо дар ин самт дар ҳар як соҳа ва бахш трансформатсияи амиқро тақозо мекунанд. Мақсадамон равшан аст. Ин солҳои наздик ворид шудан ба сафи кишварҳои даромадашон ба ҳар сари аҳолӣ аз миёна баланд мебошад.

Ҳар як шаҳрванди мо аз водии Фарғона то Назиарал, аз воҳаи Зарафшон то ба Қашқадарёву Сурхондарё, аз Тошканд то Ҷиззаху Сирдарё, хулоса дар кадом ҳудуди кишварамон зиндагӣ кунад, бояд натиҷаҳои ислоҳотро ибтидо  дар ҳаёти худ беш аз пеш эҳсос намояд. Бинобар ин ҳам соли фарорасидаистодаи 2026 дар рушди идоракунии давлат, низоми суду ҳуқуқ, шабакаҳои иқтисодиёт, сохтори таълим, илму фан, тиббиёт, маданият, варзиш, экология, умуман пешрафти тамоми соҳаҳо Соли гардиши куллӣ хоҳад шуд.

Акнун ба қисмати асосии Муроҷиатнома – дастури иборат аз муҳимтарин 6 самти устувор, ки бояд дар соли 2026 амалӣ шаванд, ҳамаҷониба таваққуф менамоям.

Нахустин самти устувор – аз беш аз пеш беҳтар намудани инфрасохтори маҳаллаҳо, ба онҳо ворид намудани қиёфаи Ӯзбекистони Нав иборат аст.

Ободии кишвар, пеш аз ҳама, аз маҳалла оғоз меёбад. Мардум маҳз бо дарназардошти мавҷудияту таъминоти роҳ, об, электр ва нақлиёти маҳалла, ҳолат ва шароити кӯдакистон, мактаб ва поликлиникаҳои оилавӣ ба ислоҳотҳои мо баҳо медиҳанд. Бинобар ҳамин ҳам инкишоф додани низоми маҳалла самти устувори сиёсати давлат буд ва ҳамин тарз мемонад.

Мо аз тариқи куллан беҳ сохтани инфрасохтори маҳалла ба идома додани корҳоямон баҳри ҳамаҷониба инкишоф додани мамлакат, беш аз пеш зебо ва ободтар кардани қиёфаи он идома медиҳем.

Алҳол дар маҳаллае ба ҳаллу фасли масъалаҳои роҳ, дар маҳаллаи дигар ба муаммоҳои вобаста ба об ё худ электр, дар маҳаллаи дигар ба масъалаҳои вобаста ба кӯдакистон, мактаб, тиббиёт, дар кадоме ба муаммоҳое хонаву манзил ба тарзи алоҳида эътибор дода мешавад. Бояд ошкоро гуфт, масъалаҳои вобаста ба маҳаллаҳо танҳо бо ин пурра ҳаллу фасл намешаванд. Барои ҳамин ҳам аз ибтидои соли оянда баҳри инкишоф додани маҳаллаҳо эътибори маҷмӯӣ ҷорӣ карда мешавад.

Мо дар ҳар вилоят 2-3 ноҳияро интихоб намуда, дар онҳо сохтореро ба вуҷуд меоварем, ки тамоми муаммоҳои маҳаллаҳо дар як вақт ҳаллу фасл карда шаванд. Ин таҷрибаи навро мо аз ноҳияи Ургут оғоз намудем. Дар ноҳия барои 100 ҳазор аҳолӣ экошаҳри замонавӣ бунёд карда шуд.  Соли оянда 544 миллиард сӯм ҷудо карда шуда, 72-то кӯдакистон, мактаб, поликлиника, инчунин роҳҳои дохилӣ сохта ва таъмир гардида, каналҳо бетонпӯш мегарданд, 2-то барои сел обанбор сохта мешаванд.

Дар 33 ноҳияе, ки интихоб мегардад ва 330 маҳаллаи шароиташ мураккаб низ чунин корҳо ташкил карда мешавад. Дар онҳо дар як вақт инфрасохтори соҳибкорӣ низ инкишоф дода мешавад. Барои ин мақсадҳо аз ҳисоби тамоми манбаъҳо 8,5 триллион сӯм, сармоя ҷудо карда мешавад.

Барои ҳал намудани мушкилоти ҳавзаҳои худ ба депутатҳо 500 миллиард сӯм (ба ҳар як депутат 3,3 миллиард сумӣ) медиҳем. Дар ин бобат барои барпо намудани «макони сабз», «боғи сабз» барои ташаббуси ҳар як депутат барилова 330 миллион сумӣ равон мекунем. Ба туфайли чунин муносибат, то соли 2030 барои тамоми маҳаллаҳои ноҳияҳо қиёфаи Ӯзбекистони Навро ворид месозем.

Албатта барои бо самар ташкил намудани ин корҳо даромади буҷети ноҳияро ҳадди ақал барои 2 маротиба афзудан шароит фароҳам овардан лозим. Бо ин мақсад аз 1 январи соли 2026 аз ҳисоби воридоти арзиши изофа дар шаҳри Тошканд 5 фоиз, дар ҳудудҳои боқимонда 20 фоизаш гузошта шуда, нимаи ин маблағҳо ба буҷетҳои ноҳияҳо гузаронида мешавад.

Ғайр аз ин 50 фоизи иҷрои барзиёди даромади пешгӯйишуда, ба иҷора додани заминҳои кишт ва даромад аз бозорҳо низ пурра ба буҷети ноҳия ворид карда мешавад.

Ба ҳокимони вилояту ноҳияҳо аз ҳисоби ихтисор намудани штатҳои воҳиди бесамар ва такрори ҳамдигар маблағи сарфагардида барои ҳалли масъалаҳои гузошта шуда сарф кардани онҳо иҷозат дода мешавад. Ба туфайли ин ба буҷети ноҳияҳо баризофа манбаи 5 триллион сум ташаккул меёбад ва он барои беҳсозии инфрасохтори маҳаллаҳо харҷ мегардад.

Соли оянда бори аввал барои рушди инфрасохтори маҳалла ба миқдори 20 триллион сум барои худи вилоятҳо медиҳем. Аз ҳама муҳимаш, ҳар як суми ин маблағҳо барои аҳолиамон нархи иловагӣ бояд фароҳам орад. Аз ин боис, ин маблағҳо барои кадом як ноҳия не, балки фароҳам овардани ҷойҳои кор дар маҳаллаҳо, лоиҳаҳои дақиқе, ки ба аҳолӣ даромад меорад, равона мегардад.

Раиси ҳар як маҳалла, ёрдамчии ҳоким ва банкири маҳалла лоиҳае таҳия намуда, онро асоснок карда тавонад, метавонад маблағи ногузирро ба даст орад. Дар ин сурат аз рӯйи адолат мегардад.

Ин дар корбурди босамари маблағи буҷет бархӯрди лоиҳавӣ мегардад.

Дар бобати урбанизатсия ва рушди барқарори шаҳрҳо ба ислоҳоти нав оғоз мебахшем. Аз ҷумла, дар бобати пешгирӣ намудани бенизом васеъ гардидани шаҳрҳо мизонҳои дақиқ муқаррар менамоем ва аз тариқи он беасос маҳдуд гардидани майдонҳои кишт қатъ карда мешавад.

Масалан, шаҳрҳое, ки беш аз 250 ҳазор аҳолӣ доранд, мисли ҳозира васеъ шудан гиранд, то соли 2050 27 ҳазор гектар майдони кишт аз даст дода мешавад. Табиист, ки ба ин роҳ додан мумкин нест.

Инчунин бори аввал дар ҷумҳурӣ ҳудуди 45-то агломератсияро муайян менамоем. Соли оянда платформаи «Шаҳри барқарор» роҳандозӣ гардида, «индекси роҳати зиндагӣ» низ ба роҳ гузошта мешавад. Аз тариқи ин индекс муаммоҳои ба ҳар як маҳалла хоси шаҳрҳо аниқ карда шуда, роҳи ҳалли онҳо бозгӯӣ мегардад.

Мо коҳиш додани камбағалиро ба ҳаракати умумимиллӣ табдил додем. Такрор мекунам, дар давраи гузашта муваффақ гардидем, ки 8,5 миллион аҳолиро аз камбағалӣ баровардем.

Мақсади асосӣ ба даромади доимӣ муваффақ гардонидани одамон мебошад. Шахси пулдор барои хуб пӯшидан ва хурдан, таълими босифат ва хидмати тиббии бомалака гирифтан, бомазмун фароғат кардан, хулоса, барои фаровон зиндагӣ намудан кӯшиш мекунад.

Аз ҳама муҳимаш, дар ин ҷараён соҳибкоронамон ба сифати қувваи ҳалкунанда дар сафи пеш истода объектҳои саноат ва хидматрасонӣ ташкил намуда, ҷойи кори доимӣ фароҳам овардан, аҳолӣ, хусусан ҷавонон ва бонувонро ба касб омӯзонда, дар худи маҳаллаҳо соҳиби касб ва соҳиби даромад кардан махсус ҷонбозӣ нишон медиҳанд. Аз ин боис, дар бобати дастгирии соҳибкорӣ сиёсатамонро давом дода, соли 2026 ставкаҳои асосии андозро бетағирот мегузорем, ба лоиҳаҳои инфрасохтори соҳибкорӣ беш аз 10 триллион сум маблағ ҷудо карда мешавад, барои рушди тиҷорати хурд ва миёна 140 триллион сум захира дода мешавад. Аз ин 43 триллион сум барои дастгирии соҳибкории бонувон ва ҷавонон равон карда мешавад.

Ғайр аз ин, соли 2026 аз тариқи лоиҳаи «саноат ва хидмат дар маҳалла» барои беш аз 10 ҳазор лоиҳаҳои истеҳсолӣ ва хидматрасониро ба роҳ андохтан 5 триллион сум кредит дода мешавад. Фоизи кредит бо асърои миллӣ то 10 фоиз, бо асъори хориҷӣ то 4 фоизаш аз Ширкати соҳибкорӣ сарпур карда мешавад. Барои ин низ аз буҷет 400 миллиард сум равон карда мешавад. Дар натиҷа дар маҳаллаҳо 100 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда мешавад.

Дар ҳар як маҳалла 40-тоӣ микролоиҳа ба амал оварда шуда, барои 360 ҳазор аҳолиро соҳиби кор намудан барои банкирҳои маҳалла ва ёрдамчиёни ҳоким соли 2026 боз 7,5 триллион сум захира ҷудо карда мешавад.

Дар соли нав аҳолии маҳалла, хусусан бонувонро ба таври васеъ ба варзиш ҷалб намудан, барои ин фароҳам овардани инфрасохтори ногузир барномаи сесола қабул гардида, ба ин мақсад 1 триллион сӯм сафарбар менамоем. Барои боз ҳам афзудани таваҷҷуҳи ҷавонони маҳалла ба китобхонӣ китобхонаҳои мактабро ҳар сол бо 10 миллион дона адабиёти бадеӣ таъмин карда меравем.

Ба туфайли чунин корҳоямон соли 2026 1 миллион нафарро бо кори доимӣ таъмин намуда, 181 ҳазор оиларо аз камбағалӣ раҳо месозем, дараҷаи камбағалӣ ва бекориро то 4,5 фоиз поён меорем, миқдори маҳаллаҳои аз камбағалӣ холиро ба 3,5 ҳазор мерасонем.

Ҳамватанони муҳтарам!

Самти дуюми устувор – ба модели афзоиши технологӣ ва инноватсионӣ гузарондани иқтисодиёт аст.

Дар миқёси ҷаҳон, дар ҳоле ки рақобат торафт пурзӯр мегардад, фақат давлатҳое, ки бо арзиши баланди изофӣ маҳсулот истеҳсол менамоянд, дар бозори ҷаҳон мавқеи худро соҳиб мегарданд. Аз ин рӯ, дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ба самарабахшии баланд ноил гардидан дар оянда мизони асосии ислоҳотамон бояд гардад.

Масалан, аз ҳисоби ривоҷи технологияи баланд ва шабакаҳои сарфакунандаи энергия соли ҷорӣ барои маҳсулоти 1 долларӣ муваффақ гардидем, ки миқдори сузишвориву энергия то 13 фоиз кам гардад. Танҳо ҳамин боз барои фароҳам овардани нархи изофаи 1 миллиард долларӣ имкон медиҳад.

Ин мисол ҳаминро нишон медиҳад, ки дар ҷойе, ки соҳибони касби баландмалака ва технологияи нав бошад, дар он рушду ривоҷ ба амал меояд.

Аз ин боис, то соли 2030 ҳаҷми маҳсулоти умумии дохилиро аз 240 миллиард доллар зиёд намудан роҳи аз ҳама дуруст – тамоми соҳаҳоро ба модели инкишофи технологӣ ва инноватсионӣ гузарондан аст!  Ин дар солҳои оянда самти асосии стратегияи тараққиёти иқтисодиёт мегардад.

Фазои мусоиди тиҷоратӣ, афзоиши демографӣ, эътибор ба сармояи инсон дар диёрамон, Ӯзбекистонро барои сармоягузорӣ ба яке аз мамлакатҳои аз ҳама ҷозибадор табдил медиҳад. Масалан, мо дар зарфи 9 сол ба шабакаҳои иқтисодиёт ба миқдори 130 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид кардем.

Дар худи соли ҷорӣ бо ҳамкорони хориҷӣ боз ба миқдори 140 миллиард доллар сармоя аҳду паймон кардем.

Соли оянда ба миқдори 50 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб мекунем. Пас аз ин ҳар як доллар сармоя, ин пеш аз ҳама технологияи пешқадам ва трансфери онҳо, бозори хориҷа аниқ, истеҳсоли маҳсулоте, ки қимати изофиаш баланд, барои боло бурдани самаранокии истифода аз захираҳои энергия, об, замин ва дигар неъматҳои табиӣ, омӯзондани коргарони маҳаллӣ барои кор бо технологияҳои нав ба афзоиши ҳосилнокии меҳнат бояд хидмат намояд. Яъне сармоягузоре, ки бо технологияи баланд ва ангезаҳои нав, бо мунҷари содир намудани маҳсулоташ ворид мегардад, аз ҳамкорони боваринокамон мегарданд.

Ба чунин сармоягузорони стратегӣ барои лоиҳа замин бо қимати бозор бевосита дода мешавад. Дар сурати тағйир ёфтани тоифаи замин, барои сарпури зарар пардохт то 10 сол барои қисмат карда пардохтан иҷозат дода мешавад. Барои расмӣ намудани замин, тағйир додани тоифаи он ба сохтмон ва инфрасохтор пайвастан ба хотири дарёфт намудани рухсатнома сармоягузорон дигар дар идораҳо зиёд тохту тоз намекунанд. Барои онҳо хидмати маҷмӯӣ дар асоси тамоили «даричаи ягона» бо номи платформаи электронии «Инвест. гов. уз» роҳандозӣ гардида ва тамоми вазоратҳо ба он пайваст карда мешаванд.

Ҳамзамон, ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ брендҳои машҳури ҷаҳонро ҷалб менамоем. Корхонаҳои минтақаҳои мазкур тартибҳои техникӣ, стандартҳои экологӣ ва меҳнатии байналхалқиро касб карда метавонад. Барои онҳо низоми махсуси имтиёзноки сармоявӣ, андоз, боҷхона ва ҳуқуқӣ ҷорӣ карда шуда, имконияти бозрасии низоъҳо дар доираи доварии ҳуқуқи байналхалқӣ фароҳам оварда мешавад.

Ҳамаи ин дар 5 соли оянда аз ҳисоби 180 миллиард доллар сармояи хориҷӣ барои фароҳам овардани 1 миллион ҷойи кори сердаромад хидмат мекунад.

Дар бобати афзудани ҳаҷми сармоя ба кишварамон низ хеле нақшаҳои калон дорем. Барои ҳамин ҳам ҳар як шартномаро ба лоиҳа баргардондан, дар фурсати хеле кӯтоҳ ҷалб намудани сармоя ва самарадории онҳо фақат онҳое, ки бо сармоя кор мекунанд масъул гардида,  низоми нави алоҳида ташкил мегардад.

Ғайр аз ин, дар бобати рушди саноат ва ҳамкории маҳалла низ айнан чунин низоми алоҳида мувофиқи мақсад аст.

Умуман рақобатбардор намудани иқтисодиёт, афзудани самарадории сармоя, технологӣ намудани шабакаҳои саноат куллан муносибати навро талаб мекунад. Барои ин фаъолиятҳои вазоратҳои иқтисодиёт ва молия, сармоягузорӣ, саноат ва савдо куллан таҷдиди назар мегардад. Барои ба марҳалаи нави технологӣ гузаштан ва афзудани занҷири қимати изофа барномаи рушди саноатро сар мекунем. Дар зимн, дар 5 соли оянда дар саноат нархи изофаи ҳозираи 36,5 миллиардро камаш ба 60 миллиард доллар расондан (афзоиш 1,6 баробар), ҳаҷми маҳсулоти шабакаҳои технологияҳои баланд ва аз миёна баландро 2,5 баробар афзудан чун мақсад муайян мекунем. Ба мақсади омодагии пурра гирифтан барои ин, соли 2026 ба 782 лоиҳаи нави саноатӣ ва инфрасохторӣ ба қимати 52 миллиард доллар оғоз меёбад.

Соли оянда ба миқдори 14 миллиард доллар 228-то неруҳои бузурги нав ба кор андохта мешавад. Масалан, дар кони тиллоӣ Навоӣ истихроҷи маъдан ба миқдори 320 миллион доллар (навбати сеюм) ба кор андохта шуда, барилова 2 миллион тонна маъдан аз нав коркард мешавад. Ҳамчунин, аз худ намудани марҳалаи навбатии кони «Мурунтов» ва ҳамчунин ба миқдори 2 миллиарду 300 миллион доллар лоиҳаҳои конҳои нуқра ба кор андохта мешаванд. Дар натиҷа неруе ба вуҷуд меояд, ки соле 18 миллион тонна маъданро аз нав кор карда, то соли 2030 ҳаҷми истеҳсоли тилло ба 175 тонна расонида мешавад.

Боз як лоиҳаи бузург – дар корхонаи Олмалиқ барпо намудани маҷмуаи металлургӣ ба қимати 2 миллиарду 700 миллион доллар мебошад, ки тавоноии он аз 300 ҳазор тонна катоди мис иборат хоҳад шуд.

Дар корхонаи «Самарқандкимё» аз ҳисоби 381 миллион доллар соле истеҳсоли 370 ҳазор тонна нурии фосфорӣ ва 540 ҳазор тонна нурии мураккаб роҳандозӣ мегардад.

Дар Қашқадарё ба қимати 200 миллион доллар сохтмони корхонаи кимё шурӯъ гардид.

Умуман, соли 2026  дар саноати кимё – ба миқдори 4,5 миллион доллар, дар ҳар як шабакаи металлургияи куҳу кон, нафту газ, автомобилсозӣ, бофандагӣ ва масолеҳи сохтмон 3 миллиард долларӣ,  дар электротехника  – 2 миллиард долларӣ, дорусозӣ – ба миқдорӣ 800 миллион долларӣ лоиҳаҳои нав оғоз мегардад. Ҳамин тариқ соли 2026 содиротамонро дар маҷмуъ ба 40 миллиард доллар расонда, саҳми маҳсулоти тайёр ва нимтайёрро аз 55 фоиз зиёд мегардонем.

Соли оянда дар иқтисодиёт 6,6 фоиз афзоишро таъмин намуда, пешгӯӣ мегардад, ки маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ ба 167 миллиард доллар расонида шавад. Агар дар бобати ҳосилдории меҳнат, самаранокии энергия ва нархи аслӣ корҳои ҷиддӣ бурда шавад, барои ин нишондодро боз ҳам афзудан тамоми имкониятҳо мавҷуд аст.

Аз ин боис барномаи «Ҳосилнокӣ ва самаранокиро 2 маротиба афзудан»-ро дар саноат сар мекунем. Аз ҷониби Вазорати иқтисодиёт ва молия дар бобати ҳосилнокӣ ва самаранокии энергия лоиҳаи алоҳида ба амал ҷорӣ мегардад. Ба ин лоиҳа аз институтҳои молияви байналхалқӣ ба миқдори 200 миллион доллар кредит ва грант ҷалб гардида, барои корхонаҳои саноатӣ аз хориҷ технолог ва муҳандисони баландмалака оварда мешаванд, ҷараёнҳои тиҷорат рақамӣ гардонида мешавад, дар бобати кам кардани харҷи энергия ва дигар хароҷот аудит гузаронида мешавад, технологияҳои пешқадам трансфер мегарданд.

Дар ин бобат «Маркази чоруми инқилоби саноатӣ» ташкил карда мешавад. Дар заминаи марказ робототехника, амволи интернет, мисли «фабрикаи оқил» қарорҳои «Индустрия 4.0» барои ҷорӣ кардан дар корхонаҳои саноатӣ «механизми ба тартиб андохтан» ба вуҷуд оварда мешавад. Дар ин сурат корхонаҳо пеш аз он, ки технологияи навро барои истеҳсол ҷорӣ намоянд, имкон пайдо мекунад, ки онҳоро озмуда бинанд.

Дар натиҷаи ислоҳотамон дар соҳаҳои аккредитатсия, метрология ва стандарткунӣ Ӯзбекистон дар 2 соли охир дар индекси «Инфрасохтори сифати ҷаҳонӣ» 15 сатр боло рафта, дар байни 185 давлат ба ҷойи 52 муваффақ гардид.

Ин, албатта, хуб аст! Ҳамзамон барои боз ҳам рақобатбардор гардидани маҳсулотҳоямон соҳаи батартибандозии техникиро ба зинаи нав бояд бардорем. Барои ин аз низоми «Назорати давлат» ба низоми «Назорати бозор» мегузарем, ки дар таҷрибаи байналхалқӣ самари хуб бахшидааст. Инчунин корхонаҳое, ки дар асоси инноватсионӣ маҳсулоти баландтехнологӣ истеҳсол менамоянд, рағбатнок мегардонем. Онҳо чунин маҳсулотро нисбат ба соли гузашта афзоянд, ба миқдори 5 фоизи қимати ҳаҷми маҳсулоти афзуда субсид дода мешавад. Даромаде, ки мутахассисони корхона аз коркардҳои илмиву тадқиқотӣ ва конструкторӣ ба даст меоранд, аз андоз озод карда мешаванд.

Аз тариқи чунин ислоҳот дар панҷ соли оянда дар саноат ҳосилнокии меҳнат  (аз 16,5 ҳазор доллар) ба 30 ҳазор доллар расонида мешавад;

 – Энергияе, ки барои истеҳсоли арзиши изофаи 1 ҳазор долларӣ харҷ мегардад, 1,5 баробар кам карда мешавад.

Имсол барои самтҳои IT, финтех, зеҳни сунъии стартапҳои маҳаллӣ аз хориҷ 270 миллион доллар сармоя ҷалб кардем. Аз соли оянда барномаҳои «Стартапҳои рақамӣ»-ро васеъ намуда, низоми нави кумакрасонии «Аз ғояи стартап то содирот»-ро роҳандозӣ мекунем. Дар ин ҳолат, барои ташкил намудани марказҳои стартапҳои хусусӣ аз Фонди ҷавонон ба муддати 5 сол ба миқдори то 5 миллиард сӯм суддаи бефоиз дода мешавад. 10 фоизи маблағҳое, ки дар ихтиёри худи муассисаҳои таҳсилоти олӣ мемонанд, низ ба рушди марказҳои инкубатсионӣ равона карда мешаванд.

Ғайр аз ин, дар Бонки марказӣ Дафтари финтех ва Ҳаби инноватсионӣ таъсис ёфта, ба он мутахассисон аз Сингапур ҷалб мегарданд. Тавассути ин ҳар сол барои ба бозорҳои хориҷӣ баровардани 20-30 стартапи финтехӣ ва ба онҳо ҷалб намудани то 1 миллиард доллар сармоя имкон фароҳам мегардад.

Умуман, рушди бозори фондҳои венчурӣ, стартапҳо, финтех ва дигар абзорҳои нави молиявӣ, инчунин кафолати қонунии ҳуқуқи ҳамаи иштирокдорони ин соҳа зарур мебошад. Бо ин мақсад, агар Парлумони мо якҷоя бо Ҳукумат то 1 март лоиҳаи қонун «Дар бораи фондҳои сармоягузории алтернативӣ»-ро таҳия намояд, айни муддао хоҳад буд.

Имсол содироти хидматҳои IT дар кишварамон бори аввал 1 миллиард долларо ташкил дод. Мо то соли 2030 ба 5 миллиард доллар расонидани ҳаҷми содироти хизматрасониҳои IT-ро пеши худ чун мақсад гузоштаем. Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар бозори ҷаҳонӣ Маркази байналмилалии технологияҳои рақамиро таъсис додем, барои ҷалби сармоя ба инфрасохтори IT як қатор имтиёзҳо пешниҳод гардиданд.

Соли оянда дар шаҳри Тошканд, вилоятҳои Бухоро, Фарғона ва Тошканд фаъолияти 4 маркази маълумот (Data Center), 2 супер-компютер ва дар 15 боргоҳи таълими олӣ лабораторияҳои зеҳни сунъӣ роҳандозӣ мешавад.

Ин барои татбиқи зиёда аз 100 лоиҳаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои муҳим, чун тиб, нақлиёт, кишоварзӣ, геология, бонкдорӣ ва молия, амнияти ҷамъиятӣ ва дигар самтҳо хидмат мекунад.

Имрӯз ҳазорон нафар ҷавонони боистеъдоди мо дар соҳаи IT ва зеҳни сунъӣ тадқиқот мебаранд. Барои дар амалиёт татбиқ намудани лоиҳаҳои конструктории онҳо дар самтҳои квант, дрон, робототехника ва ғайра “Маркази технологияҳои рақамӣ” таъсис дода мешавад. Бонки осиёии рушд инро дастгирӣ намуда, омодагии худро барои ҷудо намудани 200 миллион доллар иброз намуд.

Ҳамзамон, ҷиҳати рушди тадқиқотҳои соҳаи кайҳонӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои алоқаи моҳворавӣ, ки ҳамқадам бо зеҳни сунъӣ мегардад, низ қадамҳои ҷиддӣ гузошта шуданд. Дар ин самт, мо ба гузаронидани “Конгресси байналмилалии астронавтика” дар соли 2028 дар шаҳри Самарқанд омодагии ҳамаҷониба мебинем.

Имрӯз мехоҳам боз як навиди муҳимро эълон намоям. Дар таърихи Ӯзбекистони соҳибистиқлол бори аввал корҳо оид ба партоб намудани моҳвораи сунъӣ ва ба фазо фиристодани нахустин кайҳоннаварди ӯзбек – шаҳрванди кишвари мо оғоз гардиданд.

Бовар дорам, ки ин иқдом ба рушди илмӣ ва технологии Ӯзбекистони Нав, умуман, ба марҳилаи нав бардоштани пешрафти миллии мо такони бузург мебахшад.

Муҳтарам, иштирокдорони анҷуман!

Маълум аст, ки барои рушди устувори истеҳсол ҳам, истеъмол ҳам сармояи дарозмуҳлат зарур мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд бозори сармояро ҳамчун сутуни муҳими институтсионалии ҳавасмандкунандаи рушди иқтисодӣ муайян намуда, депозитарияҳои ҷаҳониро ба бозори миллии фондии худ ҷалб кунем. Бо ин бояд лоиҳаи қонуни навро «Дар бораи бозори сармоя», ки дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ таҳия шудааст, ҳарчи зудтар қабул намоем.

Барои коҳиш додани хатарҳои тағйирёбии қурби асъор, ба ширкатҳои маҳаллӣ иҷозат дода мешавад, ки ҳатто дар бозори дохилӣ облигатсияҳоро бо асъори хориҷӣ бароранд.

Соли оянда корхонаҳои мо бори аввал метавонанд саҳмияҳои худро дар бозорҳои байналмилалӣ низ ҷойгир намоянд.

Умуман, тавассути рушди бозори сармоя барои соҳибкорон имкони ҷалби боз 1 миллиард доллари иловагӣ фароҳам мегардад.

Дар соли 2026 дар самти коҳиши иқтисоди пинҳонӣ низ тағйироти ҷиддиро амалӣ мекунем. Дар натиҷаи чорабиниҳои андешидашуда, ҳиссаи иқтисоди ғайрирасмиро аз 45-50 фоиз то 28 фоиз кам кардем. Аммо ин ҳанӯз қадамҳои аввалин асту халос.

Барои тақвияти корҳо дар ин самт, барномаи алоҳида қабул кардем. Дар соли 2026: ҳамаи хидматрасониҳои давлатӣ ва пардохтҳои коммуналӣ, фурӯши сӯзишворӣ, маҳсулоти алкоголӣ ва тамоку, автомобил ва амволи ғайриманқул пурра ба шакли пардохти ғайринақдӣ мегузаранд; истифодаи «боди-камера» дар 17 намуди санҷиш, чун андоз, гумрук, назорати санитариву эпидемиологӣ, стандарт, карантин, нозироти назорати сохтмон ва амнияти сӯхтор ҳатмӣ мегардад.

Соҳибкороне, ки мехоҳанд ихтиёран аз иқтисоди «соявӣ» ба фаъолияти шаффоф гузаранд, аз рӯйи омодасозии ҳисоботҳои бухгалтерӣ, оморӣ ва андозӣ ройгон таълим дода мешаванд.

Дар маҷмӯъ, дар доираи барнома дар панҷ соли оянда ҳиссаи иқтисоди пинҳонӣ ду баробар коҳиш дода мешавад; ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои савдо ва хидматрасонӣ аз 75 фоиз зиёд хоҳад шуд;  шумораи аҳолӣ, ки дар бахши расмӣ машғуланд, аз 8,5 миллион то 14 миллион нафар мерасад.

Бо як сухан, дар асоси шиори «Меҳнати ҳалол — асоси зиндагии осоишта ва ҷомеаи фаровон» корҳо дар ин самт ба ҳаракати умумимиллӣ табдил дода мешаванд.

Дар бархе аз ҳамватанони мо дар мавриди ба иқтисодиёт равона кардани даромад, гузоштани маблағ ба депозитҳои бонкӣ, сабти расмии дороиҳо ба номи худ нигарониҳо мавҷуданд.  Аз ин рӯ, фикр мекунам, ки агар депутатҳои мо ва Бонки марказӣ дар асоси машварат бо созмонҳои байналмилалӣ оид ба фароҳам овардани шароит барои шаҳрвандон ҷиҳати истифодаи даромад ва дороиҳои қаблан бадастовардаашон – чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ пешниҳодҳоро таҳия намоянд, кори дуруст хоҳад буд.

Муҳтарам аъзои Парлумон!

Акнун, бо иҷозати шумо, мехоҳам ба самти сеюми афзалиятнок – масъалаи ҳавасмандсозии талабот дар бозори дохилӣ таваққуф намоям.

Фаровонии бозорҳо, устувории нарху наво, афзоиши талаботи истеъмолии аҳолӣ омили асоситарине мебошанд, ки беҳтар шудани сатҳи зиндагиро нишон медиҳанд.

Яке аз факторҳои муҳим, ки талаботи дохилиро ҳавасманд менамояд, ин сатҳи таваррум аст.

Дар нӯҳ сол мо  муҳити мусоиди соҳибкориро фароҳам оварда, ҳаҷму навъҳои молу хизматрасониро зиёд кардем; аҳолиро соҳиби даромад намуда, камбизоатиро ба таври назаррас коҳиш додем; барои оилаҳои камдаромад низ солона ҳадди ақал 1 миллиард доллар кредити арзон пешниҳод карда истодаем; нарху наворо ҷилавгирӣ намуда, сатҳи таваррумро ба рақами якхонаӣ поин бурдем, ки дар натиҷа қобилияти харидории аҳолӣ ду баробар афзоиш ёфт.

Масалан, агар панҷ сол пеш аҳолӣ солона 210 ҳазор хона, 600 ҳазор автомобил харидорӣ карда бошад, имсол 270 ҳазор хона ва 1 миллион мошин харида шуд. Агар даромад ва қобилияти харидории аҳолӣ афзоиш намеёфт, оё танҳо бозори амволи ғайриманқул ва автомобил метавонист ба 20 миллиард доллар расад?

Натиҷаҳои пурсишҳо, ки гузаронида шуданд ва таҳлилҳои коршиносони байналмилалӣ низ тасдиқ мекунанд, ки вазъи молиявии 75 фоизи аҳолӣ ба таври назаррас беҳтар шудааст. Албатта, мо бо ин натиҷаҳо қаноат накарда, корҳоро ҷиҳати афзунсозии даромад ва қобилияти харидории мардум пайваста идома хоҳем дод.

Тибқи таҳлилҳо, агар даромади аҳолӣ 10 фоиз зиёд шавад, истеъмол ба 8 фоиз меафзояд.

Ин – талаб ба маҳсулот ва хидматҳои нав аст, ин – иқтидорҳои иловагӣ ва ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Бо назардошти эҳтиёҷоти аҳолӣ, дар соли 2026 барои ипотекаи манзил, ки дар иқтисодиёт талаботи бузургтаринро эҷод мекунад, 23 триллион сӯм захира ҷудо мекунем. Барои пӯшонидани як қисми пардохти ибтидоӣ ва фоизҳо барои хариди хонаву ҷо 2 триллиону 700 миллиард сӯм субсидия дода мешавад.

Инчунин, миқдори кредити ипотекаи имтиёзнок, ки барои як манзил ҷудо карда мешавад, 15 фоиз зиёд карда мешавад.

Соли оянда сохтмони 140 ҳазор манзили бисёрошёна, албатта табиист, ки талаботро ба молҳои зарурии истеъмолӣ барои рӯзгор афзоиш медиҳад. Бо мақсади таъмини ин талабот бо манбаъҳои молиявӣ, соли 2026 ба ҷойи 140 триллион сӯми имсола ба маблағи 125 триллион сӯм кредитҳои истеъмолӣ ҷудо карда мешаванд.

Дар маҷмӯъ, дар соли 2026  то 11 фоиз зиёд намуда, ба 30 миллиард доллар расонидани ҳаҷми корҳои сохтмонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ин ба иқтисодиёт чӣ гуна таъсир мерасоад? Барои соҳаҳои масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти нассоҷ барои хонаву рӯзгор, электротехника, мебелсозӣ ва бахшҳои сервисӣ, ки ба ин иншоотҳо хидмат мерасонанд, бозори иловагии 5 миллиард долларӣ фароҳам меояд. Ин маънои 300 ҳазор ҷойи нави кориро дорад.

Афзудани даромади аҳолӣ талаботро ба хидматрасониҳо боло бурда, барои ба «драйвер»-и иқтисодиёт табдил ёфтани бахши сервис такони ҷиддӣ медиҳад. Танҳо дар ҳамин сол ҳаҷми хидматрасониҳо тақрибан 15 фоиз афзуда, ба 82 миллиард доллар расид.

Барои ҳавасмандсозии талабот ба хидматрасонӣ, дар соли 2026 ба соҳа 85 триллион сӯм кредит ва 9 триллион сӯм субсидия ҷудо мекунем. Бахусус, барои хидматҳои таълимӣ аз буҷет 7 триллион сӯм тақдим мегардад.

Дар панҷ соли оянда мо ҳадаф гузоштаем, ки шумораи сайёҳони хориҷиро ду баробар – аз 11 то 20 миллион нафар зиён намудан, ҳаҷми хидматрасониҳои сайёҳиро ба 20 миллиард доллар расонем. Бо ин мақсад, ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ диққати махсус медиҳем. Дар Самарқанд роҳрав ва пулҳои муосир сохта мешаванд, ки маҷмааҳои Бибихонум, Регистон, мақбараи Амир Темур, расадхонаи Улуғбек, Шоҳи Зинда ва осорхонаи Афросиёбро ба ҳам мепайванданд.

Дар Шаҳрисабз марҳилаи аввали маҷмааи бузурги сайёҳии Ғелон ба истифода дода мешавад. Дар ноҳияи Поп минтақаи сайёҳии кӯҳӣ-истироҳатии Арашан таъсис меёбад. Ичан-қалъаи Хива ба осорхона-шаҳри «иммерсив», яъне зинда ва «ақлнок» табдил дода мешавад. Дар атрофи ёдгориҳои бостоншиносии Хоразм ва Қароқалпоқистон ҳалқаи бузурги сайёҳӣ ташкил мегардад.

Инчунин, дар соли нав аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 3,5 ҳазор иншооти нави хидматрасонӣ ба маблағи 4 миллиард доллар ба кор дароварда мешавад. Барои ташкили масканҳои сайёҳӣ дар се соли оянда 5 ҳазор гектар замин ба музояда гузошта мешавад.

Ғайр аз ин, аз соли 2026 барномаи «Меҳмонхонаҳои мероси Ӯзбекистон»-ро оғоз хоҳем кард. Барои таъсиси «меҳмонхонаҳои бутикӣ» дар иншооти мероси фарҳангӣ дар асоси шарикии хусусӣ шабакаҳои бонуфузи меҳмонхонагӣ ҷалб карда мешаванд. Барои иштирокдорони барнома дар андозҳои замин, молу мулк, фоида ва пардохтҳои гумрукӣ имтиёз тақдим мегардад.

Маҳз аз ҳисоби ҳамин корҳо дар соли 2026 ҳаҷми бозори хидматрасониҳоро аз 100 миллиард доллар зиёд хоҳем кард.

Торафт афзудани ҷараёни ташрифи сайёҳон, ду баробар зиёд кардани иқтидори ҳамлу нақли мусофирон дар авиатсия ва роҳи оҳанро тақозо мекунад. Аз ин рӯ, дар соли 2026 шумораи ҳавопаймоҳо дар парки авиатсионӣ аз 105-то ба 120 адад мерасонем. Барои зиёд намудани парвозҳои маҳаллӣ низоми нави субсидия ҷорӣ мегардад.

Акнун, новобаста аз нарх, барои ҳар як чиптаи фурӯхташуда дар миқдори мушаххас субсидия ҷудо карда мешавад. Ин ба коҳиш ёфтани арзиши чиптаҳо ва афзоиши талабот мусоидат мекунад.

Ҳамзамон, бо мақсади омода намудани халабонҳо барои ҳавопаймоҳои нав, мутахассисони хидматрасонии техникӣ барои онҳо, инчунин кадрҳои баландихтисос барои соҳаҳои сервис ва идоракунии фурудгоҳҳо, Донишгоҳи авиатсияи шаҳрвандӣ таъсис дода мешавад.

Аз ширкати «Hyundai Rotem»-и Кореяи Ҷанубӣ 6 қатораи баландсуръат мебиёрем. Теъдоди аввалини онҳо дар рӯзҳои наздик мерасад.

Умуман, оид ба рушди роҳҳои оҳани дохилӣ барномаи панҷсола қабул мегардад.

Барои пайваст намудани шаҳрҳо тавассути қатораҳои баландсуръат, аз соли 2026 сохтмони боз 500 километр роҳи оҳанро оғоз хоҳем кард. Соли оянда 110 километр шабакаи роҳи оҳан сохта шуда, ноҳияҳои Бӯка, Пискент, Бекобод, Боёвут ва шаҳри Нурафшон бо пойтахт мепайванданд. Инчунин ба сохтмони хати нави роҳи оҳан барои қатораҳои баландсуръати мусофиркашон дар самти «Тошканд – Самарқанд» оғоз мекунем. Истгоҳҳои роҳи оҳани Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Хива ва Навоӣ низ барои шарикии хусусӣ дода мешаванд.

Тибқи таҳлили Созмони Милали Муттаҳид, роҳҳои босифат ба ҳадди ақалл 2 фоиз афзудани иқтисодиёти мо такон мебахшад.

Бо мақсади беҳтар намудани сифати роҳҳои автомобилгард, боз ҳам баланд бардоштани иқтидори транзитӣ, барномаи панҷсола татбиқ мегардад. Дар доираи он, роҳҳои магистралиро бо дарозии 4 ҳазор километр, ки Андиҷонро бо Қӯнғирот, Тошкандро бо Термиз, Самарқандро бо Шаҳрисабз ва Олотро бо Сариосиё мепайванданд, мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ ба «автобан»-ҳо табдил медиҳем.

Танҳо дар соли 2026 дар 300 километр роҳҳои истифодаи умум, ки аз ҳудуди Қароқалпоқистон, Бухоро, Қашқадарё ва Сурхондарё мегузаранд, корҳои таҷдид пурра анҷом дода мешаванд.

Дар самтҳои Тошканд–Самарқанд, Тошканд–Андиҷон, Тошканд–Бӯстонлиқ, Пунғон–Намангон ва Қаршӣ–Шаҳрисабз барои сохтмони 800 километр роҳҳо, ки барои ҳаракати босуръат пешбинӣ шудаанд, омодагии ҳамаҷониба дида, ҳамкоронро муайян кардем.

Сохтмони роҳи Тошканд–Самарқанд аз моҳи март ва корҳои амалӣ аз рӯйи роҳҳои боқимонда бошад, на дертар аз 1 июл оғоз хоҳанд шуд. Боз 1 ҳазору 200 километр роҳ то соли 2030 дар ҳамкорӣ бо институтҳои байналмилалии молиявӣ аз нав сохта мешаванд.

Акнун ҳангоми тарҳрезии лоиҳаи роҳҳо ба назар гирифтани фикри аҳолӣ, таъсири ҳаракати нақлиёт ба муҳити зист, чорабиниҳои қатъӣ ҷиҳати фароҳам овардани муҳити «бидуни монеа» барои пиёдагардон дар сатҳи қонун таҳким меёбад.

Ҷорӣ намудани технология ва стандартҳои пешрафта дар сохтмони роҳҳо ҳамчун тамоюли афзалиятнок муайян карда мешавад.  Агар Парлумон зимни қабули Қонун «Дар бораи роҳҳои автомобилгард» дар таҳрири нав низоми банақшагирии роҳҳоро ҳам ба инобат бигирад, мувофиқи мақсад аст.

Торафт афзудани даромади аҳолӣ ва ҷараёни ташрифи сайёҳони хориҷӣ, дар панҷ соли оянда талабот ба маҳсулоти ғизоиро 1,5 баробар зиёд хоҳад кард. Ба ҳамин хотир, аз 40 миллиард доллари имрӯза ба 60 миллиард доллар расонидани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзиро  дар назди худ чун ҳадаф мегузорем.

Ду ҳафта пеш бо намояндагони соҳаи аграрӣ мулоқот карда, тамоми масъалаҳоро аз рӯйи баланд бардоштани ҳосилнокӣ дар кишоварзӣ дар асоси технологияҳои муосир бо роҳҳои ҳалли мушаххас баррасӣ намудем.

Дар маҷмӯъ, соли нав барои дастгирии соҳаи кишоварзӣ 52 триллион сӯм ҷудо мекунем.

Бо нархҳои устувор ба мардум расонидани маҳсулоти хӯрокворӣ низ комилан ислоҳ мегардад. Барои бо маҳсулоти асосии хӯрокворӣ дар тамоми 12 моҳи сол бо нархҳои устувор таъмин намудани бозорҳо, аз соли 2026 ба низоми интервенсияи доимӣ хоҳем гузашт. Захираҳоро, ки дар минтақаҳо барои «Фондҳои озуқаворӣ» ҷудо карда мешаванд, 2,5 баробар зиёд намуда, ба 500 миллиард сӯм мерасонем. Инчунин, дар 1 000 маҳалла, ки ба меваю сабзавот ихтисосонида шудаанд, анборҳои хурди яхдондор бо ғунҷоиши то 100 тонна сохта мешаванд.

Ин тадбирҳо барои дар соли оянда то 6–6,5 фоиз поин бурдани сатҳи таваррум хидмат мекунанд.

Ҳамватанони муҳтарам!

Рушди касбҳо ва ташаккули меъмории нави бозори меҳнат – самти чоруми афзалиятноки барномаи мо барои соли оянда мебошад.

Дар шароити кунунӣ, зери таъсири технологияҳои нав, рақамисозӣ ва зеҳни сунъӣ, дар ҷаҳон шумора, шакл ва муҳтавои ҷойҳои корӣ комилан тағйир меёбанд. Дар панҷ соли наздик 30 фоизи касбҳои мавҷуда пурра автоматӣ мегарданд, барои 50 фоизи дигар бошад, таҷрибаҳои нав талаб карда мешаванд.

Ин равандҳо моро низ дар канор намегузоранд. Дар саноат – хатҳои автоматикӣ, дар кишоварзӣ – технологияҳои «ақлӣ», дар нақлиёт –  низоми идоракунии зеҳнӣ ба як падидаи рӯзмарра табдил ёфтааст.

Акнун бозори меҳнати мамлакат бояд бар асоси меъмории комилан нав – ҳамчун як механизми ягона, ки касб, малака, технология ва таълимро муттаҳид месозад, фаъолият намояд.

Бино ба андешаи мутахассисон, дар наврас шавқмандӣ ба ягон касб аз синфи 7 оғоз ёфта, кадом касбро интихоб намуданаш дар синфи 9 комилан равшан мегардад. Аз ин рӯ, низомеро ҷорӣ менамоем, ки хатмкунандагони синфи 9 бар асоси сатҳи азхудкунии фанҳо ва шавқи касбӣ интихоб карда мешаванд. Дар ин раванд, ҷавононе, ки нияти таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олиро надоранд, ба техникумҳо фиристода мешаванд.

Чанде пеш аз рӯйи таҷдиди техникумҳо бо симои муосир ва муҳити нав барномаи панҷсоларо тасдиқ кардем.

Ҳадафи ман ин аст, ки ҷавонони мо дар касбҳое, ки талаб зиёд аст, дар сатҳи ҷаҳонӣ рақобатпазир бошанд ва дар зарурат, аз дигарон як зина болотар қарор бигиранд. Барои расидан ба ин мақсад, мо техникумҳоро, ки муҳимтарин ҳалқаи таълими касбӣ ба шумор мераванд, ба зинаи нави сифат мебардорем. Барои ин, аз соли 2026 ҳар сол на камтар аз 100 техникумро пурра таъмир намуда, мутобиқ ба касбҳои технологӣ ва серталаб муҷаҳҳаз менамоем. Шумораи техникумҳоеро, ки барномаҳои пешрафтаи таълимии Олмон, Швейтсария, Британияи Кабир, Чин ва Корея ҷорӣ гардидаанд, ба 100 адад мерасонем.

Имрӯз мехоҳам ба шумо боз як навидро расонам: соли 2026 дар 7 вилоят ва соли 2027 дар минтақаҳои дигар фаъолияти Техникумҳои пешрафтаи маҳорати касбӣ ва «Шаҳраки касбҳо» ба роҳ монда мешавад.  Дар ин раванд Техникумҳои пешрафтаи маҳорати касбӣ ҳамчун пойгоҳи методӣ ва амалӣ барои дигар техникумҳои минтақа фаъолият намоянд, «Шаҳраки касбҳо» ба роҳнамоии хонандагони мактаб ба касбҳои муосир дар соҳаҳои сохтмон, хидматрасонӣ, кишоварзӣ, саноат, нақлиёт ва энергетикаи «сабз» хидмат менамоянд.

Мо ин низомро дар кишварамон се сол пеш роҳандозӣ карда, фарогирии донишомӯзонро ба 15 фоиз расондем.

Имрӯз дар самтҳои автомобилсозӣ, энергетикаи «сабз», сохтмон, нақлиёт, нассоҷӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ, хидматрасонӣ ва IT тақрибан 70 ҳазор хонанда дар асоси “таълими дуалӣ” таҳсил намуда, моҳе то 10 миллион сӯм маош мегиранд.

Акнун ҳамкориро дар байни техникум ва корфармоён ба марҳалаи нав мебарорем. Бахусус, ба корхонаҳое, ки таълимро дар асоси «таълими дуалӣ» босамар ба роҳ мондаанд:  то 5 миллиард сӯм кредити имтиёзнок ба муҳлати 7 сол ҷудо карда мешавад; дар рейтинги соҳибкорӣ 5 холи иловагӣ дода мешавад; имтиёзи андози иҷтимоии 1-фоиза барои ҳар як хонандаи техникум, ки корхонаҳо ба кор гирифтаанд, боз ба се соли дигар тамдид мегардад.

Инчунин, аз соли 2026 ба 100 ҳазор донишомӯз, ки дар техникумҳо таҳсил мекунанд, бори аввал стипендия дода мешавад; ба фарзандони мо, ки бо баҳои «аъло» мехонанд ва касби интихобкардаи худро ба таври амиқ аз худ менамоянд, стипендияҳо ба миқдори бештар таъйин мегардад.

Мо бояд таваҷҷӯҳро ба тайёр кардани кадрҳои дорои иқтидори баланди зеҳнӣ барои самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт боз ҳам бештар кунем.

Дар бораи ба идораи Донишгоҳи бонуфузи «Абуда»-и Маҷористон супурдани Донишкадаи политехникии Ҷиззах қарор қабул кардем.

Чанде пеш дар ҷараёни сафар ба Ҷопон, дар бораи дар самти илмҳои дақиқ таъсис додани як муассисаи нави таҳсилоти олӣ дар Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии «Сукуба» ба мувофиқа расидем.

Мо ин таҷрибаро идома дода, ба донишгоҳҳои худ дар самти илмҳои дақиқ ва техникӣ беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳонро ҷалб мекунем.

Боз як масъала — ҳар сол ба бозори меҳнат 300 ҳазор кадрҳои дорои маълумоти олӣ ворид мешаванд. Акнун як экосистемаи рақамиро эҷод мекунем, ки миёни хатмкунандагони боргоҳҳои таълими олӣ ва корфармоён ҳамчун «пул» хидмат мекунад. Дар он маълумот дар бораи нишондиҳандаҳои академии донишҷӯён ва ҷойҳои холии корӣ дар корхонаҳо ба таври “онлайн” намоён мегардад. Ин экосистема ба донишҷӯёни курси хатмкунанда имкон медиҳад, то кори муносиб пайдо кунанд ва ба корхонаҳо низ ҷалби кадрҳои соҳибихтисосро осон мегардонад.

Имсол мо бо кормандони соҳаи ҳифзи тандурустӣ ду маротиба мулоқот карда, аз рӯйи ҳамаи масъалаҳое, ки баррасӣ шуданд, фармон ва қарорҳои алоҳида қабул намудем.

Барои рушди таълими касбӣ дар низоми тиб, дар ҳамкорӣ бо ширкати «Пирсон»-и Англия дар як техникуми ҳар як минтақа омода кардани парасторон дар асоси стандартҳои байналмилалӣ оғоз гардид. Акнун дар ҳамин техникумҳо барномаҳои таълимии давлатҳои Олмон, Швейтсария, ИМА ва Ҷопон низ ҷорӣ карда мешаванд. Дар пояи ин, ҳайати парасторонеро, ки ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯянд ва забонҳои хориҷиро медонанд, ташаккул медиҳем.

Ислоҳоти густурдаи худро дар самти рақамисозии низоми тандурустӣ низ босуръат идома медиҳем. Барои ташкили муассисаҳои тиббӣ дар асоси равиши ягона, «нақшаи асосӣ» таҳия карда мешавад.

Илова бар ин, барои табобати бемориҳои ғайрисироятӣ, чун сактаи дил, сактаи мағзӣ, бемориҳои онкологӣ ва нефрологӣ, инчунин самтҳои трансплантатсия, ваксинатсия ва ҳифзи саломатии модару кӯдак нисбат ба солҳои гузашта 1,5 баробар зиёд – 3,5 триллион сӯм ҷудо карда мешавад.

Дӯстони гиромӣ!

Таъмини мувозинати экологӣ, истифодаи оқилонаи энергетикаи «сабз» ва захираҳои об – панҷумин самти афзалиятнок мебошад.

Барои насби филтр, иншооти тозакунӣ ва истгоҳҳои мониторинги партобҳои моддаҳои зараровар ба ҳаво, дар корхонаҳои калон, хатти кредитии 100 миллион долларӣ боз мешавад.

Соли оянда дар Самарқанд баргузории Ассамблеяи навбатии Фонди глобалии экологӣ ва Эко-намоишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин чорабиниҳо бобати дарёфти ҳамкорон барои шабака, минтақа ва тиҷорат, якҷоя оғоз намудани лоиҳаҳои нави экологӣ имконият фароҳам меоранд.

Дар шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд тақрибан 2 ҳазор гармхона мавҷуд аст, ки бо ангишт ва газ гарм мешаванд. Аз онҳо соле ба ҳаво 137 ҳазор тонна моддаҳои зараровар хориҷ мегардад. Акнун аз дегхонаҳое, ки бе филтр, бо ангишт кор мекунанд, даст мекашем. Онҳоро аз атрофи пойтахт кӯчонида, дар ҳама ҷо гармидиҳӣ тавассути дегхонаҳои марказонидашударо ба роҳ мемонем. Бо ин мақсад, на камтар аз 200 гектар агрокластерҳо таъсис дода шуда, ба гармхонаҳое, ки ба онҳо мепайванданд, субсидияҳои алоҳида ҷудо мегарданд.

Тамбашавии роҳҳо дар шаҳрҳо на танҳо рӯзгори мардумро душвор мекунад, балки ба экология низ зарари ҷиддӣ мерасонад. Аз ин рӯ, бо такя ба таҷрибаи ҷаҳонӣ, вобаста ба сатҳи моддаҳои зарароваре, ки аз автомобилҳо хориҷ мегарданд, низоми стикерҳои экологӣ ҷорӣ карда мешавад. Вуруди мошинҳое, ки миқдори зиёди моддаҳои зараровар хориҷ мекунанд, ба пойтахт, марказҳои вилоят ва шаҳрҳо маҳдуд мегардад. Барои иваз кардани чунин воситаҳои нақлиёт ё насби филтрҳо дар онҳо, аз ҷониби давлат чораҳои дастгирӣ андешида мешаванд.

Барои ин Фонди махсус таъсис дода мешавад. Ба онҳое, ки мехоҳанд мошини кӯҳнаи худро иваз кунанд, як қисми фоизи кредити автомобилӣ пардохта мешавад. Барои ронандагоне, ки бо насби филтр баҳри кам кардани зарар омодаанд, аз рӯйи як қисми хароҷот субсидия ҷудо карда мешавад.

Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт ва шаҳрҳои бузург вазифаи афзалиятноки мо хоҳад буд. Дар кӯчаҳои шаҳр роҳравҳои махсус барои автобус ва мусофиркашонҳо зиёд карда мешаванд. Дар шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд ва Намангон низоми идоракунии ҳаракати нақлиёт тавассути чароғакҳои зеҳнӣ ҷорӣ мегардад.

Ҷиҳати зиёд кардани шумораи автомобилҳои экологӣ барномаи панҷсоларо амалӣ мекунем. Дар доираи он, барои электромобилҳои маҳаллӣ автокредитҳои 12-фоиза ва барои электромобилҳои хориҷӣ 16-фоиза ҷудо карда мешаванд.

Барои ташкили истгоҳҳои қувватдиҳии электромобилҳо ба соҳибкорон кредитҳои имтиёзноки 10-фоиза дода мешаванд; имкони хариди замин аз музояда бо нархи ду баробар арзон фароҳам мегардад.

Дар истгоҳҳои қувватдиҳии электромобилҳо, қисми арзиши 1 киловатт-соат неруи барқ, ки аз 300 сӯм зиёд аст, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷуброн карда мешавад.

Ба шаҳрвандоне, ки бо электромобил хидматрасонии таксиро анҷом медиҳанд, низ як қатор имтиёзҳо дода мешаванд.

Муҳимтар аз ҳама, агар ин корҳоро дуруст ба роҳ монем, пойтахт, марказҳои вилоят ва шаҳрҳои калон ба минтақаҳое табдил меёбанд, ки танҳо «нақлиёти экологӣ» ҳаракат мекунад.

Барои пешгирии чангу ғубор, дар 10 ҳазор гектар майдони Сурхондарё «макони сабз» ва дар Сирдарё ба масофаи 84-километр девори сабз созмон меёбад. Дар Қароқалпоқистон, Хоразм, Бухоро ва Навоӣ дар маҷмӯъ дар 250 ҳазор гектар, аз ҷумла дар 115 ҳазор гектари қаъри хушкшудаи Баҳри Арал дарахту буттаҳо шинонда мешаванд.

Дар ҳар як минтақа боғҳои ботаникӣ ва дендрологӣ, инчунин 20-тоӣ кӯчаҳои сояву салқини сайругаштӣ бунёд мегарданд.

Барои ҷорӣ намудани стандартҳои экологӣ дар корхонаҳо, дар панҷ соли оянда ҳадди ақалл ба 30 ҳазор менеҷери экологӣ талабот ба миён меояд. Аз ин рӯ, соли 2026 дар ҳар як минтақа техникумҳои «сабз» ташкил гардида, дар асоси таълими дуалӣ соле тайёр кардани 10 ҳазор мутахассис роҳандозӣ мешавад.

Дар соли нав фаъолияти Донишгоҳи сабзи Осиёи Марказиро васеъ менамоем.

Барои муайян намудани сифати ҳаво, об ва хок лабораторияҳои маҷмӯӣ таъсис дода мешаванд. Дар шаҳрҳо ҷиҳати тақвияти вентилятсияи табиӣ тадқиқот  гузаронда мешаванд.

Умуман, ба соҳаи экология дар соли 2026 1 триллиону 900 миллиард сӯм равона мегардад.

Дар панҷ соли охир неругоҳҳои офтобӣ, бодӣ ва обии дорои иқтидори умумии 6 ҳазор мегаватт ба истифода дода шуданд ва ҳиссаи «энергияи сабз» дар истеҳсоли умумии неруи барқ ба 30 фоиз расид.

Ба наздикӣ бо ҳамкоронамон сохтмони иқтидорҳои нави «сабз» дар ҳаҷми умумии 3,5 ҳазор мегаватт ба маблағи 4 миллиарду 200 миллион доллар оғоз гардид. Дар натиҷаи ин корҳо танҳо дар соли 2026 7 миллиард метри мукааб гази табиӣ сарфа шуда, ба ҳаво баромадани 11 миллион тонна моддаҳои зараровар пешгирӣ карда мешавад.

Ҳамватанони муҳтарам!

Дар ҷаҳон мушкилоти камобӣ ҳарчи бештар ҷиддӣ мегардад. Аз ин рӯ, аз рӯзҳои аввали ислоҳот истифодаи оқилонаи обро ба сатҳи сиёсати давлатӣ баровардем.

Ба наздикӣ барномаи бузурге ба маблағи 5,5 миллиард доллар барои се соли оянда оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи об, навсозии иншооти обӣ ва чорабиниҳои обёрӣ қабул кардем.

Дар доираи барнома фарогирии технологияҳои сарфакунандаи об ба 61 фоиз, ё 2,6 миллион гектар расонда мешавад. Дар натиҷа, ҳар сол 2,5 миллиард метри мукааб об сарфа шуда, партови 200 ҳазор тонна газҳои буғӣ коҳиш меёбад.

Умуман, барои татбиқи тадбирҳои ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи об дар соли 2026-ум 3 триллиону 300 миллиард сӯм равона карда мешавад.

Инчунин, 1 ҳазору 300 километр каналҳои магистралии калон бо бетон пӯшида мешаванд, ки барои ин аз буҷет 3 триллион сӯм ҷудо мегардад.

Ин тадбир имкон медиҳад, ки соле 500 миллион метри мукааб оби иловагӣ сарфа карда шавад.

Ғайр аз ин, дар маҳалҳо оид ба гузаронидани дренажҳо ва коллекторҳои кушод ба низоми пӯшида барномаи алоҳида қабул мекунем. Барои ин мақсадҳо дар марҳилаи аввал барои соли 2026 100 миллион доллар ҷудо карда мешавад.

Ҳамчунин оид ба гузаронидани каналҳо ба низоми пӯшида лоиҳаҳои калон оғоз хоҳанд шуд. Лоиҳа ба миқдори 134 миллион доллар оид ба гузаронидани канали «Пахтаобод» дар Қашқадарё ба қубури фишордор қадами аввал дар ин самт хоҳад буд.

Дар натиҷаи ин тадбирҳо 20 ҳазор гектар замини кишоварзии иловагӣ кушода шуда, боз 25 ҳазор гектар майдон бо оби кафолатнок таъмин мегардад.

Айни ҳол, барои зиёд намудани ҳудудҳои «сабз» дар пойтахти мо, марказҳои вилоятҳо ва шаҳрҳо барқарорсозии низомҳои обёрӣ ва дренажӣ зарур аст. Ба як сухан, дар ҳамаи ҷӯйбори кӯчаҳои шаҳрҳо бояд об ҷорӣ гардад. Бо ин мақсад, дар доираи барномаи бузурги 160 миллион долларӣ дар шаҳри Тошканд 150 километр низоми дренажии пӯшида бунёд карда шуда, 197 километр канал ва коллекторҳо таъмир мегарданд; 63 километр каналҳои нав сохта шуда, дар шаҳр микроиқлими салқин фароҳам оварда мешавад.

Роҳбарони дигар минтақаҳо низ бояд аз берун ҳадди ақалл 20-25 миллион доллар маблағ ҷалб намуда, аз соли оянда дар маркази вилоят ва шаҳрҳои калон чунин лоиҳаҳоро оғоз намоянд.

Муҳтарам депутатҳо ва сенаторон!

Мо ислоҳотро дар самти шашуми афзалиятнок — идоракунии муосири давлатӣ ва низоми одилонаи судиву-ҳуқуқӣ идома медиҳем.

Пеш аз ҳама, аз соли 2026 Платформаи Ҳукумати электронӣ ба таври куллӣ навсозӣ мегардад. Акнун ҳамаи зиёда аз 1 ҳазор хидматрасонии давлатӣ; беш аз 5 ҳазор вазифа ва уҳдадориҳо; 240 пойгоҳи додаҳо ва низоми иттилоотӣ; ваколатҳои зиёда аз 100 ҳазор хидматчии давлатӣ дар сатҳи маҳалла, ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ ба Платформаи ягонаи рақамӣ ҳамгиро карда мешаванд.

Қабул ва коркарди муроҷиатҳо, тақсим намудани онҳо ба иҷрокунандагон ва назорати муҳлати баррасӣ бо истифода аз зеҳни сунъӣ амалӣ мегардад.

Ба таври содда гӯем, иҷро, муддат, ресурси ҳар як масъала  аз сатҳи маҳалла то ҷумҳурӣ  дар як ҷо намоён хоҳад буд.

Муҳимтар аз ҳама, мо дар расонидани хидматҳои давлатӣ экосистемае эҷод мекунем, ки бидуни омили инсонӣ, озод аз коррупсия ва бюрократияи зиёдатӣ бошад. Низоми пешниҳоди хидматҳои давлатӣ дар шакли проактивӣ ва маҷмӯӣ рушд дода мешавад.

Ба забони одӣ фаҳмонам: агар шаҳрванде хонаи нав бино карда, барои гирифтани ҳуҷҷати кадастр муроҷиат кунад, платформаи нав ҳамзамон масъалаи пайваст шудан ба об, барқ ва газро низ ҳал менамояд. Шумораи чунин хидматҳо дар соли 2026 ба 100 адад мерасад.

Ш. Шерматов, А. Тошқулов ва У. Ҳусайнов бояд соли оянда дар вилоятҳои Намангон, Сурхондарё ва шаҳри Тошканд, инчунин ноҳияҳо ва маҳаллаҳои онҳо; дар соҳаҳои сохтмон, адлия, таҳсилоти олӣ, мақомоти андоз ва бахшҳои вилоятӣ ва ноҳиявии онҳо ин платформаро пурра дар ҳолати озмоишӣ татбиқ намоянд.

Ҳар як вазир, роҳбари соҳа ва ҳокимон низ бояд аз соли нав чунин корҳоро дар низоми ноҳияҳои худ оғоз намуда, барои наздиктар кардани хизматҳои давлатӣ ба аҳолӣ ҷиддан кор кунанд.

Муҳтарам иштирокдорони ҷамъомад!

Имрӯз Парламенти мо Олий Маҷлис  дорои тамоми ваколатҳои назоратиест, ки ба қавитарин парламентҳо хос аст. Аз ҷумла, аз соли 2023 инҷониб ҳаҷми қарзи хориҷиро Парламенти мо муайян мекунад.

Акнун, агар тасдиқи гирифтани қарзи хориҷӣ таҳти кафолати давлатӣ низ ба ваколати Парламент вогузор карда шавад, чӣ назар доред?

Бо омӯзиши андешаҳои бисёр истеҳсолкунандагон ва соҳибкорон, аз 1 январи соли 2026 дар харидҳои давлатӣ низоми кушода, шаффоф ва одилона ҷорӣ мекунем. Ин ба соҳибкорони мо имконият медиҳад, ки дар бозори кафолатноки 300 триллион сӯмина бо молу хизматҳои худ фаъолона иштирок намоянд.

Минбаъд, ҳолатҳои аз харидҳои давлатӣ бевосита харид намудани мол, кор ва хизматҳо танҳо бо қонун муайян мегарданд.

Хабар доред, ки дар доираи ислоҳоти конститутсионӣ мо вазифаҳои ҳокимони вилоят ва раисони шӯроҳои маҳаллиро аз ҳам ҷудо карда будем. Акнун, аз 1 январи соли 2026 ин низом дар 208 ноҳия ва шаҳр низ ҷорӣ карда мешавад. Дар айни ҳол, ин ислоҳоти ҷиддии сиёсӣ талаб мекунад, ки муносибат миёни ҳокимон, мақомоти иҷроия ва Шӯроҳо тамоман тағйир ёбад.

Минбаъд иҷрои дархостҳои депутатӣ ҳар семоҳа таҳлил гардида, дар ҳолатҳои сусткорӣ нисбат ба онҳо ба мақомоти прокуратура тақдимот ворид карда мешавад.

Дар таъмин намудани самаранокии ислоҳот нақши институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бисёр муҳим аст.

Аз ин рӯ, сиёсати дастгирии онҳо минбаъд низ пайгирона идома меёбад. Аз ҷумла, стратегияи панҷсолаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия мегардад. Низоми додани фармоиши иҷтимоӣ ба ин институтҳо рақамӣ шуда, ҳаҷми маблағгузорӣ 2 баробар афзоиш меёбад.

Илова бар ин, тартиби таъсиси ташкилотҳои хайрия содда гардида, механизмҳои ҳисоботдиҳӣ ва шаффофият такмил дода мешаванд.

Бори дигар таъкид мекунам: дар давраи навсозии фарогири кишварамон мо ҳеҷ гоҳ аз сиёсати ошкорбаёнӣ қафо намегардем.

Таъмини озодии сухан ва матбуот ҳамеша вазифаи афзалиятноки мо боқӣ мемонад.

Депутат ва сенаторони муҳтарам!

Мо корҳои худро ҷиҳати наздик кардани низоми суду-ҳуқуқ ба мардум пайваста идома медиҳем.

Мо ба ташкили ҷараёни адолати судӣ дар асоси консепсияи «суди рақамӣ» оғоз кардем. Акнун, бо рақамӣ гардондани марҳилаи тафтишот ҳимояи ҳуқуқи инсонро боз ҳам тақвият медиҳем. Дар ин раванд, аз қабули ариза дар бораи ҷиноят сар карда, то фиристодани парванда ба суд дар тамоми марҳилаҳо технологияҳои зеҳни сунъӣ ҷорӣ гардида, нақши омили инсонӣ коҳиш меёбад.

Оғози фаъолияти судяҳои тафтишотӣ дар кишварамон қадами муҳими навбатӣ дар татбиқи институти байналмилалӣ эътирофшудаи «Хабеас корпус» гардид. Аз соли 2026 ба судяҳои тафтишотӣ ҳамчунин ваколат дода мешавад, ки чораҳои санксия ва маҷбуркуниро тағйир диҳанд ё бекор намоянд. Мо иштироки ҷомеа ва нақши онро дар амалисозии адолати судӣ боз ҳам тақвият медиҳем.

Акнун, ба ҷараёни ҷиноятӣ марҳила ба марҳила институти «ҳакамони мардумӣ», ки дар кишварҳои дорои ҳуқуқи англисӣ натиҷаҳои мусбат додааст, ҷорӣ мегардад. Дар ин ҳол, бо иштироки намояндагони халқӣ баррасӣ шудани ҷиноятҳои махсусан вазнин ва боиси дар ҷомеа овозаи баланд гардида  ба одилонатар гардидани ҳукми суд мусоидат мекунад.

Иҷрои ҳатмии қарорҳои судиро таъмин накарда,  ноил шудан ба барқарорсозии боэътимоди ҳуқуқи шаҳрвандон ва соҳибкорон ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, ба раванди иҷрои маҷбурӣ механизмҳои самараноки алтернативӣ низ ворид карда мешаванд. Дар натиҷа, дар соҳа зеҳни сунъӣ ҷорӣ шуда, дар ду соли оянда 30 фоиз амалиёти иҷро бидуни омили инсонӣ анҷом дода мешавад.

Тавре мебинед, дар ҷаҳоне, ки босуръат тағйир меёбад, хатари нашъамандӣ ба бузургтарин таҳдид барои генофонди аҳолӣ табдил меёбад. Мутаассифона, дар шароити ҷаҳонишавии имрӯза чунин хавфу хатарҳо Ӯзбекистонро низ канор намегузоранд.

Танҳо дар ҳамин сол зиёда аз 14 ҳазор ҷинояти марбут ба маводи мухаддир ба қайд гирифта шудааст, ки қариб 3 ҳазори онҳоро ҷавонон содир намудаанд. Ин бояд ҳамаи моро ҷиддан ба андеша водор созад.

Қочоқ ва савдои маводи мухаддир хусусияти транссарҳадӣ ва маҷозӣ пайдо мекунад. Ин бошад, дар ошкорсозии ҷиноятҳо истифодаи усулҳои нав, аз худ намудани дониш ва малакаҳои муосирро тақозо менамояд.

Ба наздикӣ мо дар ин самт Барномаи миллӣ қабул кардем. Акнун, мубориза бо ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддирро ба ҳаракати умумихалқӣ табдил дода, дар ҷомеа муҳити оштинопазир нисбати ин офат эҷод мекунем.

Касе, ки ин вазифаро танҳо кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мешуморад, иштибоҳ мекунад.

Ҳар як кӯдак, ҳар як ҷавони кишварамон фарзанди мост, мо ҳаргиз иҷозат намедиҳем, ки онҳо ба доми нашъамандӣ афтанд!

Мо барои пурра  аз байн бурдани нашъамандӣ, инчунин барои ташаккул додани иммунитети қавии маънавӣ ва рӯҳонӣ дар ҷавононамон, тамоми қувва ва имкониятҳои худро сафарбар мекунем!

Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир бояд бо ҷалби тамоми қувва ва имкониятҳои мақомоти давлатӣ дар соли оянда барои бастани роҳҳои истеҳсол ва паҳнкунии маводи мухаддир низоми нав роҳандозӣ намояд.

Ин  супориши Президент аст, ин  хоҳиши волидон аст, ин талаби ҷомеа аст!

Дар ҷойе, ки сулҳ ҳукмфармост, қонун волоият дорад ва амнияти шаҳрвандон таъмин аст, сармоя низ ворид мегардад ва туризм ҳам рушд мекунад. Аммо, вақтҳои охир, чунин гурӯҳҳои ҷиноятӣ низ мушоҳида мешаванд, ки худро болотар аз қонун мегузоранд, ба соҳибкорон фишор оварда, барои тасарруфи тиҷорати онҳо кӯшиш мекунанд, ҷиноятҳои мураккаби молиявиро содир менамоянд, ки ба иқтисодиёти мо зарари ҷиддӣ мерасонанд, худро «қозӣ» шуморида, миёни одамон баҳсҳои молиявиро ҳал мекунанд.

Он чиз таассуфовар аст, ки баъзе варзишгарони қавипайкар низ бо умеди «пули осон ёфтан» ба чунин гурӯҳҳои ҷиноятӣ ҳамроҳ мешаванд.

Ҷиҳати боз ҳам номатлуб он мебошад, ки мавҷудияти гурӯҳҳои ҷиноятӣ аз ҳисоби шаҳрвандони Ӯзбекистон дар баъзе кишварҳои хориҷӣ ба обрӯи байналмилалии кишварамон таъсири манфӣ мерасонад.

Ҳама шунаванд: Мо қувва ва иқтидори кофӣ дорем, ки ба фаъолияти чунин гурӯҳҳои ҷиноятӣ хотима гузорем ва мо инро ҳатман анҷом медиҳем!

Дар Ӯзбекистон давлат ҳаст, Конститутсия ҳаст, қонунҳо ҳастанд, ки шаҳрвандон, соҳибкорон ва сармоягузоронро дар ҳама ҳолат муътамадона ҳимоя мекунанд! …

Ҳимояи шаъну шарафи занон ва ҳифзи фарзандон аз замонҳои қадим барои мардон мояи шараф ва ифтихор буд. Аммо ҳолатҳои зӯроварӣ нисбат ба занон ва кӯдакон дар ҷомеаи мо ба халқи дорои таърихи бузург, маънавияти баланд ва фарҳанге, ки оиларо муқаддас мешуморад, ҳеҷ мувофиқ нест!

Дар ду соли охир зиёда аз 2 ҳазор ҷиноят вобаста ба зӯроварии оилавӣ нисбати занон ва кӯдакон ошкор шудааст.

Ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш кард, ки зӯроварии оилавӣ танҳо кори дохилии оила нест, ин масъалаи тамоми ҷомеа аст. Ҳеҷ кас ҳақ надорад занро бо мушкили худаш танҳо гузорад!

Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамоҳангсоз оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбати занон ва кӯдакон бояд бо сафарбар намудани тамоми мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи васеъ низоми муассире барои аз байн бурдани чунин ҳолатҳои манфӣ таҳия намояд.

Агар парламент ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар ин равандҳо фаъолона иштирок намоянд, албатта натиҷа ҳосил хоҳад шуд.

Бори дигар ва боз таъкид мекунам: коррупсия таҳдиди ҷиддиест, ки ба рушди давлат монеа эҷод мекунад, адолат ва волоияти қонунро халалдор месозад муҳити эътимодро дар ҷомеа заиф мегардонад.

Роҳ додан ба коррупсия  хиёнат ба ислоҳоти мост! Барои мубориза бо ин офат дар соли 2026 мо «ҳолати фавқулодда» эълон мекунем.

Дар ҳамаи идораҳо мансаби муовини масъул оид ба комплаенс ва назорати дохилии зиддикоррупсионӣ ҷорӣ карда мешавад. Фаъолияти намояндаи Палатаи ҳисоб низ ба роҳ монда мешавад. Ин роҳбарон дар ошкор намудани шахсони нопоки низом, инчунин пешгирии ғорат шудани маблағҳои буҷавӣ ва сӯиистифода аз мансаб назорати муассир барқарор намуда, дар назди Президент ҳисобот медиҳанд.

Ҷавобгарии шахсӣ барои ҳар як сӯми маблағ ва ҳар як захираи давлатӣ боз ҳам пурзӯр мегардад.

Онҳое, ки мегӯянд: «ман мансаб дорам, ба ман касе кордор намешавад», сахт иштибоҳ мекунанд. Дар назди қонун ҳама баробаранд!

Корҳои дохилӣ, мақомоти прокуратура, андоз, гумрук, молия, бонкҳо, ширкатҳои бузурги давлатӣ, вазорату ҳокимиятҳо — ба як сухан, ҳеҷ як идора ва ташкилот аз назорат берун намемонад!

Онҳое, ки ба фаъолияти хидмати комплаенс монеъ мешаванд, ҳамчун шарики коррупсия арзёбӣ гардида, ҷавобгарӣ нисбат ба онҳо мутобиқ ба ин амал татбиқ мешавад.

Хидмати комплаенси Маъмурияти Президент  бояд аз 1 январ ин низомро дар ҳамаи идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ ба кор дароварда, назоратро қатъиян ба даст бигирад.

Новобаста аз мансаб, оид ба ҳар як ҳолати порахӯрӣ ва суиистифода аз мансаб, Хидмати комплаенси Маъмурияти Президент шахсан ба ман иттилоъ пешниҳод менамояд.

Муҳтарам иштирокчиёни маҷлис!

Дар ҷаҳон мушкилоти мураккаби геосиёсӣ ва иқтисодӣ рӯз ба рӯз шиддат мегиранд. Дар чунин вазъияти душвор мо фаъолияти худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муносибатҳои баробарҳуқуқ ва созанда бо ҳамаи давлатҳо, инчунин пешбурди сиёсати хориҷии вазнин ва оқилона идома медиҳем.

Ба рушди минбаъдаи муносибатҳо бо ҳамсоягони наздики худ дар рӯҳияи дӯстии бисёрасра, ҳамсоягии нек, шарикии стратегӣ ва эътимоди мутақобилаҳамияти афзалиятнок медиҳем. Дар ин замина, ҳамкориро миёни давлатҳои минтақа дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиёт ва логистика, энергетика, об, экология, амният, фарҳанг ва маориф боз ҳам амиқтар месозем.

Густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ бо Афғонистон ва ҷалби фарогири он ба равандҳои иқтисодии минтақавӣ яке аз ҳадафҳои асосии мо боқӣ мемонад.

Бо шарикони асосии хориҷии худ, аз ҷумла Русия, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Туркия, Олмон, Фаронса, Италия, Британияи Кабир, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Урдун, Қувайт, Уммон, Ҳиндустон, Покистон ва дигар давлатҳо густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷабҳа ва манфиатноки мутақобил ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи мо хоҳад буд.

Инчунин, таҳкими ҳамкории судманд дар самтҳои нав ва ояндадор бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Ховари Миёна, Африқо ва Амрикои Лотинӣ, густариши муносибатҳо бо кишварҳои Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Ҷанубӣ яке аз самтҳои стратегии мо хоҳад буд.

Аз фурсат истифода бурда, мехоҳам ба сафирони муҳтарами давлатҳои хориҷӣ, ки имрӯз дар ин анҷуман иштирок доранд, муроҷиат намоям: барои васеъ намудани робитаҳо бо мо ва дастгирии фаъолонаи узвияти Ӯзбекистон дар Созмони умумиҷаҳонии савдо, ба ҳукуматҳои кишварҳои шумо изҳори сипос менамоям.

Ҳамкории зичро бо ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин бо институтҳои иқтисодӣ ба марҳилаи нав мебарорем.

Дар ҳамкорӣ бо Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё, Бонки рушди исломӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки сармоягузории инфрасохтории Осиё ва дигар муассисаҳои пешбари молиявӣ, корҳои марбут ба модернизатсияи технологии иқтисодиёт, рушди инфрасохтор, татбиқи лоиҳаҳои энергетикаи устувор ва нақлиётро идома медиҳем.

Дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай,  Созмони давлатҳои туркӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ муносибатҳои анъанавӣ ва фарогири шарикиро боз ҳам густариш медиҳем.

Иҷрои чунин вазифаҳои бузург аз мо тақозо мекунад, ки дар кишварамон сулҳ ва субот, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни миллатҳо ва динҳоро боз ҳам мустаҳкам намуда, қобилияти ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳро баланд бардорем. Барои ин мо ҳамаи чорабиниҳои заруриро амалӣ мегардонем.

Ҳамватанони азиз!

Имрӯз мо бо шумо барои соли 2026 ва панҷ соли оянда марраҳои бузургро муайян кардем.

Натиҷаҳои азими бадастомада, вазифаҳои нави афзалиятнок таҷдиди назар намудани Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030»-ро тақозо мекунанд. Ин ҳуҷҷат, ки ба рушди панҷсолаи минбаъдаи кишварамон дахл дорад, ба муҳокимаи васеи ҷомеа пешниҳод шуда, дар асоси андеша ва пешниҳодҳои аҳолӣ такмил дода мешавад. Намояндагони парламентро низ даъват менамоям, ки дар ин раванд бо пешниҳодҳои худ фаъолона иштирок кунанд.

Соли оянда соҳаи маънавиётро боз ҳам рушд дода, санаҳои муҳими иҷтимоиву фарҳангии ҳаёти худро ба таври васеъ таҷлил мекунем. Аз ҷумла, 35-солагии бошукӯҳи Истиқлоли Ватани азизамон, ки пояи ҳамаи дастовардҳо ва пирӯзиҳои мост, ҳамчун ҷашни бузург таҷлил хоҳад шуд.

Ҳамчунин, бояд аз ҳозир ба таҷлили зодрӯзҳои мубораки Соҳибқирон Амир Темур ва Мир Алишер Навоӣ — бобоёни бузургамон омодагӣ бинем. Барои дар сатҳи баланд ва шоиста баргузор намудани чунин санаҳои бузург, албатта, қарорҳои дахлдор қабул хоҳем кард. Бовар дорам, ки дар татбиқи онҳо маҳаллаҳо, муассисаҳои таълиму тарбия, коллективҳои меҳнатӣ, зиёиён, сафоратхонаҳои мо дар хориҷ ва умуман тамоми халқ фаъолона иштирок мекунанд.

Ҳамватанони гиромӣ ва муҳтарам!

Имрӯз мехоҳам ба шумо ва ба воситаи шумо ба тамоми мардуми кишвар муроҷиат карда бигӯям: имрӯз худи таърих ва худи ҳаёт бар дӯши мо масъулияти бузург мегузорад.

Имрӯз Ватани азизи мо ба сарзамини мардуми озод ва мустақил табдил ёфта истодааст, ки дар асоси муносибатҳои нави сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ зиндагӣ ва кор мекунанд.

Тавре маълум аст, бобои мо Мирзо Улуғбек аз ин шаш аср муқаддам барои инсоният харитаи ситораҳоро офарида буд. Имрӯз бошад, мо бояд барои наслҳои имрӯз ва оянда харитаи роҳеро эҷод намоем, ки онҳоро ба сӯи зиндагии хушбахтона мебарад.

Агар мо ин ҳақиқатро амиқ дарк намуда, ҳама якҷо муттаҳид шавем, қодирем ҳар гуна марраи баландро фатҳ кунем ва ҳеҷ қуввае наметавонад моро аз роҳи интихобкардаамон боздорад.

Агар мо муттаҳид бошем, агар мо ҳамчун як халқ, як миллат ба пеш ҳаракат кунем, мо бешубҳа ба ҳадафҳои бузурги худ хоҳем расид!

Ман дар ин роҳ ба халқи марду олиҷаноби мо боварӣ дорам!

Ба қувва ва имкониятҳои беқиёси Ӯзбекистон, ба азму шуҷоати ҷавонони азизамон боварӣ дорам!

Аз фурсат истифода бурда, ба шумо — фарзандони ҳақиқии ин замини муқаддас, муҳофизони содиқ ва халқи бунёдкорамон, ки бо андешаи манфиати мардуму тақдири Ватан сидқидилона ва фидокорона меҳнат мекунед, самимона изҳори сипос менамоям.

Ба ҳамаи шумо тансиҳатии бардавом, саодати оилавӣ, инчунин дар Соли нав  комёбию муваффақиятҳои бузург орзу мекунам.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: