Ӯзбекистониҳо бештар ба кадом кишварҳо сафар мекунанд?

Тибқи иттилои Кумитаи миллии омори кишвар, тақрибан 7 миллион шаҳрванди Ӯзбекистон аз моҳи январ то ноябри соли 2025 бо мақсади сайёҳӣ ба хориҷа сафар кардаанд.

Ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 1,3 миллион нафар ё 23% афзоиш ёфтааст. Дар 11 моҳи аввали соли ҷорӣ 10 кишвари аз ҳама бештар аз ҷониби шаҳрвандони Ӯзбекистон боздидшуда инҳоянд: 

Ҷумҳурии Қирғизистон - 3,1 миллион нафар;
Қазоқистон - 1,3 миллион нафар;
Тоҷикистон - 1,2 миллион нафар;
Русия - 399,000 нафар;
Арабистони Саудӣ - 296 400 нафар;
Туркия - 251 100 нафар;
АМА - 126 300 нафар;
Миср - 61 000 нафар;
Чин - 46 000 нафар;
Ветнам - 35 600 нафар.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: