14-январ санаи махсус дар тақвими кишвари мост. Дар ин рӯз Ӯзбекистони азизи мо Рӯзи муҳофизони Ватан – ҷашни онҳоеро, ки посбонони сулҳу осоиш мебошанд, ба ҳифзи замин, халқ ва ҳуввиятҳои худ тайёранд, таҷлил мекунад.
Овонест, ки мо ба онҳое, ки роҳи хидмат ба Ватан, эҳтиром ба халқу кишварро гузидаанд ва бо матонату садоқати тамом хидмат мекунанд, изҳори сипос менамоем.
Таърихи Рӯзи муҳофизони Ватан бо ташаккулёбии Нирӯҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон сахт вобаста мебошад.
14-январи соли 1992 Қонун «Дар бораи мудофиа» қабул гардид, ки ба ташаккулёбии артиши миллӣ, артиши кишвари мустақилу озод ибтидо гузошт. Ин рӯз аз он дам рамзи истиқрори давлатдории Ӯзбекистон, тимсоли иқтидори таъмин карда тавонистани амнияти худ ва ҳифзи сарҳадҳои хеш гардид.
Ҷашн барои ҳар кадом шаҳрванди Ӯзбекистон аҳамияти бузург дорад. Вай муҳимияти сулҳу салоҳ, зарурияти ҳифзу эҳтиёт кардани комёбиҳои бадастомадаро хотиррасон менамояд. Он рӯзест, ки мо қаҳрамониҳои ниёгони хешро, ки дар замонҳои мухталиф сарзамини худро ҳифзу ҳимоя кардаанд, ба хотир меоварем, ба қадри хидмати онҳое мерасем, ки имрӯз сулҳу салоҳи кишвар ва осудагиву осоиши моро ҳифз мекунанд.
Рамзи Рӯзи муҳофизони Ватан симои ҷанговари диловарест, ки нирӯ, ҷасорат ва иродаи қатъиро таҷассум менамояд. Симои мазкур тамоми чорабиниҳои вобаста ба ин ҷашнро дар худ муҷассам намуда, вазифаи олии онҳоеро, ки дар посбонии сулҳу салоҳи мамлакат истодаанд, хотиррасон мекунад.
Парчами давлатии Ӯзбекистон рангҳои кабуд, сафед ва сабзро таҷассум кардааст, ки рамзи осмони соф ва абадият, тимсоли сулҳ ва покизагии орзуву омолҳо, намоди ҳосилнокиву ҷавонист. Рангҳои мазкур ёдрас мешаванд, ки муҳофизони Ватан осмони мусаффо ва шукуфоии сарзамини худро ҳифз мекунанд.
Дар Ӯзбекистони кунунӣ он бобати таъмин сохтани эътидол ва амнияти минтақавӣ мазмуну муҳтавои махсус касб кардааст.
Нирӯҳои Мусаллаҳи мамлакат мунтазам такмил меёбанд, бо техникаи нав муҷаҳҳаз мешаванд, вобаста ба таҳдид ва хурӯҷҳои замона аз тайёрии ҳарбӣ мегузаранд.
Рӯзи муҳофизони Ватан ҷавононро ба хидмат барои кишвари худ руҳбаланд менамояд, ба афзудани сифатҳои масъулиятшиносӣ, тартибу интизом, ватандӯстӣ ва омодагиашон ба фидокорӣ хидмат мекунад. Дар ин рӯз мо ба ҳамаи онҳое, ки ҳаёти моро беш аз пеш осудатар мекунанд, сидқидилона арзи сипос мекунем, тайёр будани худро ба бунёди ояндаи осудаву шукуфони Ӯзбекистони азиз тасдиқ менамоем.
Ораш Акабоев,
донишҷӯйи соли чоруми Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон.