Корҳои таҷдиду тармим дар дидбонгоҳи сарҳадӣ

«Маркази савдои байналмилалии Тирмиз», ки дар вилояти Сурхондарё фаъолият мекунад, дар савдо бо Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ба ҳайси маркази муҳими логистикӣ ташаккул ёфта истодааст.

Дар шароите, ки бо ташаббуси Президенти кишварамон робитаҳои ҳамкории хориҷӣ дар самтҳои савдо, иқтисод ва сармоягузорӣ рушд меёбанд, баланд бардоштани имкониятҳои дидбонгоҳҳои сарҳадӣ яке аз вазифаҳои афзалиятнок мебошад.

Хусусан «Маркази савдои байналмилалии Тирмиз», ки дар вилояти Сурхондарё фаъолият мекунад, дар савдо бо Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ба ҳайси маркази муҳими логистикӣ ташаккул ёфта истодааст.

Тибқи маълумотҳои оморӣ, дар давоми 11 моҳи соли гузашта тавассути дидбонгоҳи «Айритом» 101 миллион нафар шаҳрвандони кишварҳо убур кардаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2022 330 фоиз зиёд мебошад. Ҷараёни ҳаракати нақлиёт бошад, ба 247,4 ҳазор расида, нисбат ба соли 2024 56 фоиз зиёд шудааст.

Бо дарназардошти афзоиши ҳаҷми бору мусофир, таъмини суръат ва амнияти ҳаракат, зарурати ба марҳилаи нав баровардани инфрасохтори дидбонгоҳҳо ба миён омад. Бо ҳамин мақсад, чанде қабл дар дидбонгоҳи сарҳадии «Айритом» лоиҳаи бозсозӣ расман оғоз ёфт.

Дар чорабинӣ ҳокими вилояти Сурхондарё Улуғбек Қосимов иштирок намуда, бо корҳои таҷдиду тармим ва лоиҳаҳои омодашуда оид ба сохтмони дидбонгоҳи «Боботоғ» шинос шуд. Маълумоти масъулони мақомоти гумрук шунида шуда, иҷрои лоиҳаҳо бо истифодаи технологияҳои муосир, сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайян ба масъулон супурда шуд.

Сурайё Норманӣ.

Вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: