Адиз Бобоев: хидмати сидқидилона ба халқу ватан масъулияти олист

Хабарнигори «Овози тоҷик» Зоҳир Ҳасанзода дар арафаи Соли нав бо ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев ҳамсуҳбат шуд.

– Муҳтарам Адиз Музаффарович, пас аз он, ки ҳокими вилояти Самарқанд таъин шудед, аз дилатон чиҳо гузашт?

– Самарқанд на танҳо аз куҳантарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ, балки боз яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳон аст. Роҳбарӣ дар чунин як маркази таърихӣ ва фарҳангӣ, бешубҳа, ҳам шараф, ҳам масъулияти бузургест.

Чанде пеш бо иштироки Президент иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд баргузор гардид ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев нисбати шаҳри мо аз ҷумла гуфтанд: «Ин сарзамини бузург, ки дар худ таъриху арзишҳои чандҳазорсоларо таҷассум кардааст, дар заминаи анъанаҳои меъмории муосир рӯз то рӯз зеботар мегардад, мавқеи худро дар тамаддуни ҷаҳонӣ торафт мустаҳкамтар менамояд. Бахусус, бунёди Маркази байналмилалии сайёҳии «Роҳи бузурги абрешим», обод гардидани беш аз 40 зиёратгоҳи муқаддас, аз нав сохта шудани фурудгоҳи байналхалқии «Самарқанд», ба кор шурӯъ кардани даҳҳо меҳмонхонаи бренди байналмилалӣ, ба маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, сайёҳӣ ва тиҷоратӣ, майдони мулоқот барои чорабиниҳои бузург, аз ҷумла иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар ҳақиқат воқеаи таърихӣ гардиданд».

Барои ривоҷу равнақи иқтисодиву иҷтимоии ҳудуд қарорҳои Президент қабул гардида, дастурҳои давлатӣ тасдиқ шудаанд. Манбаъҳои маблағгузорӣ низ аниқу возеҳанд. Аз мо таъминоти бечунучарои иҷрои ин ҳуҷҷату дастурҳои барои рушди иқтисодиёти вилоят ва баланд бардоштани дараҷаи зиндагии аҳолӣ тақозо карда мешавад.

Барои тасдиқи ин гуфтаҳо зикри баъзе рақамҳоро зарур мешуморам. Дар давоми нӯҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 87,5 триллион сӯмро ташкил дод. Аз ҷумла ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 45,8 триллион, хоҷагии қишлоқ 44,4, хидматрасонӣ 60,3, бунёдкорӣ, 15 триллион афзуд. Тӯли даҳ моҳ ба вилояти мо дар ҳаҷми 1 миллиарду 983 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гашта, ба миқдори 848,9 миллион доллар маҳсулот содир шуд. Дар натиҷа 318,2 ҳазор ҷойи корӣ ба вуҷуд омада, як қисми аҳолӣ бо кори фоидаовар таъмин гардид.

Дар асоси дастури «Аз нодорӣ – ба фаровонӣ» 101 маҳалла обод шуд. Агар дар оғози сол сатҳи нодорӣ 7,5 фоизро ташкил карда бошад, ҳоло ин то ба 3,5 фоиз коҳиш ёфт. Ният дорем онро то Соли нав боз ҳам коҳиш диҳем.

Сохтмону бунёдкорӣ низ авҷ гирифт. Шаҳру ноҳияҳои вилоят, бидуни муболиға ба майдони сохтмон табдил ёфтаанд. Танҳо соли равон дар қаламрави вилоят 936 иншооти нав қад афрохт, 12,5 ҳазор нафар бӯрёкубон карданд. Дар шаҳри Самарқанд, ноҳияҳои Тайлоқ, Ургут, Булунғур ва ғайра минтақаҳои «Ӯзбекистони Нав» бунёд шуданд, аҳолӣ соҳиби хонаҳои хушсохту замонавӣ гардиданд.

Пӯшида нест, ки солҳои дароз минтақаи паси роҳи оҳани шаҳр, ки мардуми Самарқанд онро «залиния» меноманд, аз эътибор дур буд. Дар он ҷо дар асоси реноватсия корҳои муфиди бунёдкорӣ авҷ гирифтанд. Алҳол дар ин минтақа барои сад ҳазор аҳолӣ дар 301 гектар майдон сохтмони биноҳои истиқоматӣ, мактабу кӯдакистон, марказҳои фарҳангӣ, тиббӣ, варзишӣ,савдо, боғу бӯстонҳои истироҳату фароғат сохта мешаванд. Ғайр аз ин дар шаҳри Самарқанд бо иштироки хазинаи бонки тараққиёти Абу-Дабӣ барои таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва бехатарии роҳ ба арзиши 225 миллион доллар корҳои бунёдкорӣ муташаккилона идома доранд. Дар асоси лоиҳаи мазкур сохтмони ду нақб ва чаҳор роҳи зеризаминӣ барои пиёдагардон оғоз ёфтанд. Таъмиру тармими 12 километр роҳи марказӣ ба охир расид.

Дар кӯчаи «Ӯзбекистон» ба ҷойи собиқ госпитали ҳарбӣ боғи истироҳату фароғати бачагон барпо шуд.

Минтақаи маҷмӯаи Имом Бухорӣ, ки бо ташаббусу дастгирии сарвари давлат бо услуби меъмории замонавӣ ва муносиби мақоми муҳаддиси бузург аз нав бунёд мегардад, ба яке аз марказҳои калонтарини зиёратгоҳи олами ислом табдил меёбад. Сохтмону ободонӣ дар ин қадамҷо зери назорати қатъии ҳокимияти вилоят қарор доранд. Дар Маҷмааи Имом Мотрудӣ низ бо супориши Президент бунёдкориҳо амалӣ мешаванд.

Оре, агар ҳоло дар байни мардум набошед, бо халқ бевосита мулоқот накунед, онҳо чӣ зиндагӣ, чӣ фикру андеша доранд, ислоҳот дар ҷойҳо чӣ натиҷа медиҳанд, дарк карда наметавонед. Бояд таъкид намуд, ки дар байни мардум будан, дарду ҳасрати онҳоро шунидан, аз талаботи асосии Президенти мамлакат аст. Ба ман одат шудааст, ба кадом шаҳру ноҳияи вилоят, гузару маҳаллаҳои дурдасти он наравам, ғайр аз мулоқот бо роҳбарони он ҷойҳо, ғайричашмдошт ба дигар манзил ташриф оварда, бо аҳолӣ низ суҳбат мекунам, ба арзи дили онҳо гӯш медиҳам.

– Самарқанд маскани таҳаммулпазир ва аҳолиаш гуногунмиллат аст. Барои боз ҳам мустаҳкам намудани дӯстии халқҳо чӣ корҳо амалӣ мешаванд?

 – Самарқанд аз азал ҳудуди сермиллат мардумаш ҳамчун фарзандони як оила аҳлу тифоқ зиндагӣ мекунанд. Эҳтирому ҳифзи забон, фарҳанг, урфу одат сиёсати оқилона ва устувори давлат мебошад. Ҳоло дар вилоят даҳҳо маркази миллӣ-фарҳангӣ фаъолияти пурсамар мебаранд. Идораи онҳо дар қасри «Дӯстӣ» ҷойгир аст. Чанде пеш ман дар ин қасри бошукӯҳи фарҳангӣ будам ва бо роҳбарону фаъолони марказ суҳбат оростем.

«Бародарӣ – баробарӣ» мақоли хуби тоҷикист, ки фалсафаи фарохдилии тамоми минтақаро инъикос менамояд. Боиси ифтихору хушнудист, ки бахусус тоҷикону ӯзбекҳо дар ин минтақа аҳлу тифоқанд. Онҳо чунон омезиш ёфтаанд, ки нишонаҳои неки онро дар тамоми рӯзгори моддӣ ва маънавии мардум метавон пайдо кард. Беш аз ҳазор сол аст, ки таърих, забон, адабиёт, расму оин ва ба таври куллӣ фарҳанги ин ду миллат ба ҳамдигар таъсири мутақобила доранд Муштаракоти ин ду халқ то ҷоест, ки аксар онҳоро аз якдигар ҷудо кардан мушкил аст. Агар ба забони ин ду миллат таваҷҷӯҳ намоем, мебинем, ки вожаҳои тоҷикӣ ё ӯзбекӣ вориди забони якдигар гардида, хазинаи луғавии забонашонро ғанӣ сохтаанд. Дар чунин лаҳзаҳо шеъри шоир Эркин Воҳидов ба хотир мерасад:

Сухани бир, сӯзи бир,

Маслаги бир, кӯзи бир,

Дили биру ӯзи бир –

Ӯзбек билан тоҷикнинг!

Муштариёни рӯзномаи «Овози тоҷик» огоҳ ҳастанд, ки соли 2018 дар таърихи муносибатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек саҳифаи нав боз шуд, ки он бо хати заррин сабт хоҳад ёфт. Ин муносибатҳои неку созанда, бешак, бо ибтикору дурандешии Президенти мамлакатамон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омаданд.

Яъне барои муошират ва рафту омади озодонаи шаҳрвандони ҳар ду кишвар ҷиҳати дидорбинии хешу табор, ёру дӯстон ва саёҳату тиҷорат шароит фароҳам оварда шуд.

Ҳоло дар гузаргоҳи «Ҷартеппа – Саразм», ки дар ноҳияи Ургут воқест, барои рафтуомад тамоми шароит муҳайёст. Чанде пеш бо иштироки Президент нахустин поезд тавассути гузаргоҳи мазкур ба минтақаи озоди иқтисодии Ургут гузашт. Чунин иқдоми неку созанда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки минбаъд ҳамкорӣ бо Тоҷикистони бародарӣ дар самтҳои иқтисодӣ, фарҳангу варзиш ва ғайра боз ҳам ривоҷу равнақ хоҳад ёфт.

– Воқеан, дар Самарқанд барои густариш ёфтани иқтисодиёт кадом самтҳо мавқеи асосӣ доранд?

 – Агар даҳ-понздаҳ сол муқаддам ба ин савол хоҷагии қишлоқ, гӯён посух медодем, имрӯз бидуни муболиға сайёҳӣ, саноат, соҳаҳои гуногуни хидматрасониро драйвери асосӣ ҳисобидан мумкин аст. Солҳои охир Самарқанд дар дунё ҳамчун дарвозаи сайёҳӣ машҳур гардид. Ҷараёни омаду рафти меҳмонони хориҷӣ сол то сол меафзояд. Танҳо дар 11 моҳи соли равон 5,1 миллион сайёҳи маҳаллӣ ва 3,1 миллион сайёҳи хориҷӣ аз шаҳри мо боздид карданд. Ин рақам нисбат ба соли гузашта 52 фоиз афзуд. Маълумотҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки аз оғози сол хидматрасонии соҳа 602 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Барои оммавӣ гардонидани туризм беш аз 30 тадбири пуршукӯҳи фарҳангӣ ва анҷуманҳои байналхалқӣ гузаронида шуданд. Вале иқтисодиёти вилоят набояд танҳо бо сайёҳӣ маҳдуд шавад. Агросаноат, кластери саноатӣ, бофандагӣ, техникаи электронӣ, маводи сохтмон, логистика низ зина ба зина боло мераванд. Баробари ин бинобар ривоҷу равнақи тиҷорати хурд ва соҳибкории хусусӣ ҷойҳои кори фоидабахш пайдо мешаванд, ки боиси хушнудист.

Масалан, аз оғози сол 566 корхонаи саноатӣ фаъолияти худро оғоз кард. Шумораи субъектҳои тиҷорати хурд дар вилоят ба 33 ҳазору 171-то расид.

– Ба наздикӣ Шуморо раиси федератсияи шоҳмоти вилоят интихоб карданд. Муносибати шумо ба варзиш чӣ гуна?

Хосатан, шатранҷ ақлу идроки инсонро ривоҷу равнақ дода, барои сабру таҳаммул, мустаҳкам намудани хотира  кумак мерасонад. Солҳои охир бо дастгирӣ ва ҷонибдории сарвари давлат нисбати  шоҳмот варзишгаронамон дар мусобиқаҳои бонуфузи байналхалқӣ ва ҷаҳонӣ аз шоҳсуфаҳои баланд ҷой мегиранд. Ин комёбиҳо ифтихори мост. Дар байни чемпионҳои Бозиҳои олимпӣ ва Ҷоми ҷаҳон будани   самарқандиҳо ифтихори аҳолии вилоят аст. Ман кӯшиш мекунам, ки онҳоро ҳамаҷониба рағбатнок созем.

Бояд гӯям, ки ман солҳои таҳсил дар мактаби миёна ба маҳфилҳои шоҳмот иштирок карда, ҳатто дар чанд мусобиқа пирӯз ҳам шудаам. Ҳоло ҳам чун вақти холӣ ва имконият пайдо шавад, албатта мӯҳраронӣ мекунам. Зеро тавре ки дар боло гуфтам, бозии мазкур барои ҷамъ намудани фикру андеша, қарори дуруст қабул намудан кумак мекунад.

Ният дорем, ки дар Самарқанд қаср ва академияи шатранҷ сохта, ин бозии шавқангезро дар байни насли наврас тарғибу ташвиқ намоем.

Соли 2026 дар Самарқанд Бозиҳои олимпӣ оид ба шоҳмот баргузор хоҳад шуд, ки мо ба он тайёрии пухта мебинем.

– Бо ин қадар кор, масъулият оё барои истироҳат вақт пайдо мекунед?

– Албатта, бидуни он коҳиш ёфтани саломатӣ ҳолати табиист. Инсон ҷисми зинда аст, бояд ҳам кору ҳам истироҳат намояд. Баъзеҳо аз бисёр будани кору норасоии вақт меноланд. Ин оқибати вақтро дуруст тақсим карда натавонистан аст. Ман ҳамеша аз зердастони худ талаб мекунам, ки дар вақти муайяншуда кор карда, рӯзҳои истироҳат дар ҳалқаи оила бошанд, саёҳат кунанд, бо варзиш машғул шаванд.

– Муносибати шумо ба таърифу таҳсин ва танқид чӣ гуна аст?

 – Ситоиш – санҷиш, танқид – омили тараққиёт аст, агар он бо асос, самимӣ ва беғаразона бошад. Агар ба одам хато ва иштибоҳи ӯро нишон диҳед, болои худ кор мекунад, ислоҳ мешавад. Ситоиш бошад, ба масъулият даъват менамояд. Ҳеч шуғле бе машварат, бе маслиҳат накӯ наояд.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ фармудаанд:

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад,

Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад.

Ҳақ асту рост, зеро ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ наояд.

Самарқанд аз азал макони фозилону донишмандон буд ва хоҳад монд. Боиси хушнудист, ки пас аз барои кор ба «сайқали рӯйи замин» омадан, бо шахсони наҷиб, соҳибтаҷриба, накӯкор риштаи дӯстӣ бастам. Аз ҷумла, бо охирин иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, сокини маҳаллаи Арабхонаи ноҳияи Самарқанд Аҳадбобо Очилови 101 сола, собиқ роҳбари вилоят Пӯлод Абдураҳмонов, арбоби давлатӣ Маматқул Абдушукуров, дипломат, забондон, аввалин сафири Ӯзбекистон дар Русия Юсуф Абдуллоев, раиси Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд Шуҳрат Неъматов, ҳуқуқшинос Алишер Мардиев, ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Рустам Холмуродов, ҳамкасбони шумо Тошпӯлод Раҳматуллоев, Фармон Тошев ва дигарон барҳақ маслиҳатгари мо мебошанд. Беҳуда нагуфтаанд, «бе пир марав, ки дар бинмонӣ, ҳарчанд Сикандари замонӣ!

– Нақшаҳои оянда аз чӣ иборатанд?

– Дар иҷлосия ғайринавбатии Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд Президенти муҳтарам Шавкат Мирзиёев баъди ба вазифаи ҳокими вилоят таъин кардани камина таъкид намуданд, ки ба масъалаҳои таъсиси ҷойҳои корӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, зиёд намудани ҳаҷми сармоягузорӣ ва содирот, паст кардани арзиши аслӣ ва афзунсозии самаранокии энергетика эътибори ҷиддӣ дода, Самарқандро ба минтақаи намунавӣ табдил диҳем.

Иҷрои ин вазифаи пурмасъулият бароям ҳам қарзу ҳам фарз аст. Барои амалӣ гардидани ин вазифаҳои таъхирнопазир якҷо бо мардуми сарбаланди Самарқанд, кӯшишу ғайрат хоҳем кард.

– Ниҳоят, таманнои шумо ба мардуми сермиллати Ӯзбекистони Нав тавассути рӯзномаи «Овози тоҷик».

– Қатъи назар аз миллату забон, дину мазҳаб ҳаёти фаровону осуда гузаронидани ҳар як шаҳрванди мо асоси сиёсати оқилона ва дурандешонаи сарвари давлатамонро ташкил медиҳад. Ӯзбекистони Нав хонаи умумии мост. Ба мардуми азизи кишвари азиз хонаободӣ, осудагиву осоиштагӣ, дастархони пурнозу неъмат орзумандам.

Бигзор, Ватани ягона ва азизу муқаддаси мо шукуфон бошад!

– Барои суҳбати самимӣ сипосгузорам.

– Саломат бошед!

Сӯҳбаторо Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: