Ӯзбекистон дар 11 моҳ 23,8 ҳазор тонна афлесун воридот кард

Ӯзбекистон дар моҳҳои январ-ноябри соли равон аз 11 мамлакати хориҷӣ 23,8 ҳазор тонна афлесун (апелсин) ворид кардааст.

Бино ба маълумоти Кумитаи миллии омор Ӯзбекистон дар моҳҳои январ-ноябри соли равон аз 11 мамлакати хориҷӣ 23,8 ҳазор тонна афлесун (апелсин) ба маблағи 12 миллион доллари амрикоӣ ворид кардааст.

Ҳаҷми воридот нисбат ба даври мутаносиби соли гузашта 7,8 фоиз афзудааст.

Дар 11 моҳ Ӯзбекистон асосан аз ин давлатҳо афлесун ворид намудааст:

Эрон – 12,2 ҳазор тонна

АМА – 3,6 ҳазор тонна

Миср – 2,9 ҳазор тонна

Чин – 2,3 ҳазор тонна

Давлатҳои дигар – 813,6 тонна

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: