Ҳунармандони театри Сурхондарё дар Тоҷикистон

15 декабри соли ҷорӣ як гурӯҳ санъаткорони Театри драмаи мусиқии вилояти Сурхондарё барои намоиши асари «Макр ва Муҳаббат»-и драматурги олмон Ф. Шиллер дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон сафари ҳунарӣ ба анҷом расониданд.

Пайдост, ки миёни муассисаи давлатии Театри драмаи мусиқии вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва муассисаи давлатии театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 ноябри соли 2023 меморандуми ҳамкории ду театр имзо карда шуда буд.

Дар асоси ҳамин меморандум 15 декабри соли ҷорӣ як гурӯҳ санъаткорони Театри драмаи мусиқии вилояти Сурхондарё барои намоиши асари «Макр ва Муҳаббат»-и драматурги олмон Ф. Шиллер дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон сафари ҳунарӣ ба анҷом расониданд.

Намоишнома ба тамошобинон таасуроти хуб гузошт, дар баробари додани баҳои баланд, арзи сипос намуданд. Дар охир фикр ва мулоҳизаҳои худро низ изҳор доштанд.

 Дар намоишнома ба кори коргардон Мирзоҳамдам Файзуллоев: «ба асар ҷони дигар бахшидааст» ва ба кори рассом Хайрулло Чоршанбиев: «стсенографияи авангардона ҷорӣ намудааст» гӯён алоҳида эътибор дода аз ҷониби тамошобинону мутахассисони ҳирфаии тоҷикистонӣ эътироф карда шуд.

Инчунин, ҳунарпешагони Халқии Тоҷикистон Асилбек Назриев ва Тӯрахон Аҳмадхонов, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Султонмурод Бобомуродзода, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, педагог ва драматург Абдулмуъмин Сафирӣ, хонандаи академӣ, актёр, коргардон ва директори театр Машраб Абдукарим Ибодулло фикрҳои ҷолиби худро изҳор карданд, ки минбаъд низ робитаҳои фарҳангӣ ва ҳунарии ҳар ду давлат бояд боз ҳам инкишоф ёбанд ва миёни ду халқ меҳру муҳаббат, дӯстиву бародарӣ ва  равобити ҳама соҳаҳо қавию сермаҳсултар гардад.

Ҳамза ХОНОВ,

ҷонишини директор оид ба корҳои эҷодии Театри драмаи мусиқии вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: