Ватан сар мешавад аз гаҳвора...

Равшан аст, ки ҳама гуна тарбия, аз ҷумла тарбияи ватандӯстӣ низ аз хурдӣ шурӯъ меёбад. Мо бояд насли наврасро аз хурдӣ дар рӯҳи муҳаббат ба Ватану миллат, таъриху фарҳанг таълим ва тарбия бинамоем.

Ватан сар мешавад аз гаҳвора,

Зи шири поку аз пистони модар,

Ватан сар мешавад аз он тавора,

Ки онро сохта дастони модар.

Ватан беҳбудию беҳрӯзии мост,

Ватан хушномию фирӯзии мост.

                                      (Лоиқ)

Равшан аст, ки ҳама гуна тарбия, аз ҷумла тарбияи ватандӯстӣ низ аз хурдӣ шурӯъ меёбад. Мо бояд насли наврасро аз хурдӣ дар рӯҳи муҳаббат ба Ватану миллат, таъриху фарҳанг таълим ва тарбия бинамоем.

Ба андешаи мо тарбияро аз кӯдакистонҳо бояд оғоз намоем. Нахустин вожаҳое, ки бояд атфол дар кӯдакистон аз мураббиён биёмӯзанд: Ватан, Ӯзбекистон, Падар, Модар, Миллат, Сино, Рӯдакӣ, Навоӣ, «Авесто»... бошад. Дурусттараш, ин корро бояд аз гаҳвора, ки ватани аввалини инсон аст, сар кард. Дигар ин ки кӯдакистонҳо бояд тоҷикӣ бошанд ва тарбия низ тоҷикиву урфӣ. Зарурати таълиму тарбияро ба забони модарӣ дар кӯдакистонҳо борҳо таъкид карда бошанд ҳам, мутаассифона, то ҳол кӯдакистонҳои соф тоҷикӣ, ки аз рӯи барномаву дастуроти муайяни тоҷикӣ ва тарбияи суннатӣ амал намоянд, дар ҷумҳурӣ кам вомехӯранд. Албатта, ҳамаи ин ба ояндаи кӯдакони мо таъсири манфӣ мерасонад ва онҳоро бегонагарою худношинос месозад, ки мо самараи инро солҳои тӯлонӣ дидему чашидем. Дар боби носудманд будани таълим ва тарбия ба забони ғайримодарӣ мисолҳо ва гуфтаҳо хеле зиёданд. Мо ин ҷо як гуфтаи Устод Айниро иқтибос мекунем:

«Ононе, ки аз усули тарбия ва таълим қадре хабар доранд, медонанд, ки хонондани тифл ба забоне, ки аз модараш нашунидааст, на ин ки ғайринофеъ, балки харобкунандаи истеъдод ва истиқболи он тифл аст. Ба фикри камина, забони мактаб бояд он забон бошад, ки тифл бо модараш ҳарф мезанад».

Шоири фарзонаи Тӯс Абулқосим Фирдавсӣ хонандаву тарбиятгарро ба мардонагиву далериву ҷонфидоӣ ва дӯст доштани кишвар ҳидоят менамояд:

Нигоҳ кун бад-ин лашкари номдор,

Ҷавонони шоистаи корзор.

Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,

Зану кӯдаки хурду пайванди хеш.

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Яке аз рукнҳои муҳими ватандӯстӣ дӯст доштани забони модарист. Дар боби аҳамият ва судмандии забони модарӣ ва дӯст доштану донистани он устод Лоҳутӣ дар ёддоштҳояш қиссаи ҷолибе карда:

«Дар яке аз кӯчаҳои Аврупо тоҷирзодаи ирониро дидам, дафтару хома дар даст мерафту мегирист ва ҳайратзада ба атрофи худ менигарист. Сабаб пурсидам, посух дод:

– Ба дабистони урупоӣ меравам ва дар он ҷо кӯдаке иронӣ ҳастам. Имрӯз, ки ҷашни солиёнаи дабистон буд, аз кӯдакони ҳар миллат ба забони хеш гуфторе хонда ва номае суруданд ҷуз ман, ки аз надонистани забони худ шарманда шудам ва сарафканда мондаму ночор калимае чанд ба лисони маҳаллӣ хондам. Акнун ҳамдарсонам ба иллати ин ғафлат ба чашми ҳақорат менигаранд ва бо масхара аз хешам меронанд!

Гуфтам:

– Ҳақ доранд:

Фарзонагон чӣ гуна ба худ ошно кунанд,

Бегонае, ки менашиносад забони хеш.

Дар хонадони ғайр мукаррам чӣ сон фитад,

К-ӯ аҷнабист дар ҳараму хонадони хеш».

Ҳамин тариқ, мо бояд аз хурдӣ хонандагонро ба дӯст доштани забон, Ватан, модар ва мероси аҷдод – эҳтироми ойинҳои миллат, фарҳангу маънавиёти гузаштаи хеш водорем.

Собир Эргашев,

омӯзгори собиқадор аз ноҳияи Фориш.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: