Ӯзбекистон 2 миллион тонна меваю сабзавот содирот кард

Тибқи маълумоти Кумитаи миллии омори Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар моҳҳои январ–ноябри соли 2025 Ӯзбекистон 2 миллион тонна меваю сабзавотро ба маблағи 1,9 миллиард доллари ИМА содирот намудааст.

Ҳаҷми содирот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36,8 фоиз афзоиш ёфта, ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии содирот 6,3 фоизро ташкил додааст.

Таркиби содирот чунин аст:
мева ва буттамева — 580,9 ҳазор тонна;
сабзавот — 553 ҳазор тонна;
тарбузу харбуза — 232,9 ҳазор тонна;
арахис ва чормағзҳо — 25,8 ҳазор тонна;
маш (лӯбиёи сабз) — 129,6 ҳазор тонна;
дигар намудҳо — 500 ҳазор тонна.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: