Муроҷиатномаи Президенти Ӯзбекистон: самти ислоҳоти васеъмиқёс

26 декабр Президенти Ӯзбекистон дар Муроҷиатномааш ба Олий Маҷлис ва мардуми кишвар, бо зикри рушди устувори иқтисод дар соли 2025 новобаста аз буҳронҳои ҷаҳонӣ, ғояи муттаҳидкунандаи манфиати Ватан ва нақши калидии маҳаллаҳоро таъкид сохта, пешниҳод кард, ки соли 2026 «Соли рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият» эълон карда шавад.

Маълум аст, ки бори аввал дар таърихи Ӯзбекистон 22 декабри соли 2017 Сарвари давлат ба ҳар ду палатаи Олий Маҷлис бо Паём муроҷиат намуд. Муроҷиатномаи Президент ба Олий Маҷлис миқёс, моҳият ва аҳамияти самтҳои мушаххаси ислоҳотро муайян намуда, ба оғози марҳилаи нав на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми минтақа замина гузошт.

Муроҷиатнома ҳуҷҷати барномавии сиёсӣ-ҳуқуқӣ буда, дидгоҳи Президенти кишварро оид ба самтҳои стратегии рушди давлат дар ояндаи наздик ифода мекунад. Таҳлили паёмҳо нишон медиҳад, ки Президент муносибати ҳукуматро бо мардум бар пояи ошкороӣ ва омодагии ҳукумат барои ошкоро сухан гуфтан дар бораи масъалаҳое, ки мардуми Ӯзбекистонро нигарон мекунанд, ташаккул медиҳад.

Президенти Ӯзбекистон 26 декабри соли 2025 бо Муроҷиатномаи навбатии солонаи худ ба парлумон ва мардуми Ӯзбекистон баромад намуд. Ба Олий Маҷлис ва мардуми сермиллати кишвар бо Муроҷиатнома барои соли оянда рӯ оварда, Президент Шавкат Мирзиёев таъкид кард: «Мо бо шумо соли бисёр душворро паси сар кардем», вале ҳамзамон «дар соли 2025 дар ҳамаи соҳаҳо ба дастовардҳои бузург ноил гардидем».

Далелу рақамҳое, ки Сарвари давлат пешниҳод намуд, дурустии чунин хулосаҳоро тасдиқ мекунанд. Дар соли сипаришуда бори аввал дар таърихи кишвар ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) аз 145 миллиард доллари ИМА гузашт.

Дар шароите, ки дар низоми тиҷорати ҷаҳонӣ «қоидаҳои бозӣ» тағйир меёбанд, Ӯзбекистон ҳаҷми содиротро 23 фоиз зиёд намуда, онро ба 33,4 миллиард доллар мерасонад. Захираҳои тиллову асъор, ки пояи устувори молиявии идомаи ислоҳот ба ҳисоб мераванд, бори аввал аз 60 миллиард доллар бештар шуданд.

Ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷие, ки дар ҳамин сол ба иқтисоди кишвар ҷалб гардиданд, ба 43,1 миллиард доллар расид. Ҳиссаи умумии сармоягузориҳо дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 31,9 фоизро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо барои рушди устувори босуръати иқтисоди кишвар дар солҳои минбаъда заминаи мустаҳкам хоҳанд шуд.

— Соли 2026 дар рушди идоракунии давлатӣ, низоми суду ҳуқуқ, соҳаҳои иқтисод, маориф, илм, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва экология — яъне ҳамаи соҳаҳо бидуни истисно соли гардишӣ хоҳад гардид, — таъкид намуд Президенти кишвар.

Сарвари давлат ба самтҳои асосии афзалиятнок барои соли 2026 ҷудогона таваҷҷуҳ зоҳир намуд:

Самти якуми афзалиятнок — идома додани беҳтарсозии инфрасохтори маҳаллаҳо ва ва ба онҳо додани симои муосири Ӯзбекистони Нав мебошад.

Ин самт ба такмили инфрасохтори маҳаллаҳо, ободонии маҷмӯӣ, урбанизатсия ва дастгирии соҳибкорӣ вобаста аст. Меъёрҳои асосии андозҳо нигоҳ дошта мешаванд ва барои рушди соҳибкории хурду миёна, аз ҷумла барои дастгирии занон ва ҷавонон захираҳои назаррас равона мегарданд.

Самти дуюми афзалиятнок — гузариши иқтисод ба модели рушди технологӣ ва инноватсионӣ мебошад. Дар соли 2026 ба кор даровардани садҳо лоиҳаи саноатӣ ва инфрасохторӣ, таъсиси марказҳои маълумотҳо, суперкомпютерҳо ва лабораторияҳои зеҳни сунъӣ пешбинӣ шудааст. Президент инчунин аз оғози корҳои вобаста ба партоби моҳвораи сунъӣ ва омодасозии нахустин кайҳоннаварди ӯзбек хабар дод.

Самти сеюм ба ҳавасмандгардонии талаботи дохилӣ марбут аст. Барои ипотека, рушди соҳаи хидматрасонӣ, маориф ва сайёҳӣ, инчунин густариши алоқаи ҳавоӣ ва роҳи оҳан маблағҳои калон равона карда мешаванд.

Самти чоруми афзалиятнок ба ташаккули меъмории нави бозори меҳнат ва рушди таҳсилоти касбӣ бахшида шудааст. Навсозии техникумҳо, ҷорӣ намудани барномаҳои байналмилалии таълимӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯи талаботи муосир дар назар аст.

Самти панҷум ба масъалаҳои экология, рушди энергетикаи сабз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об бахшида шудааст. Дар соли 2026 барои ин ҳадафҳо маблағҳои назарраси буҷетӣ ҷудо гардида, оид ба коҳиши партовҳо, рушди нақлиёти экологӣ ва сабзкории минтақаҳо чораҳо амалӣ карда мешаванд.

Самти шашум ба идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ ва низоми суду ҳуқуқ вобаста аст. Навсозии пурраи ҳукумати электронӣ, густариши хидматрасониҳои рақамии давлатӣ ва таҳкими нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ пешбинӣ шудааст. Мубориза бо ҷинояткории марбут ба маводи мухаддир ба ҳаракати умумихалқӣ табдил дода шуда, муборизаи оштинопазир бо фасод дар соли 2026 корҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мегардад.

Ба гуфтаи Сарвари давлат ба муносибати «Соли рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият эълон шудани соли 2026» пеш аз ҳама зарур аст, ки кадрҳои насли нав тарбия карда шаванд, ки ташаббускори ислоҳот бошанд, дорои диди стратегӣ, дониши амиқ ва сатҳи баланди тахассус бошанд. «Илм ва маърифат барои баланд бардоштани иқтидори зеҳнӣ ва маънавии на танҳо ҷавонон, балки тамоми ҷомеаи мо аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Дар ҷое ки илм рушд намеёбад, ақибмондагӣ ва таназзули ҷомеа дар ҳамаи соҳаҳо ба назар мерасад. Мутуфаккирони бузурги Шарқ гуфтаанд: «Бузургтарин сарват — ақлу илм, бузургтарин мерос — тарбияи нек, бузургтарин камбизоатӣ — надоштани дониш аст». Кӯшиши аз худ кардани донишҳои муосир, бофарҳанг ва соҳибмаърифат будан бояд барои ҳамаи мо ба ниёзи ҳаётӣ табдил ёбад», — таъкид намуд Президент.

Роҳбари Ӯзбекистон ҳамчунин қайд кард, ки «дар асоси таҷрибаи пешқадами хориҷӣ стандартҳои таҳсилоти олӣ такмил дода шуда, самтҳо ва сохтори фанҳои омӯзишшаванда бозбинӣ мегарданд ва шумораи фанҳое, ки ба ихтисоси интихобшуда иртибот надоранд, ду баробар кам карда мешавад».

— Дар назди мо вазифа меистад, ки авлавиятҳои мушаххасро дар соҳаи илм муайян кунем. Ҳеч як давлат наметавонад ҳамзамон ҳамаи соҳаҳои илмро рушд диҳад. Аз ин рӯ, ҳар сол ба рушди чанд самти муҳими илмӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад. Дар соли ҷорӣ барои рушди васеи таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаҳои математика, кимиё ва биология, геология чораҳо андешида шуда, барои олимон тамоми шароит фароҳам оварда мешавад. Зарур аст платформаи электронии дастовардҳои илмӣ ва пойгоҳи таҳқиқоти ватанӣ ва хориҷӣ таъсис дода шавад.

Дар Муроҷиатномаи Президент таъкид мегардад, ки ҳар як муассисаи таҳсилоти олӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ бояд ҳамкориро бо донишгоҳҳо ва марказҳои илмии пешрафтаи хориҷӣ ба роҳ монад.

Дар анҷоми муроҷиат Президент зарурати бознигарии Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030»-ро бо дарназардошти воқеиятҳои нав ва афкори ҷомеа таъкид намуда, изҳор дошт, ки кишвар ба марҳилаи ҳалкунандаи рушд ворид мегардад ва бо нигоҳ доштани ваҳдату ҳамбастагӣ, мардуми Ӯзбекистон метавонад ба ҳадафҳои баланд ноил гарданд.

Омонулло Муҳамадҷонов,

профессори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: