Воқеияти нави Ӯзбекистони Нав: интернети босуръат, босифат ва дастрас

Дар мамлакати мо сатҳи фарогирии мавзеъҳои аҳолинишин бо алоқаи мобилӣ ба 99,5 фоиз расонида шуд. Иншооти иҷтимоӣ 100 фоиз бо хидматрасониҳои интернети баландсуръат таъмин гардиданд. Соли 2025 ба таври иловагӣ 53,5 ҳазор километр хати нахи оптикӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа Ӯзбекистон мавқеи худро дар индекси глобалии «Speedtest Global Index» аз рӯи суръати интернет хеле беҳтар намуд: дар панҷ соли охир суръати интернети мобилӣ аз мақоми 133-юм ба 71-ум, яъне 62 зина боло рафт.

Ин санаду маълумот далелҳои беасос ё танҳо ҳисоботӣ нестанд, балки гувоҳи равшани пешрафт, тағйироти воқеӣ ва самаранокии сиёсати ҷорӣ дар соҳаи рушди инфрасохтори рақамӣ мебошанд.

Дар ҳақиқат, солҳои охир дар мамлакат пойгоҳи ҳуқуқии ин бахш ташаккул ёфта, ҷиҳати таҷдиди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, беҳтар намудани сифати хидматрасониҳои алоқа, намудҳои онҳо, густариш додани фарогирии алоқа ва интернети мобилӣ дар минтақаҳо, бахусус дар мавзеъҳои дурдаст чораҳои мукаммали ташкилию техникӣ андешида шуданд.

Мустаҳкамшавии пойгоҳи ҳуқуқӣ

Дар чанд соли охир бо мақсади рушди босуръати инфрасохтори рақамӣ дар ҷумҳурӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ, инчунин, афзунсозии сатҳи фарогирии масканҳои зисти аҳолӣ бо алоқаи мобилӣ якчанд ҳуҷҷати меъёрӣ имзо гардид.

Дар ин маврид метавон аз Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи чораҳои тасдиқи Стратегияи «Ӯзбекистони рақамӣ – 2030» ва татбиқи босамари он», қарорҳои раисҷумҳур «Дар бораи чораҳои рушди босуръати инфрасохтори телекоммуникатсионӣ дар нуқтаҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Ӯзбекистон», «Дар бораи чораҳои рушди минбаъдаи инфрасохтори телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон», «Дар бораи чораҳои ба марҳилаи нав бардоштани соҳаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар солҳои 2022-2023» ва дигар қонуну фармоишҳо ёдовар шуд. Бояд гуфт, ки танҳо дар соли гузашта дар ин самт чанд санад имзо гардид. Аз ҷумла, 18 сентябри соли 2025 бо мақсади ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузории операторони телекоммуникатсионӣ ва такмил додани тартиби пайвастани онҳо ба шабакаҳои байналмилалии интернет, Қарори Девони Вазирон «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба марҳила ба марҳила либералӣ гардондани бозори телекоммуникатсия ва ташаккули бозори рақобат» тасдиқ гардид.

Дар асоси ин қарор, ба операторони телекоммуникатсионӣ, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ шабакаҳои мобилӣ ва ноқилӣ доранд, ба тариқи санҷиш ҳуқуқ дода шуд, ки то 1 январи соли 2030 барои эҳтиёҷоти тиҷоратии худ ва хидматрасонӣ ба корбарон, ба таври мустақим ба шабакаҳои байналмилалии интернет бидуни мушкил пайваст шаванд.

Илова бар ин, 21 октябри соли гузашта Қарори Президент «Дар бораи чораҳои ҷорӣ намудани технологияҳои алоқаи моҳвораӣ бобати баланд бардоштани фарогирии алоқа дар минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ» имзо шуд, ки аз ҳуҷҷатҳои муҳим дар ин самт мебошад.

Дар асоси қарор аз 1 январи соли 2026 дар доираи лоиҳаҳое, ки ба ташкили шабакаҳои алоқаи моҳвораии мадори миёна ва паст дар ҳудуди Ӯзбекистон марбутанд, як қатор имтиёз дода шудааст. Аз ҷумла,  овардани таҷҳизот, маҳсулоти барномавӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва ҷузъу томҳои воридотӣ аз пардохтҳои гумрукӣ ба муҳлати 5 сол озод карда шудаанд.

Метавон гуфт, ки дар заминаи ин фармону қарорҳо инфрасохтори рақамӣ дар ҷумҳурӣ рушд ёфта, тафовути рақамӣ байни шаҳр ва деҳот дар ҳадде кам шуд ва фарогирии минтақаҳои дурдаст бо хидматрасониҳои алоқа бамаротиб афзуд.

Фарогирӣ бо алоқаи мобилӣ ба 99,5 фоиз расид

Воқеан, бо гузашти замон интернет ба ҳаёт ва фаъолияти рӯзмарраи мо амиқтар ворид гардида, таъсири бештар пайдо мекунад. Дар партави ин, шумораи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ сол ба сол меафзоянд. Ва зиёд шудани теъдоди провайдерҳо, худ аз худ талаботро ба намуду ҳаҷми хидматрасониҳои интернетӣ бештар менамояд. Бинобар ин, ҳоло масъалаи бо интернети ноқилӣ ва мобилӣ пурра фаро гирифтани минтақаҳо аҳамияти хоса пайдо кардааст. Савол пайдо мешавад: дар мамлакати мо дар ин самт чӣ гуна чорабиниҳо амалӣ мешаванд? Сатҳи фарогирии маҳалҳои аҳолинишин бо алоқаи мобилӣ чӣ гуна аст?

– Бо мақсади баланд бардоштани сифати хидматрасониҳои телекоммуникатсионӣ ба аҳолӣ, соли 2025 ба таври иловагӣ 53,5 ҳазор километр хатҳои нахи оптикӣ гузаронида шуд ва дар натиҷа дарозии умумии онҳо ба 346,6 ҳазор километр расид, –  иброз дошт сардори шуъбаи коммуникатсия ва шабакаҳои интиқоли Вазорати технологияҳои рақамӣ Обид Асадов. – Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2020 панҷ баробар бештар аст. Инчунин, барои беҳтар кардани сифати интиқоли интернет теъдоди портҳои насбшуда аз 2,9 миллион (2020), соли гузашта ба 6,3 миллион адад афзуданд. Маҳз дар натиҷаи чунин ислоҳот ва чорабиниҳои судманд, бино ба ҳолати анҷоми сол сатҳи фарогирии масканҳои зисти аҳолӣ бо алоқаи мобилӣ ба 99,5 фоиз расид.

Мавсуф зикр кард, ки соли 2020 дар саросари ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 31 740 истгоҳи пойгоҳӣ амал мекард. Дар натиҷаи корҳои бозсозӣ ва сохтмон ҳоло шумораи чунин истгоҳҳо ба 98 700 адад расиданд. Яъне 3,1 маротиба афзуданд. Илова бар ин, дар 96,2 фоизи роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ва давлатӣ ба алоқаи мобилӣ дастрасӣ пайдо шуд, барои аҳолӣ ва сайёҳон имконияти истифода аз интернет густариш ёфт.

– Боиси эътироф аст, ки тӯли чанд соли охир иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла, муассисаҳои таълими умумӣ, ташкилотҳои таълими томактабӣ, масканҳои тандурустӣ, ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо ва нуқтаҳои такягоҳи милитсия 100 фоиз бо хидматрасониҳои интернети баландсуръат таъмин гардиданд, –  илова кард О.Асадов. – Ҳамзамон, дар байни аҳолӣ хидматрасониҳои нави телекоммуникатсионӣ, чун MNP, VoLTE ва VoWiFi, ба таври васеъ маъмул гардиданд. Иқтидори умумии пайвастшавӣ ба шабакаи байналмилалии Интернет ба 4 400 Гбит/с. расонида шуд, ки ин нисбат ба соли 2020 (1200 Гбит/с.) 3,6 маротиба зиёдтар аст. Дар миқёси ҷумҳурӣ низ иқтидори пайвастшавӣ ба шабакаҳои магистралӣ дар сатҳи байнивилоятӣ то 600 Гбит/с. ва дар сатҳи байниноҳиявӣ то 60 Гбит/с. расонида шуд.

Рейтинги ҷаҳонӣ: суръат, сифат ва арзиш

Воқеан, ҳоло интернети мобилӣ ва хидмати алоқа на танҳо дар мулоқоти шахсӣ, балки дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, таълим, тиҷорат, хидматҳои давлатӣ, савдои «онлайн», корбарии фосилавӣ ва фаъолии иҷтимоӣ низ муҳим аст. Бинобар ин, дар раванди густариши фарогирии аҳолӣ бо алоқаи мобилӣ ва беҳтар кардани дастрасии онҳо ба интернет, сифат ва самарадории кор аҳамият ва афзалият дорад. Аз рақамҳои фавқуззикр аён мегардад, ки тӯли чанд сол дар кишварамон дар ин самт корҳои шоиста амалӣ гардидаанд. Ва боиси эътироф аст, ки ин ислоҳоти судманд ва чорабиниҳои муфид, бахусус, суръат, сифат ва арзиши алоқаи мобилӣ ва интернет на танҳо аз ҷониби ташкилоту муассиса ва мардуми кишвар, балки аз тарафи созмону ширкатҳои байналмилалӣ низ эътироф мегарданд. Аз ҷумла, Ӯзбекистон соли гузашта дар рейтинги трекери танзими технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионии Иттиҳоди байналмилалии алоқа (ITU) бо ба даст овардани 72,5 хол аз зинаи G2 ба G3 гузашт.

Илова бар ин, тибқи маълумоти нашрияи Speedtest.net (Ookla), дар давраи солҳои 2020–2025 Ӯзбекистон дар индекси ҷаҳонии «Speedtest Global Index» низ мақоми худро хеле беҳтар ва мустаҳкам намуд. Аз ҷумла, аз рӯи суръати интернети ноқилӣ 35 зина боло рафт. Яъне, аз мақоми 112 ба 77-ум баромад. Суръати миёнаи боргирӣ 89,89 Мбит/с.-ро ташкил медиҳад, ки ба сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ (98,3 Мбит/с.) хеле наздик аст.

Нишондоди мамлакат аз рӯи суръати интернети мобилӣ низ хеле беҳтар шудааст: дар панҷ сол аз мақоми 133 ба 71-ум баромад.

Вақте сухан дар бораи арзиши интернет  меравад, метавон гуфт, ки Ӯзбекистон яке аз кишварҳои дорои интернети арзонтарин дар Осиёи Марказӣ ва ҳатто ҷаҳон ба шумор меравад. Дар раддабандии арзиши интернети мобилӣ барои соли 2025, ки Global Relocate таҳия кардааст, Ӯзбекистон миёни 236 кишвар ва қаламравҳои вобаста дар ҷойи 22-юм қарор дорад. Мувофиқи иттилои ин шабака арзиши миёнаи 1 ГБ интернет дар кишвари мо 0,3 долларро ташкил медиҳад.

Барои муқоиса метавон гуфт, ки дар Қирғизистон 1 ГБ интернет 0,17 доллар арзиш дорад (ҷои 8-ум дар ҷаҳон), дар Қазоқистон — 0,41 доллар (ҷои 35-ум), дар Тоҷикистон — 1,65 доллар (ҷои 142-юм). Туркманистон дар қатори даҳгонаи давлатҳоест, ки нархи интернет гарон аст – ба ҳисоби миёна 11,42 доллар барои 1 ГБ (ҷойи 230).

Хулоса

Аз ин чанд сол муқаддам мардуми чанд деҳаи кӯҳпояи Нуратои вилояти Навоӣ на ба алоқаи мобилӣ ва на ба интернет дастрасӣ доштанд. Агар зарурате пеш ояд, ноилоҷ болои кӯҳ мебаромаданд ё ба поёни деҳа мефаромаданд: чунки дар баландӣ ва поёни деҳа мавҷи алоқа мавҷуд буд, аммо хеле суст. Бароҳат суҳбат кардан ва аз интернет истифода намудан, хеле мушкил буд. Аммо ҳоло дар ин деҳаҳо ширкатҳои «UZTELECOM» ва «Ucell» зеристгоҳҳои худро насб кардаанд ва мардум аз сатҳу сифати алоқаи мобиливу интернет мамнунанд. Дар дохили хона нишаста, метавонанд бо гӯшаи дилхоҳи ҷаҳон тамос бигиранд ва аз шабакаҳои иҷтимоӣ бидуни мушкилӣ истифода намоянд.

Воқеан, имрӯз дар мамлакат қариб гӯшае нест, ки аз алоқаи мобилӣ ва интернет маҳрум бошад. Он мушкилиҳое, ки чанд сол пеш сокинони деҳаҳои дурдаст бо чашми худ медиданд, имрӯз ба гузашта табдил ёфтаанд. Дастрасӣ ба алоқа ва интернет дигар имтиёз нест, балки ба бахше аз зиндагии ҳаррӯзаи онҳо табдил ёфтааст.

Бояд гуфт, ки ин пешрафт натиҷаи тасодуфӣ нест, балки самари ислоҳоти густурда ва сиёсати ҳадафмандонаест, ки қадри инсонро дар меҳвар қарор додааст. Имрӯз дар Ӯзбекистони Нав ғояи хуби «Барои қадри инсон, барои бахти инсон» на танҳо шиор, балки ба як ҳаракату тамоюли пуриқтидор табдил ёфтааст, ки сатҳи зиндагиро на танҳо дар марказҳои шаҳру ноҳия, балки дар деҳоти дурдасту кӯҳпояҳо ҳам  тағйир медиҳад. Ва маҳз дар ин замина, интернети босуръат, босифат ва дастрас ба воқеияти нави Ӯзбекистони Нав табдил меёбад.

Фаридуни ФАРҲОДЗОД,

мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: