Дар деҳаи Варзики ноҳияи Чуст таҳти роҳбарии раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Пилол Маҳмудҷон Аҳмедов бо мақсади кумак ба оилаҳои камбизоат чорабинии хотирмон баргузор гардид.
Дар он кормандони идораи маҳалла, мактаб, падару модарон ва фарзандони хонаводаҳои ниёзманд, инчунин раиси бунёди «Нуронӣ»-и ноҳияи Чуст Ҷӯрахон Мираҳмедов ҳозир шуданд.
Дар чорабинӣ ба 8 нафар фарзандони оила-ҳои камбизоат либосҳои варзишӣ тақдим карда шуданд. Чунин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба ҷавонони варзишгар рӯҳи тозаю кайфияти хуб бахшид.
– Таълиму тарбияро, – гуфт омӯзгори собиқадор, вакили бунёди «Нуронӣ»-и ноҳия Ҳабибҷон Ғафуров, – фақат ба ӯҳдаи мактаб нагузошта, мо низ ба одобу ахлоқ ва эҳтиёҷи бачагон боэътибор бошем. Аз ҳисоби бунёди «Нуронӣ» ба чунин оилаҳо боз ёрии иҷтимоӣ расонда, ашё ва дигар анҷомҳои хониш туҳфа мекунем.
Ш. МИРЗОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.