ИСЛОҲОТИ СОҲАИ ТАЪЛИМ – ПОЯИ РУШДИ МАМЛАКАТ

Инсон дар ҳамаи давру замон ба таълиму тарбия эҳтиёҷ дошт ва дорад. Гузаштагони мо насли ҷавонро дар рӯҳи одаму одамгарӣ, меҳнатдӯстӣ, ватанпарварӣ, далерию чолокӣ, илму донишомӯзӣ ва дигар фазилатҳои инсонӣ тарбия кардаанд.

Вақте асарҳои файласуфу педагогҳои машҳури дунё ва шеърҳои панду ахлоқии шоирони классики форс-тоҷикро мутолиа менамоем, ба то куҷо ба таълиму тарбияи насли ҷавон, умуман инсон, эътибор додани онҳо боварӣ ҳосил мекунем. Аз ҷумла, Абулқосим Фирдавсӣ бо байти зеринаш ҷавононро ба донишомӯзӣ, ки омили тавоноии инсон мебошад, даъват намудааст, ки моҳияти тарбиявӣ дорад:
Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,
Зи дониш дили пир барно бувад.
Гузаштагони донишманду бафарҳанги мо дар тарбияи насли ҷавон нақши мураббӣ ва омӯзгорро басе муҳим шуморидаанд. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар бораи нақши омӯзгор дар зиндагӣ фармудааст:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Сайидои Насафӣ доир ба нақши мураббӣ дар тарбияи насли ҷавон гуфтааст:
Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,
Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.
Дар тӯли солҳои Истиқлол роҳбарони кишвари  мо, хусусан, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба сифати таълиму тарбия эътибори ҷиддӣ доданд. Зеро таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки онҳо ба таълиму тарбияи насли  ҷавон аҳамияти аввалиндараҷа додаанд.
Дар тӯли 5-6 соли охир аз ҷониби Президенти кишварамон дар соҳаи таълиму тарбия қарору фармонҳои созанда қабул гардиданд, ки агар амалӣ гарданд, бешак, таълиму тарбия натиҷаи дилхоҳ медиҳад.
Мо мебинем, ки ислоҳот дар соҳаи таълим пайгирона амалӣ мегарданд. Дар шаҳру деҳот барои муассисаҳои таълими томактабию мактабӣ биноҳои нави замонавӣ қомат рост мекунанд, бо таҷҳизоти таълимӣ таъмин мегарданд, ки ин маънои шароити мусоид фароҳам овардан ба тарбия ва таълими насли ҷавонро дорад.
Дар Қонун “Дар бораи таълим”, ки соли 2020 қабул гардида буд, сохтор, шакл ва принсипҳои асосии давлатамон дар соҳаи таълим муайян карда шудаанд.
Дар давоми солҳои 2017-2023 доир ба ислоҳсозии сохтори таълими томактабӣ ва мактабӣ беш аз 150 ҳуҷҷати меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардид. Хусусан, доир гардидани фармони Президент дар бораи “Консепсияи рушди сохтори таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон то соли 2030” яке аз ҳуҷҷатҳои саривақтӣ буд. 
Дар ин фосила шумораи муассисаҳои таълимӣ хеле афзоиш кард. Дар соли 2017 агар дар кишвар 5211 муассисаи таълими томактабӣ вуҷуд дошта бошад, дар натиҷаи ворид гардидани сектори ғайридавлатӣ ба соҳа, ҳамчунин, ҷорӣ гардидани сохтори шарикии давлатию хусусӣ дар соли 2023 шумораи онҳо 6,5 баробар зиёд шуд. Дар сартосари кишвар фарогирии бачаҳо ба муассисаҳои таълими томактабӣ 74 фоизро ташкил дод.
Соли гузашта дар муассисаҳои таълими томактабӣ саҳми кадрҳои маълумоти олидор ба 34,6 фоиз расид. Ҳоло бачаҳо як сол пеш аз ба остонаи мактаб қадам ниҳодан ба мактаб бепул тайёр карда мешаванд. Бино ба натиҷагириҳои охири  соли 2023 теъдоди мактабҳои таълими ҳамагонӣ ба 10 163 адад расидааст, ки дар ин ҳисоб синфу мактабҳои тоҷикӣ ҳам дохил мешаванд. Дар натиҷаи содакунии тартиби литсензиядиҳӣ шумораи муассисаҳои таълими ҳамагонии ғайридавлатӣ  449 ададро ташкил дод.  Ҷавонон дар 5 олимпиадаи бонуфузи байналхалқӣ ва дигар олимпиадаҳо иштирок намуда, соҳиби 52 медал гардиданд.
Яке аз омилҳои пешрафти соҳаи таълим аз худ кардани таҷрибаи пешқадами хориҷӣ мебошад. Роҳбари давлатамон ба мақсади баланд бардоштани сифати таълим ба ин раванд ҳам эътибори ҷиддӣ дод. Ҳоло беш аз 500 мутахассиси хориҷӣ дар мактабҳои мо таълим медиҳанд. Ҷалби хориҷиён ба соҳаи таълим, дар баробари баланд бардоштани сифати таълим, омода кардани кадрҳои болаёқат, ба таҳкими робитаҳои байналхалқӣ мусоидат менамояд.
Ба мақсади муайян намудани самтҳои устувори ислоҳозии сохтори таълими олии мамлакат, аз ҷиҳати сифат ба зинаи нав бардоштани ҷараёни омодакунии кадрҳои баландамалакае, ки дорои донишу маънавияти волоянду  мустақиландешанд, модернизатсияи таълими олӣ, дар ҳоли такя ба технологияҳои пешқадами таълим, ривоҷ додани соҳаҳои иҷтимоӣ ва шабакаҳои иқтисодиёт консепсияи рушди сохтори таълими олии Ӯзбекистон то соли 2030 тасдиқ карда шуд.
Дар соли хониши 2023-2024 дар кишварамон 219 муассисаи таълими олӣ фаъолият дошт. Аз ин миқдор агар 31-тоаш ташкилотҳои таълими олии хориҷӣ бошанд, 93-тоашон муассисаҳои таълими олии ғайридавлатианд.
Рушди ҳар як мамлакат, аз ҷумла кишвари мо, ба ҷавонони зуккову донишманд вобаста аст. Ин аст, ки тайёр кардани кадрҳои донишманд ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта шудааст.
Аз ҷумлаи шароитҳое, ки барои ҷавонон баҳри ба даст овардани дониш ва малакаҳои муосир фароҳам оварда шудаанд, метавон инҳоро ҷудо кард:
Якум, ҷуброни кафолат ва пардохтҳои фоизӣ барои хариди компутер тавассути қарзҳои истеъмолӣ барои ҷавононе, ки курсҳои омӯзиширо дар доираи лоиҳаи «Як миллион барномасоз» бомуваффақият хатм кардаанд, инчунин барои ҷавононе, ки донишҷӯ ё хатмкунандагони резидентҳои IT-парк мебошанд.
Дуюм, омодасозии ҳатмии кӯдакон барои як соли омодагии ройгони мактабӣ пеш аз оғози таҳсил.
Сеюм, имконияти таҳсил ва мубодилаи таҷриба дар соҳаи идоракунии муосир тавассути клуби «Пешвоёни оянда».
Чорум, имконияти таҳсил дар курсҳои омӯзишии технологияҳои иттилоотии ташкилотҳое, ки резидентҳои лоиҳаи «Як миллион барномасоз» ва IT-парк мебошанд.
Панҷум, фароҳам овардани шароит барои ҷавонон барои ба даст овардани касбҳои муосир ва роҳнамоии онҳо ба касб.
Ба ин мақсад дар ҳамаи минтақаҳо мактабҳои Президент ва ихтисосонидашуда ташкил дода шудаанд, ки ба муайян кардани иқтидори ҷавонон ва ба самти дуруст равона кардани онҳо сарукор доранд. Ин мактабҳо ҷавононро хеле рағбатнок намуданд, дар онҳо хоҳиши дар чунин мактабҳо таҳсил гирифтан зиёд шуд.
Роҳбари давлатамон ҷавонони донишмандро, барҳақ, “фонди тиллоӣ”-и мамлакат номидааст. Имсол авлоди нави чунин ҷавонон мактабҳоро хатм менамоянд. Ҳоло ба мақсади фароҳам овардани таҳсил барои чунин ҷавонон бо ташаббуси Президент Донишгоҳи давлатии “Ӯзбекистони Нав” ташкил дода шудааст, ки табъи дили ҷавонон мебошад.
Мактабҳо танҳо маскани таълим нестанд, бояд дар онҳо инсони комил низ тарбия ёбад. Аз ин рӯ, корҳои маънавию тарбиявӣ қисми ҷудонопазири таълим мебошад.
Барои пур кардани ин холигоҳ ташаббуси муҳим ба миён гузошта шуд. Он консепсияи ғояи ягонаи миллиест, ки аз кӯдакистон то муассисаҳои таълими олиро фаро мегирад.
Бале, ислоҳот дар муассисаҳои таълими томактабӣ, мактабӣ ва олӣ пайгирона ба амал татбиқ мешаванд, ҳадафи ниҳоӣ аз ин ислоҳот баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи инсони комил мебошад. Умед аст, кн ислоҳоти созанда дар кӯдакистон, мактабҳои таълими ҳамагонӣ ва гурӯҳҳои тоҷикии муассисаҳои таълими олӣ натиҷаи матлуб мебахшанд.
– Аз соли 2014 то соли 2022 дар мактаби миёнаи рақами 43-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ таҳсил гирифтам, – гуфт донишҷӯйи курси аввали факултети идоракунии саноати Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистони Нав Амирхони Тоҷиддин. – Баъд аз супоридани имтиҳон, соли 2022 ба Мактаби Президент, воқеъ дар шаҳри Навоӣ, қабул шудам.
Дар он ҷо се соли омӯзиши фанҳои махсус ба донишу ҷаҳонбинии ман афзуд. Забони англисӣ омӯхтам, дар соҳаи математика ба худ каме эътимод ҳосил шуд, шаҳодатномаҳои вобаста ба ин самтҳоро гирифтам ва аз ҳама муҳимаш, дӯстони зиёде пайдо намудам. Дар он мактаб имкониятҳои хуб фароҳам оварда шуда буд, ба мо беҳтарин ва таҷрибаноктарин омӯзгорони кишвар таълим медоданд. Муҳити омӯзиш, ҷустуҷӯйи дониш ва шавқи доимӣ ба омӯхтани чизҳои нав дар ин мактаб хеле баланд буд. Ба ҷуз ин, ғизо ва хобгоҳ барои ҳамаи хонандагон ройгон буд, ки аз ҷиҳати молиявӣ онҳоро дастгирӣ мекард ва имкон медод танҳо ба таҳсили худ диққати бештар диҳанд.
Соли 2025 таҳсили мактаби миёнаи ман ба анҷом расид ва хеле хушҳол будам, зеро аллакай бо бурсияи пурраи чорсола ба яке аз беҳтарин ва бонуфузтарин донишгоҳҳои Ӯзбекистон – Донишгоҳи Ӯзбекистони Нав қабул шуда будам.

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори “Овози тоҷик”.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: