Ба Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бердибек-Ота чорваси»-и ноҳияи Конимех, бо мақсади рушди соҳаи чорводорӣ ва зиёд кардани саршумори гӯсфандҳои зотӣ аз Муғулистон 2229 сар гӯсфанди зотӣ оварда шуд.
Вилояти Навоӣ нафақат бо истеҳсоли маҳсулотӣ саноатӣ шуҳрат дорад, балки бо рушди соҳаи чорвопарварӣ низ маъруф аст. Ба рушди ин соҳа дар вилоят имкониятҳои зиёд мавҷуд мебошанд. Саҳроҳои бепоёни дашти Қизилқум барои парвариши чорво қулай ва мусоид буда, ба соҳибкорони чорвопарвар имкон медиҳад, ки ба рушди соҳа саҳмгузор бошанд.
Чанде пеш, тавассути ҳавопаймои боркаши Boeing 747 аз Муғулистон ба ноҳияи Конимех, бо мақсади рушди соҳаи чорводорӣ ва зиёд кардани саршумори гӯсфандҳои зотӣ, ба Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бердибек-Ота чорваси» 2229 сар гӯсфанди зотӣ оварда шуд.
Ин ташаббус дар доираи иҷрои қарори Президент аз 17-уми июли соли 2025 «Дар бораи чораҳои татбиқи созишномаҳое, ки дар бахшҳои кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ ҳангоми сафари сатҳи баланд ба Муғулистон ба даст омадаанд», амалӣ гардид. Ҳадаф – таъмини иҷрои саривақтӣ ва пурраи вазифаҳои муайяншуда дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ мебошад.
Ҳамзамон, ин кор дар доираи созишномаҳое анҷом дода шуд, ки ҳангоми сафари амалии ҳокими ноҳияи Конимех Руслан Рӯзиев ба Муғулистон оид ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия, аз ҷумла роҳандозии лоиҳаҳо барои зиёд кардани зотҳои сермаҳсули чорвои калон ва гӯсфандҳои зотӣ ба даст омада буданд.
Ба вилоят овардани зотҳои сермаҳсули чорвои калон ва гӯсфандҳои зотӣ идома дорад. Ин ҳама ба манфиати халқ, барои фаровонии зиндагӣ мебошад.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.