Занон дар меҳвари таваҷҷуҳ

Боиси ифтихор аст, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо, бо мақсади дастгирии занон, таъмини баробарии гендерӣ дар ҷомеа ва иштироки фаъоли онҳо аҳамияти хос дода мешавад.

Дар ин замина онҳо дар ислоҳоти доманфарохе ширкати фаъолона доранд, ки дар соҳаҳои гуногун татбиқ мегардад. Хусусан, ислоҳот дар низоми оила ва занон муъҷиби анҷоми корҳои хеле мақсаднок аз ҳамин шумор мебошад.

Президенти муҳтарами мо дар Паёми худ ба Олий Маҷлис ва мардуми сермиллати Ӯзбекистон бори дигар занон ва шаъну шарафи онҳоро ситоиш ва эътироф кард. Вай гуфт:

«Ҳимояи шаъну шарафи занон ва ҳифзи фарзандон аз замонҳои қадим барои мардон масъалаи шараф ва ифтихор буд. Аммо он далел, ки занон ва кӯдакон дар ҷомеаи мо ба шаклҳои гуногуни зӯроварӣ дучор мешаванд, барои мардуми мо, ки таърихи бузург, маънавият ва маърифати баланд доранд ва оиларо муқаддас медонанд, комилан қобили қабул нест!”

Ин ҳарфҳои Сарвари давлат ҳамаи мо, занону духтарони вилоятро хеле рӯҳбаланд намуд, зеро дар меҳвари гуфтаҳои ӯ маҳз мубориза алайҳи зӯроварии хонаводагӣ меравад, ки танҳо масъалаи хоси як ё якчанд оила нест, балки он масъалаи тамоми ҷомеаи кишварамон мебошад. Президент дар идомаи суханронӣ чунин таъкид кард, ки ҳеҷ кас ҳақ надорад, занҳоро дар иҳотаи мушкилоташон танҳо гузорад.

Дар ҷараёни суханронии худ Ш. Мирзиёев аз Шӯрои ҳамоҳангсозии ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбати занон ва кӯдакон даъват кард, ки бо сафарбар кардани ҳамаи мақомоти давлатӣ ва ҷомеа, низоми муассиреро барои бартараф кардани чунин ҳолатҳои манфӣ эҷод кунанд ва парлумону ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин равандҳо фаъолона иштирок намоянд.

Бемуҳобот, дастгирӣ, эътимод ва таваҷҷуҳи бузург барои мо мебошад, барои ҳамин ҳар як узви ҷомеаи занҳо бояд дарк намояд, ки вай мавриди таваҷҷӯҳи хоси Президент қарор дорад. Инчунин бори дигар таъкид мекунам, ки ҳамаи роҳбарони масъули Низоми оила ва занони вилоят ҳар як сухани роҳбари давлатамонро ҳамчун барномаи асосии фаъолияти худ маҳсуб дониста, барои некӯаҳволии оилаҳо, хушбахтӣ ва саломатии занон кӯшишу ғайрат ба харҷ медиҳанд.

Президент тавассути Паёми худ ба Олий Маҷлис ва мардуми кишвар таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозии ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбати занон ва кӯдаконро таъкид кард ва афзуд, ки ин ниҳод системаи муассирро барои бартараф кардани ҳолатҳои манфӣ, мисли зӯроварӣ, фишор ва таҳқир болои занон сафарбар намояд ва ба ин раванд ҳамаи мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи васеъро ҷалб кунад.

Комила Кавлонова,

муовини ҳокими вилояти Фарғона, сардори Садорати оила ва занону духтарон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: