Баъд аз Соли нав, шумо ҳатто ба арақ нигоҳ карда наметавонед. Вале арақ барои тамошо кардан нест.
Иди Соли нав ин оғози таомхӯрии шомест, ки бо наҳорӣ ба анҷом мерасад...
***
Соли нав! Соли нав!! Соли нав!!! – ҷигари мо аз нӯшидани шароби бисёр бонг мезанад.
***
Пурсиши телефонӣ, ки субҳи 1-уми январ гузаронида шуд, натиҷаҳои зеринро дод: 2 дарсади пурсидашудагон ҷавоби «бале», 3 фоиз ҷавоби «ало» доданд. 95 дарсади боқимонда ба ҷавоб гардонидан мушкилӣ кашиданд.
***
Ҷашни Соли нав дар хонаводаи ҳамсоя шавқовар ва пурҷӯшу хурӯш гузашт. Инро ҳам ходимони милитсия ва ҳам хадамоти оташнишонӣ тасдиқ карданд.
***
Ман рӯйхати тӯҳфаҳои солинавиро тартиб додам ва ба қароре омадам, ки бо ҳама ҷанҷол кардан хеле арзонтар меафтад.
***
Ҳангоми ба зиёфати корпоративии Соли нав рафтан, дар хотир доред, ки шумо минбаъд ҳам бояд бо ин одамон кор кунед.
***
Хориҷиён то ҳол фаҳмида наметавонанд: президенти Русия дар бораи Соли нав чӣ мегӯяд, ки мардуми ин кишварро водор месозад, ки 10 рӯз нӯшанд.
***
Соли нав! Дар ҳама ҷо аксияҳо ва арзоншавии нархҳо эълон мешаванд. Ва танҳо дар таксӣ ҳама чиз одилона ва аз рӯйи виҷдон аст – то ба манзиле, ки қаблан 20 ҳазор сӯм буд, ҳоло 40 ҳазор сӯм аст.
***
Баъд аз Соли нав, шумо ҳатто ба арақ нигоҳ карда наметавонед. Вале арақ барои тамошо кардан нест.
***
Шавҳар аз занаш мепурсад:
– Соро, барои Соли нав ба шумо чӣ туҳфа кунам: пӯстини нав ё саёҳат ба Париж?
– Саёҳат ба Париж. Мегӯянд, ки пӯстин дар он ҷо арзонтар аст...
Таҳия ва тарҷимаи Бахтиёри ҶУМЪА.