Дар рӯзҳои ид ба Самарқанд чанд нафар сайёҳ омад?

Дар рӯзҳои истироҳатӣ, ки ба муносибати иди Соли нав эълон гардид, ба Самарқанд 145 ҳазор нафар сайёҳи маҳаллӣ ва қариб 50 ҳазор нафар сайёҳи хориҷӣ ташриф оварданд.

Бино ба маълумоти Садорати сайёҳии вилояти Самарқанд, дар рӯзҳои ид бо мақсади фаъол гардондани саёҳати аҳолӣ ба маконҳои ҷолиб, дар соҳаи сайёҳӣ то 30 фоиз тахфифҳо ҷорӣ шуданд.

Аз ҷумла, аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ, меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои хӯрокворӣ, объектҳои мероси фарҳангӣ ва туроператорон пешниҳодҳои имтиёзнок тақдим гардиданд. Ҳамчунин, ҳаракати қатораҳои иловагӣ ба роҳ монда шуд.

Дар натиҷа, дар маҷмӯъ 195 ҳазор нафар сайёҳи маҳаллӣ ва хориҷӣ ба Самарқанд сафар карданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: