Дар павилони марказҳои миллӣ-фарҳангии назди Кумитаи доир ба муносибатҳои байнимиллӣ ва масъалаҳои ҳамватанони бурунмарзӣ бо ҳамкории ҳокимияти шаҳри Тошканд чорабинии идона таҳти шиори «Муъҷиза ва руҳияти идона дар Ӯзбекистони Нав» баргузор гардид.
Имрӯзҳо дар гӯшаву канори кишварамон тантанаҳои идона бахшида ба фарорасии Соли нав – соли 2026 барпо мегарданд ва мардум якдигарро бо ин ид табрику таҳният гуфта, шукри замонаи ободу озод ва тинҷу осуда карда, ба ватани зебоямон, ки дар он ҳамаи шаҳрвандони миллатҳои гуногун дар зери осмони софу беғубор дӯстона, бародаронаву ҳамҷиҳатона буду бош доранд, чашм нарасад мегӯянд.
Дар павилони марказҳои миллӣ-фарҳангии назди Кумитаи доир ба муносибатҳои байнимиллӣ ва масъалаҳои ҳамватанони бурунмарзӣ бо ҳамкории ҳокимияти шаҳри Тошканд чорабинии идона таҳти шиори «Муъҷиза ва руҳияти идона дар Ӯзбекистони Нав» баргузор гардид.
Павилон намуди идона дошт. Арчаи ҳамешасабз бо бозичаву чароғакҳои худ ва Бобои Барфиву Барфак ба шукӯҳи майдон меафзуд. Намояндагони миллатҳои мухталиф утоқҳои худро моҳирона оро дода, урфу одат, суруду тарона, либос, таомҳои гуногун ва дигар арзишҳои миллии худро пешкаши тамошобинон намуданд.
– Ман аз он меболам, ки дар чунин диёри обод, ки мардумаш ватанпарвар, инсондӯст ва меҳнаткаш аст, дар қатори дигар миллатҳо хушбахтона ҳаёт ба сар мебарам. Президенти кишварамон барои мо – миллатҳо шароити хубу созгор муҳайё намудааст. Ҷашнвора ва дигар чорабиниҳои худро дар боғи «Дӯстӣ» – дар утоқҳои худ бо табъи болида мегузаронем. Тамоми мардуми бародари Ӯзбекистонро бо иди Соли нав аз номи Маркази миллӣ-фарҳангии туркман муборакбод менамоям, – мегӯяд раиси маркази номбурда Гулдана Авездурдиева.
– Дарҳақиқат, ҷашн гирифтани Соли нав шукуҳи тоза дорад. Ҳар як шахс интизор аст, ки дар соли нав орзуву ормонҳояш иҷобат гардад. Камоли фарзандону набераҳояшро бинад. Соли сипаришуда барои марказҳои миллӣ-фарҳангӣ, аз ҷумла маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ соли пур аз бурдбориҳову дастовардҳо буд.
Дар давоми сол зодрӯзи якчанд нафар шоиру нависандаро гузарондем, дар мактабу донишкадаву донишгоҳҳои таҳсилашон ба забони тоҷикӣ маҳфилҳои «Китобхони беҳтарин», «Китоб – дӯсти мо», «Хирадманд» ва ғайра гузаронда шуд. Ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя бо намояндагони миллатҳо сафарҳои эҷодӣ ташкил намудем. Аз фурсат истифода бурда, халқи инсондӯст ва меҳнаткаши Ӯзбекистонро бо иди Соли нав аз номи Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ табрик менамоям. Соли нав ба хонадони мо фаровонӣ, бахт ва сулҳу осоиштагӣ ато намояд, – мегӯяд раиси Маркази мадании тоҷикони ҷумҳурӣ Гуландом Субҳонова.
Дар хотима ба фаъолони марказҳо туҳфаҳои солинавӣ супурда шуданд.
Саодат Бекназарова,
хабарнигори «Овози тоҷик».