– мегӯянд истироҳаткунандагон
Ба ҳамагон маълум аст, ки моҳҳои охири фасли тобистону тирамоҳи имсол бо ҳавои тираву чанголуд хеле дилгиркунанда гузашт. Мардум ҳавои ифлос ва чангу ғуборолудро тарк намуда, барои истироҳат ба сиҳатгоҳу истироҳатгоҳ ва кӯҳҳову баландиҳо баромаданд. Камина низ, ки аз Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи соҳибкориву тиҷорат ва ходимони соҳаҳои хидматрасонии шаҳри Тошканди ҷумҳурӣ роҳхат гирифта будам, таътили меҳнатиамро дар яке аз сиҳатгоҳҳои бофароғати дараҳои хушобуҳавои ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд гузарондам. Кӯҳҳои осмонбӯси он барфпӯш, ҳавои тоза ва серун ба тан ҳаловат мебахшид. Чӣ қадар ба баландӣ ҳаракат намоед, ҳамон қадар аз ҳавои тоза баҳраманд мегардед. Табиати он, арчаю сӯзанбарг, чанору сада ва дигар дарахтони меванок, шилдирроси оби ҷӯй, хониши кабку дигар паррандаҳо, нӯг-нӯги дарахтон ҷастухези санҷоб ва бачаҳояш руҳияти шахсро болида месозад.
Аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ истироҳаткунандагон омада истироҳат мекунанд, саломатии худро барқарор менамоянд ва аксарияти онҳо нафақахӯранд. Табиист, ки дар он ҷо дӯстону шиносҳои нав пайдо мекунед.
– Ман соле ду маротиба ба сиҳатгоҳ ва дигар гӯшаҳои зебоманзари диёрамон омада истироҳат мекунам. Солҳои тӯлонӣ дар паркҳои трамваю троллейбус кор кардам. Аз тарафи иттифоқи касабаи корхона маро ба сиҳатгоҳ мефиристанд, – мегӯяд дар рафти суҳбат Ҳакимаапа аз ноҳияи Учтепаи пойтахт.
– Солҳои охир фаъолияти шуъбаҳои ноҳиявию шаҳрӣ ва вилоятии иттифоқи касаба хеле назаррас аст. Ман дар поликлиникаи оилавии рақами 32-юми ноҳияи Чилонзор шифокор-гинеколог мебошам. Ходимоне, ки таҷрибаи зиёд доранд, дар корхона эътибор пайдо кардаанд, аз тарафи иттифоқи касаба рағбатнок карда мешаванд. Ба чунин гӯшаҳои зебо, обу ҳавояш тоза ва муолиҷаҳояш табъи дил равон карда мешаванд. Аз фурсат истифода бурда, аз номи истироҳаткунандагон ба ташкилоти мазкур ташаккур мегӯем. Шукри замонаамон, шукри осудагию оромиамон мекунем. Ғамхории ҳукумат аст, ки мо – куҳансолон бо хотири ҷамъу дили беғам зиндагӣ дорем, – мегӯяд Дилоромапа.
Дар Қонуни асосиамон низ таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ҳамчун мақсади олӣ муайян карда шудааст. Аз ҷумла, дар моддаи 46-ум зикр мегардад:
«Ҳар кас дар ҳоли пирӣ, аз даст додани қобилияти меҳнатӣ, бекорӣ, инчунин дар мавриди бесаробон мондан ва дар дигар ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ мекунад, ҳуқуқи таъминоти иҷтимоиро дорад. Миқдори нафақа, ёрдампулӣ ва дигар намуди таъминоти иҷтимоӣ дар асоси қонун ва хароҷоти муайяншудаи давлат таъин мегардад».
– Имрӯз дар ноҳияи Янгиҳаёти пойтахт беш аз 20 ҳазор нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шудаанд. 700 нафар бошандагони хонаҳои пиронсолон мебошанд.
Дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ 263 нафақахӯр барои табобат ба муассисаҳои санаторию истироҳатӣ роҳхат гирифт. Дар моддаи 36-уми Конститутсия омадааст:
«Шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳуқуқ доранд, ки бе монеа ба корҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ ҷалб шаванд». Бо мақсади амалисозии қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 25 ноябри соли 2024 «Аз камбизоатӣ – ба фаровонӣ» барои ҷалби фаъоли нурониён чорабиниҳо роҳандозӣ гардид. Баҳри иҷрои қарор барои 62 нафар пиронсол, ки таҷрибаи ҳаётии бештар доранд, аз ҳар як маҳалла 3 нафарро интихоб намуда, гурӯҳҳои 5-нафара ташкил кардем.
Ин гурӯҳҳо барои дастгирии оилаҳои камбизоат мусоидат намуда, дар ҳалли мушкилоти онҳо, омӯзиши шароити зиндагӣ ва омода кардани хулосаҳо фаъолона иштирок карданд.
Дар моҳҳои июл-сентябри соли ҷорӣ 600 оилаи камбизоат аз ҷониби гурӯҳи нурониён дастгирӣ ёфтанд: барои кӯдакони оилаҳои камбизоат либоси варзишӣ, барои 506 нафар лавозимоти дарсӣ (миз, курсӣ ва ғайра) ва барои 246 нафар воситаҳои таълимӣ дастрас карда шуд.
То имрӯз барои кам кардани камбизоатӣ бо ҷалби нурониён корҳои зиёд амалӣ мешаванд. Ҳафтаи аввали моҳи октябр «Ҳафтаи пиронсолон» ва моҳи ноябр «Моҳи туризми пиронсолон» эълон шуда буд. Ҳар сол барои 750 нафар нуронии ноҳия саёҳатҳои дохиливу хориҷӣ ташкил мегарданд, – мегӯяд дар яке аз суҳбатҳо раиси шуъбаи фонди нурониҳои ноҳияи Янгиҳаёти шаҳри Тошканд И. Худойқулов.
Қобили зикр аст, ки таҷрибаи зиёда аз ҳазорсолаи халқамон, саҳми бузург дар тамаддун ва мероси маънавии беназираш асоси пешрафти ҷомеаи демократӣ мебошад. Давлати мо, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар меҳвар қарор додааст, барои таъмин кардани адолат, шаъну шараф ва арзишҳои инсонӣ пайваста фаъолият бурда, ба халқ хидмат хоҳад кард.
Саодат Бекназарова,
хабарнигори «Овози тоҷик».