«Боғи ҳафтгонаи маҳалла» дар ноҳияи Ҷондор

Бояд таъкид намуд, ки хоҷагии давлатии ҷангали «Ҷондор» беш аз 86 ҳазор гектар майдон дорад. Дар 137 гектар масканҳои ниҳолпарварии мавзеъҳои «Оғар» ва «Рометан»-и хоҷагӣ ниҳолҳои мевадеҳу манзаравӣ рӯёнда, ба хоҷагиҳо расонда мешаванд.

Ҳамин тариқ, дар нуқтаи аҳолинишини Манқуфи мавзеи «Оғар»-и хоҷагӣ баробари рӯёндани гиёҳҳои шифобахшу маҳсулоти кишоварзӣ дар 5 гектар тут парвариш карда мешавад. Ниҳолҳои дусолаю сесола аллакай ба талабгарон фурӯхта шуданд. Мувофиқи лоиҳаи миллии «Макони сабз» ҷараёни дар атрофи каштзорҳои хоҷагиҳои фермериии ноҳия шинондани 2 миллион бех ниҳоли тут идома дорад.

Дар арафаи Соли нав бо ташаббуси ҳокимияти ноҳия ба бунёди «Боғи ҳафтгонаи маҳалла» ибтидо гузошта шуд. Мақсад ободгардонӣ, беҳтарсозии муҳити экологии ноҳия ва сабзу хуррамгардонии муҳити зист аст. Дар ҳудуди 2 гектар бештар аз 2 миллион бех ниҳоли дарахтони мевадор шинонда шуданд. Дар ин кор кормандони ҳокимияти ноҳия, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, ҳафтгонаи маҳалла ва аҳолии ҳудуд иштирок карданд. Боғ, бешубҳа, ба маскани дилкаш ва зебои ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Демун» табдил хоҳад ёфт.

А. Авезов,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: