Маркази аккредатсияи Ӯзбекистон: доираи хидматрасонӣ васеъ гардид

Дар Маркази матбуоти миллӣ бо ширкати роҳбарияти корхонаи давлатии «Маркази аккредитатсия» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ оиди корҳои анҷомдодашуда ва натиҷаҳои бадастомада дар соҳа мақомоти арзёбии мутобиқат дар соли 2025 маълумот дода шуд ва қайд гардид, ки моҳҳои январ-декабри соли ҷорӣ 79 хадомати метрологии мақомоти арзёбии мутобиқат аккредитатсия гардида, дар маҷмӯъ 602 ташкилот дар Системаи миллии аккредитатсия ба қайд гирифта шудаанд.

Барои таъмини пайвастагии фаъолият мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ, дар давраи ҳисоботӣ дар 456 субъекти аккредитатсияшуда арзёбии даврӣ гузаронида, механизмҳои нави арзёбӣ барои баланд бардоштани самаранокии аккредитатсия ҷорӣ карда шуданд. Аз ҷумла, фаъолияти арзёбии гувоҳӣ ва боздидҳо бе огоҳӣ ба роҳ монда шудааст.

– Доираи хидматрасонии марказ боз ҳам васеъ гардида, амалияи аккредитатсия дар 4 самти нав дар асоси стандартҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ҷорӣ карда шуд, – мегӯяд муовини директори марказ Ш. Йӯлдошева. – Бори аввал дар ҷумҳурӣ истеҳсолкунандагони намунаҳои стандартӣ, провайдерҳои санҷиши тахассусӣ, лабораторияҳои ташхиси тиббӣ ва ташкилотҳое, ки бо фаъолияти санҷишӣ машғуланд, дар асоси меъёрҳои байналмилалии таҳияшуда аз ҷониби Созмони байналмилалии стандартизатсия (ISO) ва Комиссияи байналмилалии электротехникӣ (IEC) арзёбӣ карда шуданд. Дар ин самтҳо 3 провайдери санҷиши тахассусӣ, 14 мақомоти санҷишӣ, 3 лабораторияи тиббӣ ва 2 истеҳсолкунандаи намунаҳои стандартӣ аккредитатсия шуданд.

Таҳлили охири сол як қатор дастовардҳои муҳимро нишон дод. Аз ҷумла, тибқи Созишномаи эътирофи бисёрҷониба (IAF MLA), хидматҳои аккредитатсия барои стандартҳои ISO 13485 ва ISO/IEC 27001 аз моҳи январи соли 2025 дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудаанд. Дар натиҷа, шумораи соҳаҳои аккредитатсияи байналмилалӣ то 10 адад зиёд карда шуд.

Ҳамчунин, бо мақсади фароҳам овардани қулайиҳои иловагӣ барои субъектҳои соҳибкорӣ, аз моҳи июли соли 2025 талаботи аккредитатсия содда карда шуд. Мӯҳлати бартараф кардани камбудиҳо то чор моҳ дароз гардида, дар сурати тағъйир ёфтани лабораторияҳо ё хидмати метрологӣ ба ҷойи аккредитатсияи такрорӣ тартиби соддакардашудаи арзёбӣ ҷорӣ карда шуд.

Дар доираи рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, Маркази аккредитатсияи Ӯзбекистон бо мақомоти миллии аккредитатсияи Чин (CNAS), Беларус (BGCA) ва Эрон (NACI) ёддоштҳои тафоҳумро имзо кард. Ғайр аз ин узвияти комили марказ дар созмони Ҳамкории аккредитатсияи ҷаҳонӣ (GLOBAC) аз моҳи ноябри соли 2025 тасдиқ карда шуд.

Ҳамзамон тибқи натиҷаҳои Индекси ҷаҳонии инфрасохтори сифат (GQII) дар соли 2025, Маркази миллии аккредитатсияи Ӯзбекистон дар байни 185 кишвар дар ҷойи 29-ум қарор гирифт. Ин аз эътимоди байналмилалӣ ба инфрасохтори сифат дар кишвар, ҷолибияти он барои сармоягузорони хориҷӣ ва шаффофият, устуворӣ ва самаранокии равандҳои аккредитатсия шаҳодат медиҳад.

М. Мамаҷонова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: