Моҳҳои август-декабри соли равон тарбиячиён ва омӯзгорони муассисаҳои таълими томактабӣ ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ аз аттестатсия гузаронида шуданд. Аз он натиҷабардорӣ намуданд.
Ошкор гардид, ки тарбиячиён ва омӯзгорони шаҳри Ғозғони вилояти Навоӣ бо ҷамъ овардани 61,74 хол дар ҷумҳурӣ ҷойи аввалро ишғол намуданд. Омӯзгорони шаҳри Навоӣ бошанд, бо ба даст овардани 61,13 хол дар зинаи дуюм қарор гирифтанд.
Боиси таъкид аст, ки омӯзгорони 7 ноҳияву шаҳрҳои вилоят дар байни 30-гонаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мақом гирифтаанд. Инҳо: шаҳрҳои Ғозғон, Навоӣ ва Зарафшон, ноҳияҳои Навбаҳор, Қизилтепа, Учқудуқ ва Томдӣ мебошанд. Ин ҳама шаҳодат медиҳад, ки ислоҳоти ояндасози соҳаи таълим дар вилоят самаранок татбиқ мешавад.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.