Муроҷиатнома – оинаи сиёсати давлатӣ ва рӯзномаи ислоҳот

9 январи соли равон аз ҷониби Маркази таҳлили ҷараёнҳои демократӣ таҳти ҳамкорӣ бо Кумитаи институтҳои демократӣ ва масъалаҳои рушди ҷамъияти шаҳрванди таҳти мавзӯи «Муроҷиатнома – барномаи стратегии сиёсати давлатӣ ва рӯзномаи ислоҳотро муайянкунанда» суҳбати даврӣ ташкил карда шуд.

Дар чорабинӣ вакилони Сенат, депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ ва Шӯроҳои маҳаллӣ, экспертҳои марказҳои тадқиқотиву таҳлилӣ, созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ, намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва Иттиҳодияи маҳаллаҳои Ӯзбекистон, ходимони ВАО иштирок намуданд.

Суҳбати даврӣ бо мақсади муҳокимаи аҳамияти стратегии Муроҷиатномаи Президент Шавкат Мирзиёев ба Олий Маҷлис ва халқи Ӯзбекистон дар рушди минбаъдаи мамлакатамон, дар ба ҳаёт татбиқ намудани ташаббусҳои он муайян намудани вазифаҳои долузарбе, ки дар назди палатаҳои парлумон, Шӯ-роҳои маҳаллӣ, маҳалла ва Институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ истодаанд, ташкил карда шуд.

Иштирокдорон оиди самтҳои устувори сиёсати давлатие дар Муроҷиатнома муайян гардидаанд, аҳамияти амалии ислоҳот, механизмҳои ба ҳаёт татбиқ намудани онҳо, ҳамчунин аз рӯи дар ин ҷараён иштирок намудани институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ фикру мулоҳизаҳо баён намуданд.

Аз ҷумла, директори Маркази таҳлили ҷараёнҳои демократӣ Азамат Пардаев оиди вазифаҳои устуворе, ки дар Муроҷиатнома марбут ба пурзӯрсозии ҳисобдории фаъолияти пардумон ва депутатҳо сухан ба миён овард ва таъкид намуд ба ҳамдигар вобаста ва мутассилии ислоҳи идоракунии давлатӣ, пурзӯрсозии кушодӣ ва ҳисобдорӣ дар ҷамъият, ташаббусҳое, ки ба васеъсозии иштироки шаҳрвандон дар ҷараёнҳои қабул кардани қарорҳо нигаронида шудаанд, боз ҳам аҳамиятнок мебошанд.

Хусусан, ба соли 2026 ном гузоштани «Соли рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият» ғояи асосии Муроҷиатномаро равшан ифода намуд.

Ислоҳотро танҳо тавассути идоракунии марказӣ не, балки дар маҳалҳо бо иштироки институти маҳалла ва мақомоти намояндагии маҳаллӣ ба амал татбиқ намудан такягоҳи иҷтимоии ислоҳоти демократиро мустаҳкам менамояд, боварӣ байни давлат ва ҷамъиятро таҳким мебахшад.

Раиси кумитаи Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Гулрух Аъзамова, депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Абдулло Аслонов ва дигарон таъкид сохтанд, ки дар солҳои охир оиди фаъолияти Шӯроҳои маҳаллӣ бештар аз 700-то ҳуҷҷати қонунгузорӣ аз нав дида баромада ва зиёда аз 300 ҳуҷҷат мақбул гардонида ва ҷамъ 300 ваколат марбут ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ ба Шӯроҳои маҳаллӣ гузаронида шуд.

Суҳбати даврӣ дар формати мулоқоти кушод сурат гирифт, дар фуроварди он иштирокдорон изҳор намуданд фикру таклифҳое, ки баён шуданд, дар ба амал татбиқ намудани вазифаҳои дар Муроҷиатномаи Президент муайяншуда аҳамият касб хоҳанд намуд.

М. Шодиев,

мухбири «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: