Ҳар яке марҷон шумо...

Дар ҳамин ҷо бамаврид аст, ки аз китоби «Пандҳои Афлотун» иқтибосеро оварем: «Замоне, ки Афлотун дар Юнон мактаб сохт, мардум савол карданд, ки духтаронро ба мактаб бифиристем ё писаронро? Афлотун гуфт: «Агар писаронро ба мактаб бифиристед, аз ҳар хонавода як нафар босавод хоҳанд шуд ва агар духтаронро бифиристед, тамоми юнониҳо босавод мешаванд».

Сайёра аз хурдӣ ба мутолиаи китоб, шунидани афсонаву ривоят ва азёд кардани шеъру суруд шавқи зиёд дошт. Муҳити оила, бахусус, китобхонӣ ва ривояту афсонагӯиҳои модари меҳрубонаш – холаи Зӯҳро ба дили кӯчаки ӯ нисбат ба китоб меҳри беандоза гузошт.

Сайёра Муродова мактаби миёнаи рақами 43-юми ноҳияи Нураторо бо баҳоҳои хубу аъло хатм намуда, ба омӯзишгоҳи педагогии Хуҷанд ҳуҷҷат супурд ва хушбахтона, донишҷӯ гардид. Солҳои 1988 -1991 дар омӯзишгоҳ таҳсил гирифт ва бо ихтисоси мураббии муассисаи томактабӣ ба зодгоҳ – деҳаи Эҷ баргашт. Фаъолияти кориашро дар боғчаи кӯдаконаи «Чашма»-и деҳа оғоз намуд.

Сайёра вақтҳои холии худро бо хондани китоб, рӯзномаву маҷалла ва машқи шеър мегузаронад.

– Барои он, ки шеъре, суруде ё таронае нависӣ, то кӯдак хонаду фаҳмаду дар хотир бигирад, муаллим будан шарт нест. Гап дар сари он ки кӯдакро модар хонанда мекунад, на шоир, нависанда ё адиб. То замоне, ки модар дасту остин барзада, фарзандашро таълим надиҳад, омӯзгор аз ӯҳдаи хонанда кардани шогирд намебарояд. Ин фикр хатост, ки вазифаи мактаб таълим додан асту вазифаи падару модар – тарбият. Дар таълиму тарбияи кӯдакон бештар аз ҳама модар масъул аст. Баъзан мегӯянд, ки дар кишваре, ки сатҳи зиндагии мардум паст аст, бачаҳо соҳиби савод намешаванд. Ба фикри ман ин хатост. Дар ҳар давру замон ва дар ҳар гуна шароит фарзанд метавонад соҳиби одоби хуб ва савод шавад, ки ин ба муҳити оиладорӣ вобаста аст. Бояд ҳар як оила соҳиби маърифат шавад, – мегӯяд Сайёра дар яке аз суҳбатҳо. – Китоби бачагонаро бояд аввал модар мутолиа кунад, чун фаҳмиду писандид, ба фарзандаш тавсия диҳад. Афсӯс, ки ин кори душвор аст, на ҳар модар карда метавонад. Куҷост модари хушҳавсалаи босавод?! Ғами фарзандро хӯрдан танҳо ин нест, ки либоси тоза пӯшонӣ ва таоми лазиз ба наздаш гузорӣ. Ғизои маънавӣ-чӣ? Ин кор танҳо ва аввал аз оила оғоз мешавад.

Сайёра дуруст мегӯяд. Таълиму тарбия аз оила сарчашма мегирад. Муаллим ба тарбия, таълим, рафтору гуфтор ва одобу ахлоқи фарзандону набераҳо эътибори ҷиддӣ медиҳад.

Ба қарибӣ китоби Сайёра Муродова бо номи «Марҷонакҳои ман» дар хонаи табъу нашри «Poytaxt exculisive» таҳти таҳрири шоир А. Субҳон рӯйи чопро дид.

Сайёра кӯдаконро дӯст медорад. Дар шеърҳояш ба онҳо дӯст доштани зодгоҳ, забон, миллат, падар, модар, дӯсту бародар ва гиромидошти арзишҳои миллиро меомӯзонад. Аз ҷумла, дар шеъри «Ду ғизо» чунин мегӯяд:

Очаҷони меҳрубон,

Канд аз танӯр якта нон.

Дар сумкаи мактабӣ,

Биандохтам нисфи он.

Он ғизои моддӣ шуд,

Маънавӣ – дарси забон.

Ду ғизо комилам кард,

Шукри ҳар ду дар ҷаҳон.

Раҳмат ба устодонам,

Раҳмат ба модари ҷон.

Дар шеъри «Марҷонакҳои ман» кӯдаконро ба шаддаи марҷон ташбеҳ додааст:

Марҷонаком ранг ба ранг,

Риштаҳояш сафедранг.

Бисту панҷто марҷонам,

Пайванди дилу ҷонам.

Даҳ писари барноям,

Даҳ духтари тиллоям.

Ҳар яке марҷон шумо,

Дар пайкарам ҷон шумо...

Дар боғчаи бачагонаи «Чашма» ҳарчанд барномаву машғулиятҳо ба забони давлатианд, мураббӣ талош меварзад, ҳар як дарси худро бо забони модарии кӯдакон гузарад.

Албатта, барои кӯдакон чунин китобҳои бачагона заруранд. Ба Сайёра парвозҳои эҷодии беш аз пеш хоҳонем.

Саодат Бекназарова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: