Имрӯзҳо Самарқанди қандманди бостонӣ рӯҳияти идона гирифта, хосатан дар майдони Кӯксарой, дар атрофи арчаи бошукӯҳ, ки 30 метр баландӣ дорад, сайру гашт аз субҳи солеҳон то нисфи шаб идома дорад.
Бозичаҳо гуногун ва қариб сӣ ҳазор чароғакҳои ранга дарахти идонаро ба асари санъат табдил додаанд. Суруду оҳангҳои дилошӯбу дилнишин, рақсу бозии Бобои барфӣ ва Барфак, қаҳрамонҳои афсонаҳои халқӣ таъби хурдтаракону ҳозиронро болида месозанд.
Инчунин дар минтақаҳои сераҳолии Саратеппа, Нурафшон, Қаросув, Хишрав ва майдони роҳи оҳан дарахтони зебо ва сабзи арча қад афрохтаанд, ки дар атрофи онҳо низ тадбирҳои пуршукӯҳи фарҳангӣ баргузор мегарданд.
Дар театрҳои вилоят барои мактаббачагон намоишҳои гуногун дар асоси афсонаҳои халқҳои ҷаҳон ба саҳна гузошта мешаванд.
Барои аз нозу неъматҳои боғу полиз пурфайз гардидани дастархони идона дар 24 минтақаи шаҳри Самарқанд ярмаркаҳо ташкил шудааст, ки нарху наво нисбати бозор арзон аст.
Бояд таъкид намуд, ки чорабиниҳои пуршукӯҳи Соли Нав дар маркази тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят то 10-уми январи соли 2026 идома хоҳад ёфт.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.