Имкониятҳо — воситаи ҳавасмандкунии соҳибкорон

Дар ноҳияи Қизилтеппаи вилояти Навоӣ дар корхонаи хориҷии масъулияташ маҳдуди «СВС Navoiy» истеҳсоли дастпӯшакҳои сохтмонӣ бо рӯйпӯши поливинилхлорид ва латекс ба роҳ монда шудааст.

Марҳилаи аввали лоиҳа моҳи июли соли 2023 ба истифода дода шуда, дар семоҳаи сеюми соли 2025 марҳилаи дуюми он ба фаъолият шурӯъ кард.

– Айни ҳол маҳсулоти худро сад дар сад ба содирот мебарорем, – мегӯяд роҳбари корхона, соҳиби нишони сарисинагии «Фаол тадбиркор» Қудратҷон Ҷумабоев. – Агар соли 2024 ба маблағи 7,5 миллион доллар маҳсулот содир карда бошем, пас дар соли 2025 ин нишондиҳанда чанд баробар афзоиш ёфт.Дар доираи лоиҳа марҳилаи латексӣ ранг кардани дастпӯшакҳо низ дар худи ҳамин ҷо анҷом дода мешавад, ки дар натиҷа самаранокӣ ба таври назаррас баланд мегардад. Бо ба кор даромадани лоиҳа бо иқтидори пурра, дар завод ҳар моҳ 25 миллион ҷуфт дастпӯшакҳои сохтмонӣ истеҳсол шуда, ҳар моҳ ба маблағи 3 миллион доллар содирот амалӣ мегардад. Дар корхона барои 1200 нафар ҷойи кор таъмин карда мешавад.

Суратгир: С. Аслонов (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: