Бо журналист, муаллифи чандин филмҳои мустанад Шариф Ҳамдампур ҳангоми сафараш дар Самарқанд суҳбат оростем.
– Муҳтарам Шариф Ҳамдампур, нахуст худро ба хонандагони рӯзномаи «Овози тоҷик» муаррифӣ мекардед...
– Агар аз равзанаи имрӯз ба дирӯз назар андозам, роҳи тайкардаи камина одиву маъмулист, яъне: мактаб, донишгоҳ, аввалин қадамҳо дар ҷодаи рӯзноманигорӣ...
Интихоби огоҳонаи касб маро ба факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, ба мактабе овард, ки дар он на танҳо касб, балки боз дарси масъулият низ омӯзонида мешавад. Таҷрибаомӯзӣ ва давраи аввали фаъолияти рӯзноманигориро дар «Комсомольская правда» – нашрияе оғоз кардам, ки он солҳо на танҳо машҳур буд, балки дар ташаккули афкори ҷомеа нақши бориз дошт.
Як лаҳзаи бароям, бидуни муболиға муҳим – соли 1983 иштирок дар озмуни байналмилалии «Комсомольская правда» буд, ки дар он очерки ман бо номи «Аз пайи лоҷвард» ғолиб дониста шуд. Воқеан, вақте нигоштаи қалами ту, сухани туро эътироф мекунанд, масарратбахш аст.
Пас рӯзноманигориро дар Душанбе идома додам. Ибтидо муҳаррири илмии маҷаллаи «Коммунист Таджикистана», сипас шореҳи ҳафтаномаи «Омӯзгор» будам. Соли 1990 маро ба вазифаи муҳаррири масъули рӯзномаи навтаъсиси парлумон «Садои мардум» пешбарӣ карданд.
– Шумо бо кадом ҳадаф ба Самарқанд ташриф овардед?
– Самарқандро барои худ шаҳри бегона намешуморам. Ман зодаи Панҷакент ҳастам, ки аз Самарқанд ҳамагӣ панҷоҳ километр фосила дорад. Дар замони Шӯравӣ ин масофа тақрибан эҳсос намешуд, дар байни Самарқанду Панҷакент автобус ҳаракат мекард, миёни Панҷакенту Душанбе ҳар рӯз чандин парвози ҳавопаймо анҷом меёфт. Самарқандиҳо субҳ ба Душанбе парвоз карда, рӯзро дар Дараи Варзоб мегузаронданд ва шомгоҳ боз ба хонаи худ бармегаштанд. Яъне фазои ягонаи фарҳангӣ ва инсонӣ вуҷуд дошт.
Ба шарофати талошҳои пайгиронаи роҳбарони муҳтарам – Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев роҳҳо дубора боз шуданд, муносибатҳои анъанавии дӯстонаи кишварҳо барқарор гардиданд.
Аз ин рӯ сафари ман ба сифати меҳмон нест, балки бозгашт ба муҳити ошно ва наздик аст, ки дар он таърих, забон, суннат ва хотира ба таври табиӣ даромехтаанд. Дар ин шаҳр на танҳо нафаси асрҳо, балки пайванди зиндаи дирӯз бо имрӯз эҳсос мешавад.
Албатта ҳузури кунуниам дар Самарқанд сабаби дигар ҳам дорад. Ман рӯйи китобе дар бораи оҳангсози номӣ Толибхон Шаҳидӣ кор мекунам. Мавсуф шахсияти шинохтааст ва танҳо ифтихори халқи тоҷик не, балки тамоми минтақаи Осиёи Миёна мебошад. Хонаи падарии ӯ – оҳангсози бузург, арбоби ҷамъиятӣ ва замоне раиси Иттиҳоди оҳангсозони Тоҷикистон Зиёдуллоҳ Шаҳидиро дидам. Баҳори соли оянда Толибхон Шаҳидӣ 80-сола мешавад, бароям хеле муҳим аст, ки асарро то таҷлили ҷашн нависам.
– Чанд сухан дар бораи журналистика ва мақому мавқеи журналист мегуфтед...
– Журналистика барои ман тасодуфӣ нест. Ин интихоб «аз рӯи тақсимот» ё тариқи расидан ба «манзалат» набуд. Он интихоби ботинӣ буд. Ҳанӯз дар давраи таҳсил фаҳмидам, ки танҳо сабти рӯйдодҳо не, балки таҳлили онҳо ва бо қалам шоҳиди ҳаводиси замин будан муҳим аст. Журналистика барои ман ба муколама бо замон ва мардуми он табдил ёфт.
Ба назарам, рисолати журналист, нависанда ва умуман эҷодкор на дар узвияти ӯ ба ягон иттифоқ ё созмон, шумораи унвону ҷоизаҳояш аст, балки дар қобилияти дарки рӯҳи замон доштани ӯст. Вай бояд вақте сухан гӯяд, ки аксар хомӯшанд, он чизеро гӯяд, ки дигарон аз гуфтани он ҳарос доранд. Баъд аз сари худ матнҳоеро боқӣ гузорад, ки наслҳои оянда бо мутолиаи он чӣ гуна ва барои чӣ чунин зиндагӣ доштани гузаштагони худро дарк кунанд.
– Аз назари Шумо муҳимтарин сифати журналист чист ва журналисти ҳақиқӣ чӣ гуна бояд бошад? Дар интихоби мавзӯъ бештар ба чӣ аҳамият медиҳед?
– Журналисти ҳақиқӣ, пеш аз ҳама, шахсест, ки дар пояи мустаҳками ахлоқӣ қарор дорад. Ӯро аз рӯйи диплом, мансаб ва шаҳодатномаи ягон нашрия намешиносанд. Ӯ ё ҳаст, ё нест. Журналист метавонад хато кунад, шак орад, нуқтаи назарашро тағйир диҳад, аммо ҳақ надорад огоҳона дурӯғ гӯяд ва барои дурӯғ хидмат кунад.
Барои ман журналист шоҳиди замон аст. Ӯ вазифадор аст дар ҷое бошад, ки барояш чандон гуворо нест, душвор ва хатарнок аст. Вазифаи ӯ обуранг додани воқеият ё мутобиқ сохтани он ба интизориҳо нест, балки сабти ҳақиқат аст.
Журналисти ҳақиқӣ аз дунболи воқеа намеравад, воқеаро пешбинӣ мекунад. Имрӯз ӯ барои ҳамасрон менависад, аммо дар асл навиштаҳояш ба оянда равона шудаанд, то ояндагон бошанд, ки мо чӣ гуна зиндагӣ мекардем, дар кадом ҳолат хомӯшӣ мепазируфтем ва бо чӣ қимате комёб ё ноком шудем.
Муҳимтарин сифати журналист масъулият барои сухан аст. Сухан метавонад нигаҳбони сар бошад, ё баръакс. Аз ин рӯ, журналисти ҳақиқӣ набояд сабукандеш бошад.
Ва дар ниҳоят, журналисти ҳақиқӣ набояд одами «қулай» ё мувофиқ бошад. Ҳамин ки ӯ барои ҳама «қулай» шуд, дигар журналист нест.
Камина бештар дар мавзӯъҳое менависам, ки бароям ҷолибанд. Он пеш аз ҳама сиёсат аст. На ба маънои маҳдуд, балки ҳамчун фазое, ки дар он сарнавишти инсон ҳал мешавад. Ҳаёти мо комилан бо сиёсат алоқаманд аст: қадами ҷониби рост – сиёсат, қадами ҷониби чап – боз сиёсат. Он дар маориф, фарҳанг, забон, нархи нон ва тақдири инсон ҳузур дорад. Ҳатто кӯшиши канорагирӣ аз сиёсат ҳам, худ як интихоби сиёсист.
Дар баробари ин барои ман худи қудрат муҳим нест, балки инсоне муҳим аст, ки дар сари қудрат аст: ангеза, талош, ҷонфидоӣ, тарс, хаёл, масъулият ва танҳоии ӯ. Ба ростӣ намедонам чаро жанри мусоҳиба ба дилам наздик аст, вале бештар мусоҳиба менависам. Шояд барои он ки ман метавонам на танҳо савол диҳам, балки ҳамсуҳбатамро бишнавам. Мусоҳиба на бозпурсисту намоиш, балки лаҳзаи нодири баёни ростин аст. Билхоса, даме, ки инсон барои чанд дақиқа, бо ту танҳо рӯ ба рӯ мемонад.
Дар тӯли солҳо ман бо панҷ президенти кишварҳои гуногун ва беш аз даҳ вазирони корҳои хориҷӣ мусоҳиба анҷом додаам. Ҳамаи ин суҳбатҳо ба китобҳоям ворид шудаанд, зеро ман онҳоро на хабари рӯз, балки ҳуҷҷати давр мешуморам. Маро дар онҳо на шиор ва протокол, балки сухани зинда, он чиз, ки байни сатрҳо мемонад, ҷалб мекарду мекунад.
Ҷойгоҳи махсусро дар ин миён суҳбатҳо бо Президенти Исроил Шимон Перес ишғол мекунад. Ӯ барои ман, пеш аз ҳама, бо он ки сиёсатмадори файласуф буд, ҷолиб менамуд.
– Шумо, ки роҳи бузурги журналистиро тай кардаед, ба қаламкашони ҷавони саргаҳи ин шоҳроҳ чӣ маслиҳат медиҳед?
– Маслиҳати хеле сода: суханро эҳтиром кунанд, шитоб накунанд. Дар замони мо суръат бисёр вақт маъниро иваз мекунад ва миқдор ҷойи сифатро мегирад. Муҳим нест, ки ба ҳар қимат аввалин бошед, муҳим дақиқ ва ростқавл будан аст.
Дуюм, гӯш кардан, яъне шуниданро омӯзанд. Хабарнигори хуб аз дигар ҳамтоёни худ бо шумораи саволҳо не, балки бо қобилияти шунидани чизе, ки ҳамсуҳбаташ дар байни сатрҳо мегӯяд, фарқ мекунад. Бисёр вақт ҳақиқати муҳим дар сукут зоҳир мешавад. Сеюм, аз нигоштани мавзӯъҳои душвор ва додани саволҳои ноҳинҷор наҳаросанд. Аммо чунин саволҳо бояд бо дарки масъулият ва андешаи паёмадҳояш ба чоп дода шаванд.
Ва ниҳоят, рисолатро бо мансаб иваз накунанд. Мансаб, шуҳрат ва ҳаққи қалам меоянду мераванд, аммо обрӯ мемонад. Агар журналист аз оғоз тавонад тавре кор кунад, ки баъд аз солҳо аз дубора хондани навиштаҳояш шарм накунад, пас ӯ роҳи дурустро интихоб кардааст.
Ман дар роҳи тӯлонии журналистика ба қавле дар «пӯст» ё «ҷилд»-и аз мусаҳҳеҳ то сармуҳаррир будам. Душвортарин кор пайдо кардани мавзӯъҳое мебошад, ки доираи васеи хонандагонро фаро гиранд. Рӯзи кори муҳаррир хеле танг аст: ҳам эҷод, ҳам бори масъулият. Муҳаррир ҳамзамон бояд нависанда, сиёсатмадор ва равоншинос бошад ва, пеш аз ҳама, бояд журналист бимонад.
Журналистӣ касби ман аст. Ёд дорам, рӯзе дар мактабамон озмуни беҳтарин иншо эълон карданд Ҷоиза қалами худкор буд. Имрӯз ночиз менамояд, аммо он вақт ин қалам беҳтарин мукофот маҳсуб меёфт. Ман бо ҳусни хат ва мундариҷаи иншо ғолиб омадам. Он пирӯзӣ чунон илҳом бахшид, ки дигар ҳеҷ гоҳ қаламро аз даст нагузоштам.
Солҳо баъд, вақте ки бо рӯзномаи «Комсомольская правда» ҳамкорӣ мекардам, дар толори нашрия бо журналисти маъруф Василий Песков вохӯрдам. Аз суҳбати кӯтоҳ ин гуфтаи ӯ дар хотирам нақш бастааст: «Агар рӯйи мизи журналист чанг бигирад, донед, ки ӯ дигар журналист нест».
Мусоҳиб Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.