Президенти Ӯзбекистон бо нахустин Президенти Қазоқистон мулоқоти телефонӣ анҷом дод

29 декабр байни Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва аввалин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев сӯҳбати телефонӣ баргузор гардид.

Дар оғози сӯҳбат, роҳбари кишвари мо ва аввалин Президенти Қазоқистон ба муносибати фарорасии Соли нав якдигарро самимона табрик карда, ба мардуми ду давлати бародар сулҳу субот ва шукуфоӣ баён карданд.

Сатҳи баланди дӯстӣ, ҳамсоягии нек, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба дастомада, инчунин рушди пайвастаи ҳамкориҳои гуногунҷанба дар ҳамаи самтҳои калидӣ махсусан таъкид гардиданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: