Дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистону Афғонистон, Эрону Озарбойҷон, Доғистони Русия мавзеъ ва маконҳои хурду бузург бо номи Дарбанд мавҷуданд. Дар ноҳияи Бойсуни воҳаи Сурхондарё низ деҳаи дилфиребе бо ин ном ҳаст. Устод Юсуф Вализода зодаи ана ҳамин деҳа мебошад.
Бошандагони он бо ин ҳамдиёрашон ба маънии ҳақиқии сухан ифтихор доранд.
Ҳеч кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеч оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеч муллое нашуд Мавлои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд,
– фармудааст шоир.
Дар ин мисраъҳо роҳи зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии устод комилан таҷассум ёфтааст.
Вақте бо устод ҳамсуҳбат мешавед, муҳаббату миннатдории ӯро аз устодони собиқи худ дарк мекунед.
Дар бораи фазилатҳои наҷиби мавсуф ҳар қадар бигӯем, кам аст. Пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки эшон дар ҳар масъала ҳозирҷавобанд, ба ҳар кор бо масъулияти том муносибат мекунанд. Вақте шогирдон дар ҳалли мушкилоте дармемонанд, устод қотеъона, бо афкори равшан роҳи ҳалли масъаларо мефаҳмонанд. Дар маҳфилҳои адабӣ ё ҷаласаҳои илмӣ бо зарофатгуӣ, шеърҳои зебо ва гуфтори шавқовари худ ширкат меварзанд, ба ҳозирон кайфияти хуш мебахшанд.
Устод аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Маркази фарҳанги тоҷикони вилояти Сурхондарё ҳамчун узви фаъоли он дар тадбир, ҷамъомад ва чорабиниҳо ҳатман иштирок мекунанд, фикри худро иброз медоранд. Эшон танҳо як сухангӯи одӣ не, балки суханваре ҳастанд, ки шунавандаро ҷалб ва муассир карда метавонанд. Ҳазрати Ҷомӣ барҳақ мегӯяд:
Дар булӯрин садафи чархи куҳан,
Нест зебо гуҳаре беҳ зи сухан.
Худованд санъати суханвариро ба ҳар кас надодааст, бояд таъкид кард, ки устод соҳиби чунин ҳунари нодир ҳастанд.
Вализода китобхонаи ғанӣ доранд, шеър ва навиштаҳои эшон ба дилҳо роҳ меёбанд, қалбҳоро ба ҳаяҷон меоранд, ба рӯҳу равон таровати хос мебахшанд. Хусусан, вақте шеърҳои «ширу шакар», дузабонаи худро бо муҳаббат мехонанд, намояндагони халқ ва миллатҳои гуногун онҳоро бо эҳтироми зиёд мепазиранд. Дар чорабиниҳое, ки таҳти шиори “Ӯзбекистон – хонаи умумии мо” баргузор мешаванд, суханҳои пурмаънӣ ва андешаҳои амиқи устод хеле арзишманд ва судманд мебошанд.
Юсуф Валиқулов 20-уми декабри соли 1936 дар деҳаи Дарбанди ноҳияи Бойсун, аз оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1953 мактаби миёнаи рақами 9-уми деҳаро бо баҳои хубу аъло хатм мекунад. Сипас ба шуъбаи таърихи Донишгоҳи давлати Тоҷикистон дохил мешавад. Солҳои донишҷӯӣ ҳамчун донандаи мукаммали забонҳои русиву ӯзбекӣ шинохта мегардад. Ҳамон солҳо дар қалби ӯ шавқи омӯзиши фалсафаи халқҳои Осиёи Марказӣ пайдо мешавад. Соли 1958 донишгоҳро бомуваффақият хатм карда, барои кор ба Саридораи адабиёти Тоҷикистон роҳхат мегирад. Ин роҳхат бисёр муҳим буд, зеро имкон медод дар Душанбе кор кунад, ба корҳои илмӣ машғул шавад.
Соли 1961 дар пояи ихтисоси “Таърихи фалсафа” ба аспирантураи назди Академияи улуми Тоҷикистон дохил шуда, таҳти роҳбарии академик М. Баҳовиддинов дар мавзӯи “Назари иҷтимоиву сиёсӣ ва фалсафии мардумони Осиёи Марказӣ аз давраи қадим то аввали асри ХХ” кор мебарад ва бо вуҷуди душвориҳо имтиҳонҳои минимумро бомуваффақият месупорад, аммо ба сабабҳои бемориву камбизоатӣ таҳсилро тарк намуда, маҷбур мешавад ба деҳа, назди оила ва қарибонаш баргардад.
Дар мактаби деҳа кор мекунад. Баъдан ӯро ба шуъбаи ҷавонони вилоят ҳамчун мутасаддӣ оид ба мактабҳо ба кор даъват мекунанд. Аз моҳи марти соли 1963 вазифаи сарпарастии ҷавонони воҳаро бар дӯш мегирад.
Соли 1964 Юсуф Валиқулов дар шуъбаи маорифи халқии вилоят нозири хонаи бачагон ва мактаб-интернатҳо таъин мегардад. Соли 1965 Донишкадаи омӯзгории Тирмиз аз нав ташкил мешавад ва Валиқуловро ба кор даъват мекунанд. Ба донишҷӯёни ин даргоҳи маърифат аз фалсафа дарс медиҳад.
Соли 1972 ба Афғонистон ҳамчун тарҷимон ба кор даъват мешавад. Соли 1975 ба Ватан бозмегардад ва боз дар донишкадаи омӯзгорӣ (ҳоло Донишгоҳи давлатии Тирмиз) ба кор мепардозад. Аз ин баъд ба корҳои илмӣ машғул мешавад. Зери роҳбарии олими забардаст, профессор П. Ким рисолаи номзадиро ҳимоя мекунад.
Айни ҳол профессор Валиқулов дар кафедраи Таърихи Ӯзбекистон ва фанҳои гуманитарӣ фаъолият дорад. Бо роҳбарии ӯ дар кафедра чандин дастури илмӣ, васоити таълимию методӣ ба нашр расидаанд.
Валиқулов муаллифи очерку мақолаҳои илмии “Ш.Рашидов – тараннумгари дӯстии халқҳои ӯзбек ва тоҷик”, “Сарвари маорифчиёни Сурхондарё”, “Академики сурхондарёӣ” ва ғайра мебошанд.
Устод ҳамчун донандаи адабиёти ӯзбек шинохта шудааст. “Мутафаккири бузурги Шарқ “Асосгузори ду адабиёт “Зулфия – тараннумгари баҳор” ва даҳҳо дигар мақолаву очеркҳои муаллиф аз ин шаҳодат медиҳанд. Ӯ ба синну соли худ нигоҳ накарда, тарғибгари фаъоли нашрияҳои тоҷикӣ, аз ҷумла рӯзномаҳои “Овози тоҷик”, “Ховар” ва маҷаллаҳои “Дурдонаи Шарқ” мебошад.
Ӯ дар тарҷума низ таҷрибаи кофӣ дорад. Аз эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ, Ҳилолӣ, Ҷалолиддин Румӣ, Ҳозиқ ва дигарон ба ӯзбекӣ, намунаи ашъори Лутфӣ, Саккокӣ, Ҳабибӣ, Чустӣ, Абдулло Орипов, Эркин Воҳидов, Ҷумъаниёз Ҷабборов ва дигаронро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст, ки дар матбуоти давраи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба табъ расидаанд.
Устод бар ғазалҳои Навоӣ, Муқимӣ, Увайсӣ, Нодира, Саҳбо мухаммасҳо бастааст, ки аз қобилияти шоирии ӯ дарак медиҳад. Ғазалҳои ӯро санъаткорон мехонанд. Дар эҷодиёти вай мавзӯъҳои ахлоқ, панду ҳикмат нақши муҳим доранд.
Муҳаббат ва дилбастагии устод Юсуф Вализода ба зодгоҳаш – деҳаи Дарбанд хосатан самимист. Ягон тӯю маърака, ҷашнҳои мардуми маҳал бе иштироки устод намегузарад.
Табиист, ки ин фазилатҳо ва садоқати устод ба ёру диёр барои ҷавонон ибратбахшанд.
Рамазон АБДУЛЛОЕВ,
иҷрокунандаи вазифаи профессори кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тирмиз, раиси Маркази маданияти тоҷикони вилояти Сурхондарё.