Ӯзбекистон аз узвият ба Созмони ҷаҳонии савдо чӣ манфиат дорад?

Дар айни ҳол 164 мамлакати дунё ба ин созмони бузургу бонуфуз аъзо буда, 95 фоизи табодули маҳсулоти хориҷиву дохилӣ тавассути он амалӣ мегардад. Дар Ӯзбекистон бошад, 97 фоизи табодули маҳсулоти кишвар ба саҳми муштараки давлатҳои аъзои ин ташкилот рост меояд.

Аз замоне ки инсоният барои ҳаёту мамот талош меварзад, ба беҳсозии сатҳи зиндагӣ роҳу усулҳои нав ба навро ҷустуҷӯ месозад. Бе ҳеч шакку шубҳа омили асосии пешравии ҷамъият, таъмини зиндагии фаровон ба соҳаи иқтисодиёт, тиҷорат, савдо сахт марбут аст. Дар замони ҷаҳонишавӣ, ки тараққиёт бо суръати баланд пеш меравад, нақши ин соҳа беш аз пеш созанда, ҳалкунанда ва бориз ба назар мерасад. Алалхусус, рушди тиҷорат ва савдои хориҷӣ дар ин самт хело назаррас буда, СҶС (Созмони ҷаҳонии савдо) фаъолияти ин соҳаро ба танзим меорад.

Дар айни ҳол 164 мамлакати дунё ба ин созмони бузургу бонуфуз аъзо буда, 95 фоизи табодули маҳсулоти хориҷиву дохилӣ тавассути он амалӣ мегардад. Дар Ӯзбекистон бошад, 97 фоизи табодули маҳсулоти кишвар ба саҳми муштараки давлатҳои аъзои ин ташкилот рост меояд.

Назаре ба таърихи ташаккулёбии созмон

Созмони ҷаҳонии савдо, ки 1 январи соли 1995 ташаккул ёфтааст, яке аз созмонҳои бонуфузи дунё маҳсуб шуда, барои мувофиқ гардонидан ва ба танзим даровардани соҳаи савдои байналмиллӣ ташкил гардидааст. Дар асл оид ба соҳаи савдои байналмиллӣ соли 1947 ташкилоте созмон ёфта буд ва СҶС давоми мантиқии он мебошад. Вазифаи асосии он бо роҳи назорат кардани соҳаи иқтисодиёт муназзамӣ, шаффофият, холисиву адолатро дар соҳаи савдову тиҷорат барқарор ва устувор нигоҳ доштан аст. Бо ин васила рушди соҳаи савдо ва фаровонии тарзи зисти мардумро таъмин кардан мақсади олии созмон мебошад.

Қароргоҳи маъмурии Созмон дар шаҳри Женева воқеъ буда, қарорҳо дар ду сол як маротиба дар конференсияи вазирон қабул карда мешавад. Дар як сол як маротиба маҷлиси Шӯрои олӣ дар шаҳри Женева баргузор гашта, дар он намояндагони кишварҳои аъзои созмон, сафирон ширкат меварзанд.

Ӯзбекистон барои аъзо шудан ба СҶС соли 1995 ариза дода буд ва дар се вохӯрии гурӯҳи корӣ намояндаи Ӯзбекистон ширкат ҳам варзид, вале баъд бо баъзе сабабҳо таҳлили ариза ба таъхир гузошта шуд ва соли 2017 барои аъзо шудан ба созмон боз дубора саъю ҳаракатҳо аз ҷониби Ӯзбекистон ба амал омад. Оғози соли 2019 аз тарафи ҳукумат гурӯҳи корӣ барои ҳаллу фасл намудани масъала аз нав ҷоннок кунонида шуд ва соли 2020 ҳатто бо гурӯҳи кории созмон  ҷаласаи якҷоя ҳам доир гашт. Алалхусус, 21 июни соли 2024 дар ҷаласаи панҷуми гурӯҳи кории ташкилот, ки дар шаҳри Женева баргузор шуду зиёда аз 60 намояндаи мамлакати дунё ширкат варзид, вакилони созмонҳои байналмилӣ, экспертҳои хориҷӣ иштирок намуданд. Аз ҷумла, 25 нафар намояндаи мамлакатҳои аъзо, ки ба сухан баромаданд, алалхусус, ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Бритони.и Кабир, Русия, Туркия, Индонезия, Ҷумҳурии Куриё, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва дигарон ба СҶС аъзо шудани Ӯзбекистонро маъқул донистанд ва 19 декабри соли 2024 шартномаҳои тарафайн имзо шуданд.

Моҳи марти соли ҷорӣ маҷлиси шашуми гурӯҳи кории созмон баргузор гашт. Дар он зиёда аз 10 ҳуҷҷати мутааллиқ ба соҳаи савдо, муҳокима гардид. Чунон ки маълум мегардад, аъзо шудан ба созмони мазкур як ҷараёни мураккаб ва тӯлонӣ мебошад. Барои ба ин ташкилот аъзо шудан ба ҳисоби миёна 8-10 сол ва ҳатто аз ин ҳам зиёд вақт талаб мекунад. Масалан, барои ба созмон аъзо шудан Қазоқистон 13 сол, Русия 19 сол вақт масраф кардааст. Зеро барои аъзо шудан розигии давлатҳои узви созмон хеле муҳим ва қатъист. Ӯзбекистон қадам ба қадам дар боби аъзо шудан ба СҶС пеш меравад ва дар назар аст, ки то моҳи марти соли 2026 ба ин созмони бонуфуз аъзо шавад.

– Ба СҶС аъзо шудани Ӯзбекистон вазифаи устувор ва таъхирнопазири кишвар маҳсуб мешавад, – мегӯяд муовини вазири инвеститсия ва савдои хориҷӣ Бадриддин Обидов. –

Дар ин бобат бо ҳамкории Вазорати адлия ва созмонҳои мутасаддӣ 10 гурӯҳи корӣ созмон дода шудааст, ки вазифаи асосии онҳо боз мукаммалтар омӯхтани фаъолияти созмон ва омода сохтани ҳуҷҷатҳову тезонидани суръати ҷараёни ба узвият пазируфташавии Ӯзбекистон аст. 

Назари мутахассисону экпертҳо ба СҶС

Бинобар фикри мутахассисон ба узвият пазируфташавӣ ба СҶС барои тараққиёти Ӯзбекистон аз ҷиҳати иқтисодӣ такони пурзӯр мешавад. Аввало, дар асоси сармояҳои нав бисёр ҷойҳои корӣ пайдо мешавад. Истеҳсолкунандагони маҳаллӣ сифати маҳсулоташонро боло бардошта, дар бозори ҷаҳонӣ ба рақобати озоди иқтисодӣ мутобиқ мешаванд. Инчунин, барои интихоби  маҳсулоти арзонбаҳову хушсифат ба истеъмолгарон шароит муҳайё мешавад.

Бино ба фикри сарходими илмии Институти байналмиллии сиёсати иқтисодии Куриёи Ҷанубӣ Со Ҷин Кён агар Ӯзбекистон ба сафи СҶС пазируфта шавад, дар табодули маҳсулот бо давлатҳои аъзо ба комёбиҳои назаррас мушарраф мешавад. Зеро ба давлатҳои аъзо як қатор имтиёзҳо дар соҳаи боҷхона ва андоз тақдим мегарданд. Масалан, дар айни замон ҳар кишвари аъзо метавонад ба маҳсулоти Ӯзбекистон тарифҳои дилхоҳашро ҷорӣ созад, вале баъде ки Ӯзбекистон ба созмон аъзо мешавад, онҳо наметавонанд чунин муносибат кунанд, яъне барои Ӯзбекистон имконият пайдо мешавад, ки ба кишварҳои аъзо камтар боҷ диҳад ё умуман надиҳад.

– Ба ғайр аз ин, барои Ӯзбекистон баҳри ворид шудан ба бозори кишварҳои аъзо шарту шароити ҳуқуқии мусовӣ ба вуҷуд меояд, – мегӯяд дотсенти Институти Боҷхона Тӯлқин Пардаев. – Дар мамлакат муҳити солими рақобат арзи вуҷуд мекунад, дараҷаи коҳиши қурби пул (инфлятсия) кам мешавад, дар савдои хориҷӣ бошад,  ҳуқуқи садораткунандагон ҳимоя карда мешавад.

Дар аксарият манбаъҳо қайд мегардад, ки баробари ҷиҳатҳои афзалиятноки созмон, инчунин камбудиҳои он ҳам мавҷуд аст. Чуноне, ки эксперти байналмиллии созмон Йован Йекич таъкид менамояд, на ҳамаи ин фикрҳо дуруст аст. Масалан, яке аз фикрҳое, ки перомуни камбудиҳои ташкилот баён мешавад дар он аст, ки баъди аъзогӣ ба ташкилот тарифҳои маҳсулоти импортшаванда хеле ба дараҷаи паст мефарояд. Лекин аз рӯйи фикри мутахассиси эксперт ин тавр нест. Чунончи, дар айни ҳол аз фаъолияти берунии соҳаи иқтисодиёти Ӯзбекистон агар рӯйхати 11295 намуди маҳсулот ворид шуда бошад, ҳангоми муомилот дар ҳар намуди он музокираҳои алоҳида бурда мешавад. Яъне, маҳсулотҳое мавҷуданд, ки дараҷаи боҷсупории он ба иқтисодиёти давлат ҳеч гуна таъсири манфӣ намерасонад.

Қадамҳои устувори Ӯзбекистон роҳи узвият ба СҶС

Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ки соли 2026 дар Конференсияи 14-уми вазирон, ки дар Комерун баргузор мешавад, ба СҶС аъзо шавад.

– Мо барои бомуваффақият анҷом наёфтани пазируфта шудани Ӯзбекистон ба СҶС ягон сабаби объективиро намебинем, – мегӯяд масъули вазифа Азизбек Ӯринов. – Зеро дар ин бобат Ӯзбекистон бисёр зинаҳоро паси сар кард, талабу қоидаҳои созмонро иҷро намуда, камбудиҳоро бартараф сохт. Инак, соли оянда тамоми ғайрату имкониятамонро барои пазируфта шудан ба созмон сарф месозем.

Сардиректори СҶС хонум Нгози Оконжо-Ивеала ҳам тариқи телевизиони «Ӯзбкистон-24» таъкид намудааст, ки Ӯзбекистон дар ин самт бо ҷидду ҷаҳд талош дорад. 22 сентябри соли ҷорӣ Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Ню-Йорк бо ӯ вохӯрда масъаларо ҳаллу фасл намуданд.

– Дар моҳи ноябр ҷаласаи гурӯҳи корӣ таъин шудааст, – иброз дошт хонум Нгози Оконжо –Ивеала. – То моҳи марти соли оянда, яъне то муддати муайяншуда ҳама корҳо ба анҷом расонида мешаванд, мо масъулони созмон дар ин росто саъю кӯшиши зиёд карда истодаем.

Оре, пазируфта шудани Ӯзбекистон ба СҶС, бешубҳа, барои қадамҳои устувор ниҳодан дар роҳи пешравии иқтисодиёт, алалхусус, савдову тиҷорати мамлакат мусоидат менамояд.

Олим ПАНҶИЗОДА,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: