Соли нав ҷашнест, ки кулли оламро муттаҳид мекунад, вале онро мардуми ҳар як кишвар ба тарзи хос аз мушакпарониҳои гулдурросӣ то ойинҳои орому осудаи оилавӣ, аз туҳфа ва армуғонҳои рамзӣ то маросимҳои муъҷизавӣ, анъанаву одатҳои нодири хешро дар ин тантанаҳо таҷассум намуда, истиқбол мегирад.
Биёед, ба даҳ кишвари олам сафар мекунем, то ҳадди ақалл дар онҳо бо чӣ рангу чӣ тавр истиқбол гардидани соли нав ошно бишавем.
Дар Русия Соли нав метавон гуфт, ҷашни аз ҳама маҳбуб ва деринтизор аст. Онро дар давраи оилаву дӯстон, дар атрофи дасторхони сернозу неъмат пешвоз мегиранд. Махсусияти асосии он баробари салати «оливе», мандарин, нӯшокии спиртии шампан, албатта, занги соат дар манораи Спаскии Кремл аст. Таҳти зангӯлаи он изҳори орзуву умедҳо, кушодани шишаи нӯшокии шампан ва қадаҳгӯйӣ ба вуқӯъ мепайвандад. Дар он ҳузури Бобои Барфиву Духтари Барфӣ, ҳамчунин арчаи сарсабзи бо шилшилаву бозичаҳо ороёфта низ ҳатмист. Ин ҷо бояд гуфт, ки ин тарзи истиқболи Соли нав дар атрофи арчаи сабзу дасторхони серу пур тӯли чандин сол ва то имрӯз дар ватани мо низ роиҷ аст.
Соли нави Чин ё худ Ҷашни баҳор мувофиқи тақвими қамарӣ (моҳтобӣ) қайд карда мешавад, бинобар ҳамин ҳам ин сана ҳар сол тағйир меёбад. Он замони муттаҳид шудани оилаҳо аст, аз ин рӯ аксар чиниён ба сафарҳои дарозмуҳлат мебароянд, то ки ҷашнро дар ҳамбастагӣ бо қарибони худ гузаронанд. Кӯчаҳоро бо чароғҳои сурх, хонаҳоро бошад, бо тасвирҳои аждаҳоён зебу оро медиҳанд. Дар шаби соли нав мушакпаронӣ мекунанд, то ки арвоҳи зишт, яъне иблисҳоро гурезонанд.
Дар Ҷопон Соли нав ё худ Осегаса айёми покшавӣ ва ибтидои ҳаёти нав аст. Ҷопониён чанд рӯз пештар аз ҷашн хонаҳояшонро поку тамиз мекунанд, то аз ҳама гуна ашёи кӯҳнаву нодаркор халос хӯранд. Дар шаби Соли нав зангӯлаи маъбадҳо 108 бор садо медиҳад, ки рамзи покшавӣ аз 108 ташвиши дунёст. Дар наҳор хӯрдани самбӯсаҳои биринҷии мот расм шудааст, ки рамзи дарозумрист.
Мардуми Италиё Соли навро васеъ ва хеле хушнудона пешвоз мегиранд. Дар дасторхон ҳатман чечевитса (наск – шӯрбои наск) мегузоранд, ки тимсоли дороӣ ва шукуфоӣ мебошад. Яке аз анъанаҳои ғайриоддитарин аз тиреза берун афкандани чизу чораҳои кӯҳна аст, ки маънии хонаро барои соли нав озод карданро дорад. Дар баъзе минтақаҳои кишвар мушакпарронӣ ва сурудхонӣ низ расм шудааст.
Дар Испания Соли нав айёми хурсандиву рақсу бозист. Махсусияти асоситарини он истеъмоли 12 дона ё ғуҷуми ангур таҳти занги соат (курант), яъне дар ҳар кадом занг хӯрдани як дона ангур мебошад. Ҳар кадом ғуҷум тимсоли як моҳи соли фарорасида аст ва агар ҳамаи донаҳоро сари вақт хӯрда тавонед, Соли нав барои шумо соли хубу бахосият ҳисобида мешавад. Дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳрҳо шабнишинҳои хурсандона баргузор мешаванд, одамон то субҳ сурудхонӣ ва рақсу бозӣ мекунанд.
Соли навро дар Бразилия дар пляж – соҳили баҳру дарёҳо бо сару либоси сафед пешвоз мегиранд, ки рамзи сулҳу салоҳ ва тозагӣ аст. Одамон ба Худои баҳр – Еменҷ гулу гулдаста, шамъ ва чизҳои дигар туҳфа меоваранд. Дар нимишабӣ аз болои 7 мавҷ парида гузаштан ва дар дил орзуву ҳавас парваридан расм шудааст.
Дар Юнон Соли нав ҳамчун Рӯзи Василии Муққадас машҳур аст ва ба анъанаҳои динӣ сахт марбут мебошад. Тимсоли асосии ҷашн «нушобаи Василий», самбӯсаи ширин мебошанд, ки бо тангаҳо омехта тайёр карда мешавад. Ҳар нафаре, ки пораи тангадор насиб мекунад, дар соли нав шахси омадноктарин шумурда мешавад. Ҳамчунин ба хонаи дӯст ё худ ҳамсоя сангпартоӣ низ расм аст, агар санг вазнин бошад, рамзи дороӣ, агар сабук – тимсоли нодорист. Юнониён бовар доранд, ки санг ҳар қадар бештар афканда шавад, соли нав ҳамон андоза соли баомад мегардад.
Соли нави Шотландия бо номи Хогманай хеле пуртантана таҷлил мегардад ва чандин рӯз давом мекунад. Аз ҷумлаи анъанаҳои аз ҳама муҳими он «меҳмони нахустин» аст. Шотландиён бовар доранд, ки пою қадами ҳар нафари пас аз нисфишабӣ ба хонаашон воридшуда, ба онҳо ва хонаводаашон барои тамоми сол омад меоварад. Меҳмони олии аввалин ин марди мӯйсиёҳест, ки ангиштсанг, нон, намак ва вискӣ меоварад, ки онҳо тимсоли гармӣ, таом, фаровонӣ ва кайфияти аъло мебошанд. Дар Эдинбург ҷашнҳои муҳташам бо чароғдаргиронӣ, консерт ва мушакпаронӣ баргузор мешаванд.
Дар Фаронса Соли нав ё худ Сен-Силвестр айёми хушбинӣ ва романтика мебошад. Нишонаҳои асосии он нӯшокии шампан ва албатта таоми беҳтарин аст. Фаронсавиён шабнишиниҳои серу пурро бо рақсу бозӣ дар ҷамъияти дӯстону қарибон мегузаранд, дӯст медоранд. Майдони Елисейи Париж ба яке аз майдонҳои азими ҷашнӣ табдил меёбад. Дар инҷо консертҳо ва мушакпаррониҳои бузург ба вуқӯъ меоянд.
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Соли нав бо воқеаи мазҳабӣ дар хиёбони Таймси Ню-йорк – «Афтиши пуффак» таҷассум мегардад. Ҳазорҳо нафар ҷамъ меоянд, то чӣ гуна дар сонияҳои охирини соли сипаришаванда оҳиста-оҳиста паст фаромадани пуффаки бузурги дурахшонро бо чашмони худ бубинанд. Дар ИМА ҳамчунин додани ваъдаи солинавӣ – орзу парваридану дар соли нав ба он муваффақ шудан анъана шудааст. Дар шаҳрҳои мухталиф консертҳо, мушакпаронӣ ва шабнишиниҳо баргузор мешаванд.
Ҳар кадоме аз ин кишварҳо барои таҷлили Соли нав нуқтаи назари нотакрори миллии худро пешниҳод мекунанд, ғановати анъанаҳои фарҳангӣ ва орзуву ҳаваси умумии мардумонашонро ба навшавӣ дар соли фарорасанда намоиш медиҳанд.
Ораш Акабоев,
донишҷуйи соли чоруми Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон.